Мухаммас бар ғазали Ҳилолӣ.

Аз дарди ту ман доруву дармон напазирам,
Гар мезаниям теғ, зи дасти ту нагирам.
Дарвешам агарчанд ва ё шоҳу амирам,
Хоҳам ки ба зери қадамат зор бимирам.
Ҳарчанд куни зинда дигар бор бемирам.
То чанд ту бераҳм ба ушшоқ ситезӣ,
Дар чашми дил аз мадумаки дида азизӣ,
Аз ман, ки ба оғӯши рақибон бигурезӣ,
Донам, ки чаро хуни маро зуд нарезӣ.
Хоҳики ба ҷон кандани бисёр бимирам.
Бар хоки сари куйи ту биншаста ғуборам,
Карда ғами руйи чаманороӣ ту хорам.
Сад ҷабр кун, аммо тани танҳо магузорам.
Ман тоқати нодидани рӯи ту надорам.
Мапсанд, ки дар ҳасрати дидор бимирам.
Бе ту дили ман роҳату ором надидаст,
Нур аз нигаҳу ранг зи рухсор паридаст.
Умри гузаронро каси аз кас нахаридаст,
Хуршеди ҳаётам ба лаби бом расидаст.
Он беҳ, ки дарин сояи девор бимирам.
Кай дарди маро донаду фаҳманд табибон,
Ҷуз нолаву фарёд чи ояд зи ғарибон.
Нашнида дами шарҳи ғаму дарди ҳабибон,
Гуфти, ки зи рашки ту ҳалоканд рақибон.
Ман низ бар онам, ки аз ин ор бимирам.
Ҷуз ёди туам нест дар ин даҳр хаёли.
Имруз ки дар чашм бувад ҷойи ту холи.
Фозил дил аз меҳри ту парвард ниҳолӣ.
Чун ёр ба сар омада вақт аст Ҳилолӣ.
Вақтаст агар дар қадами ёр бемирам.