Роҳёб туи

Ба ҳар дили ки туро ёфт роҳёб туӣ,
Ниҳону ҷилваю урёнӣю ниқоб туӣ.
На рангу боду на офоқу на баҳору хазон,
На ончи Ақл кунад радду иҷтиноб туӣ.
Ту бе ниёзию ашё ниёзманди туанд,
Сурурбахшу адамсози изтироб туӣ.
На зодаиву на зодашуда зи ҳеҷ вуҷуд,
Раҳиму тавбапазиранда бе ҳисоб туӣ.
Ту бе назирию якто, ки нест ҳамтоят,
Ба ҳар вуҷуду адам пурсишу ҷавоб туӣ
Ҳазор ҷилва ҳувайдост дар дили фозил,
Ягона дилбару маҳбуби интихоб туӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *