Ниқоби шаб

Сафири субҳ дигарбора ру намуд биё.
Ниқоби шаб зи дили каҳкашон зудуд биё.
Шукуфаҳои баҳори видоъи олам кард,
Хазон гилими зарандудро кушуд биё.
Қарор аз дили мо Рафт чун тароватҳо,
Ту чун баҳори нав Эй мояи рукуд биё.
Чу сабза бе ту нишастам харобу хок ба сар,
Мисоли абри баҳориву обу руд биё.
Силоҳи сулҳ кашу лашкари алам бишкан,
Нишоту шодии моро ғамат рабуд биё.
Вуҷуди ман чу садаф бе ҳузури ту холист,
Чу қатраи гуҳар аз осмон фуруд биё.
Чи ҳоҷатаст раси бар ҷанозаи фозил,
Дар он замон, ки бегуянд Нест буд Биё.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *