Ишқ

Он лаҳза, ки лабҳои ту афтод зи гуфтор,
Он лаҳза, ки олам ҳама шуд ҷилвагаҳи ёр.
Он лаҳза, ки аз пой фигандат ғами бисёр,
Он лаҳза, ки ҷон бахши ба як лаҳзаи дидор.
Он ишқ бувад, ишқ бувад, ишқ бувад ишқ.
Он рӯз, ки аз мурдану куштор натарсӣ,
Он рӯз, ки аз тири шарарбор натарсӣ.
Он рӯз, ки аз ханҷари дилдор натарсӣ,
Он рӯз, ки аз маҳбасу аз дор натарсӣ.
Он ишқ бувад, ишқ бувад, ишқ бувад ишқ.
Он дам, ки хабар аз каму бисёр надорӣ,
Он дам, ки нишон аз гулу аз хор надорӣ.
Он дам, ки каси мунису гамхор надорӣ,
Он дам, ки саробону харидор надорӣ.
Он ишқ бувад, ишқ бувад, ишқ бувад ишқ.