Усули мушоҳида дар сотсиология.

Мушоҳида — ин чунин усули ғун кардани маълумотҳои амалӣ мебошад, ки ба воситаи он ҷараёнҳо, ҳодисаҳо ва воқеаҳои муҳими иҷтимоӣ бевосита сабт, назорат ва санҷида мешаванд.
Мушоҳидаи илмӣ аз мушоҳидаи муқаррарӣ (оддӣ) чунин фарқиятҳо дорад:
 Мақсадҳо, вазифаҳо, объект ва предмети мушоҳида аниқ муайян шудаанд;
 Мушоҳидаи мақсаднок аз рўи нақшаи пешакӣ тартиб додашуда гузаронда мешавад;
 Маълумотҳои мушоҳида аз рўи низому қоидаҳои муайян дар суратмаҷлисҳо сабт карда мешаванд;
 Иттилооти бадастомада аз рўи асоснокӣ ва устуворӣ аз назорат гузаронда мешавад.
Бартарии асосии мушоҳида дар он аст, ки ин усул имконият медиҳад ҳодисаҳо ва унсурҳои рафтори одам дар лаҳзаи ба вуқўъ омадани онҳо ба қайд гирифта шаванд. Дигар усулҳои ғун кардани иттилоот бошанд дар асоси ҳукмрониҳои пешакӣ ё аллакай гуфташудаи фард ҷой доранд. Мушоҳида маьлумотҳои аниқро оиди фаъолияти одамон дар ҳолатҳои муайяни иҷтимоӣ пешкаш менамояд. Новобаста аз хоҳиши аъзоёни гурўҳи тадқиқшаванда маълумотҳоро ҷамь кардан мумкин аст.
Мушоҳидаи илмӣ чунин хусусиятҳо дорад:
 Робитаи ҷудонашавандаи мушоҳидаҷӣ бо объекти мушоҳида ва таъсири он ба шарҳи ҳодисаҳои мушоҳидашаванда;
 Дарки ҳодисаҳои иҷтимоӣ аз тарафи мушоҳидачӣ ва шарҳи онҳо ҳамеша ба эҳсосот таъсири худро расонда метавонанд, боиси хато шудани маълумотҳо гардад;
 Мушкилоти мушоҳидаи такрорӣ, чунки ба ҷараёнҳои иҷтимоӣ омилҳои зиёде таъсири худро мерасонанд.
Мушоҳида барои ноил шудан ба мақсадҳои зерин мусоидат менамояд:
 Ҳамчун манбаи тартиб додани фарзияҳо;
 Ҳамчун усули санҷиши натиҷаҳои дигар методҳо;
 Ҳамчун манбаи маьлумотҳои иловагӣ дар объекти омўхташаванда;
 Дар тадқиқотҳои иқтисодӣ, техникӣ ва озмоишӣ истифода бурда мешавад.
Аксар вақт мушоҳида на ҳамчун усули асосӣ, балки чун усули иловагии ғун кардани иттилоот истифода бурда мешавад. Баъзан мушоҳидаи оммавӣ гузаронда мешавад, ки он ба усули хеле калонҳаҷми ҷамъоварии маълумот табдил меёбад. Усули мушоҳида норасоиҳои объективӣ ва субъективӣ дорад. Маҳдудиятҳои объективии мушоҳидаро чунин нишон додан мумкин аст:
 На ҳамаи далелҳои иҷтимоӣ назоратшавандаанд;
 Далелҳои мушоҳидашаванда дар фосилаи вақт маҳдуданд.
Маҳдудиятҳои субъективии мушоҳида аз хусусиятҳои шахсӣ ва касбии мушоҳидачӣ вобастаанд, ки ў метавонад бо ихтиёри худаш ҳодисаҳои мушоҳидашавандаро шарҳ диҳад.
Барномаи мушоҳида муҳимтарин санад аст, ки чунин давраҳоро фаро мегирад:
 Муайян кардани мақсадҳо ва вазифаҳои тадқиқот;
 Интихоби объект, предмет ва ҳолати мушоҳида;
 Интихоби тарзи мушоҳида;
 Интихоби тарзи ба қайдгирии объекти мушоҳида;
 Коркард ва шарҳи иттилооти бадастомада.
Дар барнома рўйхати унсурҳои муҳими мушоҳида мушахассан нишон дода мешаванд;
 Мушоҳидашавандагон — одамони алоҳида дар ҳолатҳои гуногуни муошират, гурўҳҳои хурд ва умумиятҳо;
 Муҳити атроф — ҷойи ҳолати мушоҳидашаванда, рафтори умумии хоси ин ҷой;
 Мақсадҳои фаъолияти одамон;
 Тезӣ ва давомнокии мушоҳида — то чӣ андоза мушоҳида аҷибу нотакрор ё умумӣ аст.
Мушоҳида аз рўи нишонаҳои гуногун тасниф мешавад:
 Аз руи ҷойи гузаронидани мушоҳида: саҳроӣ ва лабораторӣ. Мушоҳидаи саҳроӣ дар шароити табиӣ гузаронда мешаваду мушоҳидаи лабараторӣ бошад дар шароиту ҳолатҳои сунъӣ (сохта, озмоишӣ) ба тариқи озмун, бозӣ, мусобиқа. Майдони фаъолияти мушоҳидаи лабораторӣ маҳдуд аст, чунки одамон дар бораи озмоиш дарак меёбанд ва ғайритабиӣ рафтор менамоянд;
 Вобаста аз мунтазамии мушоҳида: аз рўи низом ва тасодуфӣ. Мушоҳидаи низомнок аз рўи нақша ва дар фосилаи вақти муайян гузаронда мешавад. Мушоҳидаи тасодуфӣ бошад бе ягон нақша аз рўи ин ё он ҳолати мушаххас гузаронда мешавад;
 Вобаста аз мавқеи мушоҳидачӣ: воридшуда ва вориднашуда. Ҳангоми мушоҳидаи воридшуда сотсиолог худаш ба дохили объект, муҳити иҷтимоӣ ворид мешавад ва ҷараёнҳою ҳодисаҳоро аз дохил меомўзад. Ҳангоми «воридшавии пурра» сотсиолог ҳамчун аъзои гурўҳ кор мекунад. Мушоҳидаи вориднашуда — сотсиолог объекти тадқиқотро аз паҳлў, аз канор, аз берун истода мушоҳида менамояд, дар фаъолияти гурўҳ иштирок намеварзад, бо аъзоёни гурўҳ ҳамсўҳбат намешавад. Чӣ мушоҳидаи воридшударо, чӣ мушоҳидаи вориднашударо сотсиолог метавонад ошкоро ё пинҳонӣ гузаронад. Дар ҳолати дуюм масъалаҳои маънавӣ ва ахлоқӣ пайдо мешаванд.
Сотсиологи муосири рус В. А. Ядов чунин роҳҳои баланд бардоштани эътимоднокии маълумотҳои мушоҳидаро пешниҳод мекунад:
 То чӣ андоза мумкин унсурҳои ҳодисаҳои мушоҳидашавандаро ба намудҳои хурдтарин ҷудо кардан лозим;
 Эътимоднокии онҳо ҳангоми мушоҳидаи такрорӣ санҷида мешавад;
 Агар мушоҳидаи асосиро якчанд кас бурда бошанд, онҳо бояд таассуроти худро оиди баҳои ҳодисаҳо бо ҳам муқоиса ва мувофиқ кунанд, техникаи якхелаи қайдкуниро истифода баранд;
 Як объекти муайянро дар ҳолатҳои гуногун мушоҳида бояд кард;
 Зарур аст, ки мазмун, шакли зоҳиршавии ҳодисаи мушоҳидашаванда ва тавсифоти сифатии онҳо аниқ фарқ карда ва ба қайд гирифта шаванд;
 Хеле муҳим аст, ки тасвири ҳодисаҳо бо шарҳи он омехта нашавад;
 Муҳим аст, ки асоснокии шарҳи маълумотҳоро таъмин намуда, таассуроти худро бо ёрии шарҳҳои имконпазир аз нав бояд санҷид;
 Фоидабахш аст, ки барои санҷиши асоснокии мушоҳида меьёрҳои мустақил истифода бурда шаванд. Маълумотҳои мушоҳидаро бо ёрии дигар усулҳо назорат кардан мумкин аст.
Нисбати мушоҳидачӣ чунин талаботҳо вуҷуд доранд:
• Мушоҳидачӣ бояд омодагии хуби касбӣ дошта бошад, асосҳои сотсиология ва психологияро хуб донад;
• Объекти мушоҳидаро бояд хуб донад;
• Мақсад ва вазифаҳои мушоҳидаро донад;
• Чунин сифатҳои равоншиносиро дошта бошад:
o диққати худро мунтазам ба объекти мушоҳида равона созад;
o худро ба даст гирифта тавонад;
o худро назорат карда тавонад;
o барои мушоҳидашаванда ноаён бошад;
o хушмуомила бошад;
• Воситаҳои техникии мушоҳидаро истифода бурда тавонад;
• Аз нишондодҳои дастурамал барои мушоҳида берун набарояд, амали беҷо накунад.
Мушоҳида дорои ҳуҷҷатҳои зерин аст:
 Барномаи мушоҳида;
 Рўзномаи мушоҳида;
 Варақаи мушоҳида;
 Суратмаҷлиси мушоҳида.