Ҳаракати иҷтимоӣ мафҳум ва таснифот.

Ҳаракатҳои иҷтимоӣ хусусияти хоси ҷаҳони муосир мебошанд. Дар ҷомеаи муосир шаклҳои гуногуни ҳаракати иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Аз ин рў, таҳқиқи табиат ва таъсири ҳаракатҳои иҷтимоӣ барои муайян намудани самти инкишофи ҷомеа ва ошкор намудани мушкилоти он ниҳоят муҳим аст.
Ҳаракати иҷтимоӣ пеш аз ҳама рафтори коллективӣ ва кўшиши дар шакли дастҷамъӣ амалӣ гардонидани манфиатҳо ва расидан ба мақсадҳои дар пешгузошташуда мебошад. Дар ҳаракатҳои иҷтимоӣ то миллиоҳо нафар одам иштирок намуда метавонанд. Баъзе ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар доираи қонунҳои мавҷуда амалӣ мегарданд, аммо ҳаракатҳои иҷтимоие вуҷуд доранд, ки ғайриқонуни ё ин ки пинҳонӣ амал менамоянд. Умуман, ҳаракати иҷтимоӣ рафтори номуташаккил ва стихиявии гурўҳҳои одамон мебошад, ки ба зидди фишорҳо, ноадолатиҳо ва ё вазъияти хатарзо нигаронида шудааст. Ба сифати мисол ҳаракатҳои инқилобӣ ва ё баъзе аз ҳаракатҳои динӣ шуда метавонанд. Ҳаракатҳои иҷтимоӣ вокуниши бешуурона ба нобаробарии иҷтимоӣ ва ноадолатиҳо набуда, балки амал ва стратегияи хуб коркардашудае мебошанд, ки барои бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ равона гардидаанд.
Рафтори коллективӣ дар шаклҳои ниҳоят гуногун зоҳир мегардад. Яке аз шаклҳои ниҳоят маъмулу хатарнокаш инқилоби иҷтимоӣ мебошад. Заминаи ҳаракатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла инқилоби иҷтимоӣ издиҳом мебошад. Издиҳом ҷамъи зиёди одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷамъшавии мувақатӣ ва номуташаккили фардҳои иҷтимоӣ мебошад, ки бо ҳам бевосита таъсири мутақобила расонида метавонанд. Издиҳом яке аз намудҳои рафтори коллективӣ ба ҳисоб меравад.
Тамоми шаклҳои издиҳом чунин хусусиятҳои бо ҳам наздик доранд:
Талқин ва таъсирпазирӣ – иштирокчиёни издиҳом ба талқиннамоӣ майл доранд. Фард дар издиҳом майл ба каҷрафторӣ мекунад ва аз доираи нишондодҳои меъёрҳои муқаррашудаи иҷтимоӣ берун мебарояд. Гўё ки ҳамин гуна вазъиятро дер боз интизор буд. Аз ин рў, одамон дар издиҳом нисбати андешаю шиорҳо ва тарзи рафтори дигар иштирокчиёни издиҳом таъсирпазир гашта, зуд зери таъсири талқин мемонанд;
Аз даст додани фардият — одамон дар иҳотаи издиҳом худшиносии хешро нисбатан гум мекунанд. Пинҳон ва махфӣ мондани шахсияти ў ва эҳсоси он, ки ў дар миёни одамони ношинос аст, бемасъулиятиашро инкишоф медиҳад. Фардҳо, ки ҳамеша дар зери таъсири агентҳои назорати иҷтимоӣ амал мекарданд, дар издиҳом худро озод ҳис менамоянд. Дар издиҳом одамон қобилияти бартараф намудани шаклҳои муқаррарии назорати иҷтимоиро пайдо менамоянд. Тавассути нерўи бузург доштан ва пинҳон мондани рафтор дар издиҳом ба одамон шароит фароҳам меояд, ки ба таври дилхоҳ амал намоянд, ҳол он ки дар ҳолати муқаррарӣ ҳарчанд мехостанд чунин амал карда наметавонистанд. Дар ин ҳолат онҳо дигар парвои баҳо ва фикри дигаронро надоранд. Ҳатто эҳсоси фардият будани иштирокчиён аз байн меравад ва ҳамаи таваҷчўҳи худро ба гурўҳ медиҳанд ва гурўҳ чи амалеро содир намояд, онҳо ҳам ҳамон амалро айнан ва ё ба он монанд такрор менамоянд. Дар натиҷа тарс аз рехтани обурў, аз даст додани виҷдон ва ҷазо аз мақомоти қудратӣ гум шуда, амали коллективӣ пайдо мешавад;
Саркашӣ ва дастнорасӣ. Дар ҳолати издиҳом фардҳо дар худ нерўмандӣ ва тоқатпазириро эҳсос менамоянд. Ба назари онҳо чунин мерасад, ки механизмҳои назорати иҷтимоӣ нисбати онҳо истифода бурда намешавад ё эҳтимолияти истифодабарии онҳо хеле кам аст. Фикр менамоянд, ки ҳамаи ин издиҳомро мавриди ҷазо қарор додан ғайриимкон мебошад. Дар чунин ҳолат фардҳои иҷтимоӣ ба рафторҳои хатарнок ва зиддиқонунию зиддиахлоқӣ (ғорат, дуздӣ, вандализм, ғавғо, қассосгирӣ ва амсоли он) даст зада метавонанд .
Ҷомеашинос Лофланд се навъи эҳсости издиҳомро ҷудо намудааст: тарс, душманӣ ва хурсандӣ. Мисоли равшани тарси издиҳом ин воҳима ва даҳшат мебошад. Ҳангоме, ки одамон ба ягон ҳодисаи даҳшатангез гирифтор мегарданд, воҳима сар мезанад. Амале, ки дар натиҷаи он одамон аз гўшаю канори гуногун корашонро партофта, издиҳомро ташкил менамоянд, раванди ҷамъшавӣ номида мешавад .
Омилҳое, ки фардҳои иҷтимоиро ба издиҳом ҷалб менамоянд, ниҳоят гуногунанд, аммо як хусусият ба одамон хос аст. Дар ҷое, ки ягон ҳодиса сар занад, онҳо мехоҳанд дар онҷо бошанд ва равандро бо чашми худ бинанд. Ин кунҷковӣ қариб хоси аксарияти одамон мебошад. Ҳангоми ҷамъшавии издиҳом ҳатто одамоне, ки мақсаду мароми иштирокчиёни онро надонанд ҳам, ба издиҳом мароқ зоҳир намуда, ҳамроҳ шудан мегиранд. Ҳастанд одамоне, ки бошуурона ба издиҳом ҳамроҳ мешаванд ва медонанд, ки чи мехоҳанд, аммо аксарияти иштирокчиён ноогоҳона ва бешуурона ба сафи одамони дигар мепайванданд. Махсусан, дар ин ҳолатҳо шахсони каҷрафтор фаъол гашта аз вазъият истифода мебаранд. Масалан, дар гирдиҳамоиҳои солҳои 1991 дар Тоҷикистон айнан ҳамин ҳодиса шуда гузашта буд, ки дар натиҷа мардум дар ду майдон ба муқобили ҳам ҷамъ омада, дар натиҷа тарафҳо ба ҷанги шаҳрванди кашида шуданд.
Омили дигари пайдо шудани издиҳом бекории мардум ва вақти зиёди холии онҳо мебошад, ки имкон пайдо менамоянд, дар чунин ҷамъомадҳо иштирок намоянд.
Агар издиҳом вақти муайяне мавҷудияти худро нигоҳ дорад, ботадриҷ дар байни иштирокчиёни он низоми пурзўри иртиботӣ пайдо мешавад. Дар байни издиҳом як ҳодисаи ночиз воҳимаро ба вуҷуд оварда метавонад. «Воҳима – ин рафтори ғайрибошуурона ва идоранашавандаи коллективии одамон мебошад, ки дар натиҷаи кадом як таҳдиди бевоситаи хатарнок ба вуҷуд омадааст» . Масалан, ҳангоми ягон офати табиӣ, амали террористӣ ё садамаи истеҳсолӣ одамон ба воҳима афтода, рў ба гурез меоранд. Одамоне, ки ба воҳима афтидаанд, қобилияти хароб намудани ҳамаи чизи аз сари роҳашон баромадаро доранд, ҳатто якдигарро латукўб, зери пой ва маъюб карда метавонанд. Воҳима хоси рафтори коллективӣ аст, зеро таъсири мутақобилаи байни коллективи одамон воҳимаро ба вуҷуд меорад ва маҳз дар коллектив эҳсоси тарсу ваҳм зиёд мешавад. Махсусан, омили бавуҷудоварандаи воҳима ин овоза ба ҳисоб меравад, зеро воҳима аз ҳама шакли васеъ паҳншудаи иртиботи байни иштирокчиёни издиҳом мебошад.
Овоза иттилоотест, ки ҳангоми норасоӣ ва кофӣ набудани иттилоот ё дар мавриди боварӣ надоштани иштирокчиёни издиҳом ба дурустии иттилооти расмӣ пайдо мешавад. Овоза пеш аз ҳама ҳодисаҳоеро шарҳ медиҳад,ки одамон дар бораи онҳо кам маълумот доранд ва ё умуман чизе намедонанд. Овоза ба рафтору амал ва боварии одамон таъсири қавӣ мерасонад. Маҳз овоза иштиокчиёни издиҳомро ба ҳаракат меорад, новобаста аз он, ки ҳақиқат будани он собит шудааст ё не. Дар бисёр мавридҳо овоза иттилооти нодуруст ва дурўғро дар худ ниҳон медорад, зеро он кўшиши коллективии одамон барои дастрас намудани иттилооти зарурӣ оиди ягон ҳодисаи барояшон муҳим аст, аз забон ба забон гузашта паҳн мешавад ва табиист, ки аз дурўғият, зиёдравиҳо ё нопуррагӣ холӣ буда наметавонад. Овозаҳо ахбороти расмиро иваз намуда, талаботи муҳими аҳолӣ: талабот ба иттилоотро қонеъ мегардонанд. Махсусан, дар замони шиддати иҷтимоӣ, бетартибиҳо, инқилобҳо ва ноустувории вазъи иқтисодию сиёсии ҷомеа ҷои ахбори расмиро овозаҳо мегиранд. айни замон паҳн намудани овозаи нодуруст воситаи асосии рақобати носолими иқтисоди шудааст. Ҳамасола ширкатҳои истеҳсолӣ ва молиявӣ аз овозаҳои нодурусти нисбаташон паҳнгашта зарари бузурги иқтисодӣ мебинанд.
Дигар ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки издиҳом ба шарофати ягон ҳодисаи фараҳбахш ба шавқ меоянд ва якбора хурсандӣ мекунанд. Дар ин ҳолат иштирокчиёни издиҳом меъёрҳои иҷтимоиро то дараҷае риоя мекунанд ва танҳо ба хотири ҷашн гирифтани ягон воқеаи барои онҳо ниҳоят муҳиму хурсандибахш ҷамъ омадаанд, мисли ғалабаи дастаи дўстдоштаи варзишӣ, ҷашнгирии ягон саҳнаи таърихӣ ё ҷашнгирии маросимҳои динӣ.

Якчанд назарияҳои сотсиологӣ оиди издиҳом вуҷуд доранд, ки мухтасаран онҳоро шарҳ медиҳем.
Назарияи мубталошавӣ (сироятёбӣ). Мувофиқи назарияи мубталошавӣ (заражения) дар шароити издиҳом зуд ва босуръати баланд эҳсосот, андеша ва амали як иштирокчӣ ба иштирокчии дигар мегузарад ва паҳн мешавад. Ҷонибдорони ин назария пешниҳод менамоянд, ки дар ҳолати издиҳом рўҳияи ҳамфикрии одамон бартарӣ пайдо менамояд. Маҳз дар ин ҳолат одамон якхела амал намуда, ба вокунишҳо якхела ҷавоб медиҳанд.
Яке аз асосгузорони ин назария донишманди франсуз Гюстав Лебон мебошад. Ў аввалин шахсиятест, ки ба омўзиши издиҳом таваҷҷўҳи лозима додааст. Дар асараш “Издиҳом” инқилоби фаронсавиро таҳқиқ намуда, ба хулосае меояд, ки амали фарде, ки гирифтори эҳсосоти коллективӣ гаштааст, аз амали ў дар гурўҳҳои хурд ба куллӣ фарқ менамояд. Маҳз дар зери таъсири издиҳом шахс он амалҳои харобсозанда ё қаҳрамононае мекунад, ки дар танҳоӣ ин амалҳо ҳатто ба гўшаи хаёлоташ ҳам намеомаданд.
Ба андешаи Г. Лебон, дар издиҳом шуури коллективӣ ташаккул меёбад. Ў се омили амали коллективиро нишон медиҳад:
1. Эҳсосот (андеша) — и махфӣ мондан ба иштирокчии издиҳом нерў мебахшад;
2. Мубталошавӣ (сироятёбӣ) – рўҳия ва андешаю амали умумӣ мисли вирус ё бемории сирояткунанда аз як нафар ба дигар нафар, аз як гурўҳи одамон ба гурўҳи дигари одамон мегузарад. Ҳар як нафар мехоҳад кореро кунад, ки дигар иштирокчиёни издиҳом ҳамон корро анҷом дода истодаанд;
3. Мутаассиршавӣ — дар издиҳом одамон зуд мутаассир мегарданд, мисле, ки зери таъсири гипноз мемонанд. Онҳо тамоми нишондодҳои сарварони издиҳомро иҷро намудан мехоҳанд. Махсусан, ҳокимият ва мақоми лидерҳо ба издиҳом таъсири фавқуллода мерасонанд .
Мувофиқи ақидаи Г. Лебон, одамон дар иҳотаи издиҳом рафтори худро пурра идора карда наметавонанд, муваққатан дар зери таъсири тарғибу ташфиқоти пешвоёну доҳиёни издиҳом мемонанд, қобилияти таҳлилу андешаи дурнамои рафтори содиркардаистодаи худро аз даст медиҳанд . Г. Лебон бовар дошт, ки дар иҳотаи издиҳом ба одамон табдилёбии куллӣ рўй медиҳад. Онҳо метавонанд ба инсони бераҳм, пурғазаб, ваҳшӣ ва хунхору беақл табдил ёбанд. Г. Лебон дар ин бора чунин менависад: «Шахсе, ки дар зери таъсири издиҳом мондааст, мумкин шахси фарҳангӣ бошад, аммо дар издиҳом ба «варвар», аниқтараш, ба мавҷуди зери таъсири инстинк қарордошта табдил меёбад. Ў дар ин ҳолат шинохтанашаванда, сангдил, бераҳм, дағал ва рўҳбаланду қаҳрамон аст» 14.