ТОҶИКОН — Муборизаи халқҳои Осиёи миёна бо қӯшунҳои Юнону Макдунӣ.

Қувваҳои ҳарбӣ ва ҳунари ҷангии халқҳои Осиёи Миёна
Халқҳои Осиёи Миёна бо кадомин қувваҳо муқобили Искандари Мақдунӣ муқовимат карданд? Бояд қайд кард, ки камбудии асосии қувваҳои мудофиавии Осиёи Миёна марказият надоштани онҳо буд. Дар даврае, ки мавриди баҳси мо қарор гирифтааст, фақат як қисми Осиёи Миёна ба қаламрави ҳахоманишиҳо дохил шуда ва он ҳам ба дараҷаи лозима устувор набуд; вилоятҳои боқимондаи ин сарзаминро ҳокимони соҳибихтиёр ва пешвоёни қабилаҳо идора мекарданд.
Ҳунари аслиҳасозии Осиёи Миёна дар асри IV пеш аз милод хеле равнақ пайдо карда буд. Аскарони Осиёи Миёна аз аслиҳаҷоти ҳуҷум бештар ханҷар ва шамшерҳои оҳанӣ ва аҳёнан биринҷиро истифода мебурданд, ки дастаи онҳо аксаран бо нақшу нигори зебо оро дода мешуд. Ханҷарро ба паҳлуи рост меовехтанд. Мардуми Осиёи Миёна ханҷарро карта меномиданд. Дар баробари ин, зоҳиран, истилоҳи акинок низ ба кор бурда мешуд. Шамшерҳо хеле калон буда, дарозиашон то 1,2 метр мерасид. Аксар вақт дар муҳориба табарҳои ҷангӣ — сагарис ба кор медаромад. Баъзе намунаҳои ин қабил табарҳои ҷангии яктеға ва дутеға дар ҳафриёти гӯрхонаҳои қадимаи Помир ёфт шудаанд. Геродот (1, 215) ва Страбон (ХI, 86) хабар медиҳанд, ки сеқираҳои массагетҳо мисӣ буданд. Найзаҳои дароз бо пайконҳои биринҷӣ ё оҳанӣ, ки аршти меномиданд, аз аслиҳаҷоти муҳим ба шумор мерафтанд. Беҳуда нест, ки Геродот (I, 215) массагетҳоро «найзадорон» номидааст. Он вақт гурз мавқеи чандон муҳим надошт.
Ба сифати силоҳи дурзан бештар камон истифода мешуд. ҳанӯз дар миёнаҳои ҳазораи I пеш аз милод дар Осиёи Миёна камони мураккабсохти ба истилоҳ навъи скифӣ мустаъмал буд. Ин навъи камон бо дурзанӣ ва нишонрасии худ фарқ мекард. Дар манбаъҳо якчанд хели ин аслиҳа зикр шудааст. Барои тайёр кардани камони бохтарӣ, ҳамчунин камонҳои суғдӣ, портӣ ва хоразмӣ найро ба кор мебурдаанд (Геродот, VII, 54, 66). Дар сарчашмаҳо сакоиҳо ва массагетҳои «камонандоз» ва «камонандозони савора» ёд шудаанд (Геродот, I, 215; Ксенофонт, «Киропедия», V, 3, 24; Арриан, III, 8, 3). Сарбозони Осиёи Миёна дар фалахмонпарронӣ ҳам хеле моҳир будаанд (Арриан, IV, 3, 3; Квинт Курций, VII, 6, 2, 22; Плутарх, «Ҳаёти Искандар», ХV, 3).
Сарбозон худро бо ҷавшан муҳофизат мекарданд. Квинт Куртсий (IV, 9, 3) менависад, ки мардуми саҳронишини Осиёи Миёна «аз варақаи оҳан» барои худ зиреҳ месохтанд. Бар тибқи маълумоти Арриан (III, 13, 4) сарбозони Осиёи Миёна дар вақти ҷанг худро бо зиреҳҳои фулузӣ «тамоман мепӯшониданд». Онҳо бар сар кулоҳхӯд доштанд, ҳамчунин сипарҳои гуногунҳаҷму гуногуншаклро барои муҳофизати худ истифода мекарданд. Ба қавли Геродот (1, 215), аспҳои массагетҳо ба василаи баргустувон муҳофизат карда