Таҳлил ва коркарди натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ.

Тадқиқоти сотсиологӣ бо таҳлилу коркарди маълумотҳои бадастомада, хулосабарорӣ ва омодасозии тавсияҳо анҷом меёбад. Маҳз коркарди маълумотҳо имконият медиҳанд, ки миқдори зиёди маводҳои амалии ҷамъшуда ба тартиб дароварда шаванд, ба гурўҳҳо ҷудо ва таснифоти он муайян карда шаванд.
Дар барномаи тадқиқоти сотсиологӣ бояд пешакӣ роҳҳо ва шаклҳои коркарди маълумотҳо бо назардошти вазифаҳо ва фарзияҳои тадқиқоти сотсиологӣ ба ҳисоб гирифта шаванд. Ҳангоми коркард ҳар як ҷавоби алоҳидаи саволи пурсишнома ба рамз дароварда мешавад. Коркарди маълумотҳо дастӣ (агар миқдори саволномаҳо то 100 адад бошад) ё бо ёрии МЭҲ дар асоси барномаи SPSS ё дигар барномаҳои зарурӣ гузаронда мешавад.
Ҳангоми таҳлил иттилооти бадастомада оиди объекти омўхташуда бо маҷмўи донишҳои мавҷуда дар бобати объект муқоиса карда мешавад. Мазмун ва мақсади давраи таҳлил дар он аст, ки моҳияти натиҷаҳои ҷудогона шарҳ дода шуда, фикрҳои ҷамъбастӣ дар шакли низоми муайян баён карда мешаванд.
Усулҳои миқдорӣ ва сифатии таҳлил ва ҷамъбастнамоии иттилоот аз рўи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ вуҷуд доранд. Якчанд намуд доранд. Ба қатори усулҳои миқдории таҳлил дохил мешаванд:
 Гурўҳбандӣ;
 Ҳисоби коэффитсенти вобастагиҳои тағйирёбиҳо;
 Таҳлили омилӣ.
Ба қатори усулҳои сифати таҳлил ва ҷамъбастнамоӣ дохил мешаванд:
 Намуднигорӣ (типологизация)
 Амсиласозӣ (моделирование)
 Назариясозӣ.
Коркарди маълумотҳо таҳрир ва барамздарории иттилоот бо мақсади осонбаёнӣ ва башаклдарории иттилооти бадастомадаи сотсиологӣ дар бар мегирад. Сохтани тағйирёбандаҳои иттилоотӣ дар асоси саволномаҳо ғуншуда дар баъзе ҳолатҳо ҷавоби рўирост ба саволҳоянд, ки ҳатман дар рафти худи тадқиқот бояд ҳал шаванд, чунки саволҳо шакли нишондиҳандаҳоро дар ҷараёни истилоҳсозӣ доро шудаанд. Зарур аст, ки амалиёти баръакс низ гузаронда шавад, яъне маълумотҳоро дар шакли ҷавобҳо ба саволҳои тадқиқот ифода кардан лозим аст.
Таҳлили оморӣ давраи аз ҳама муҳимтарини таҳлили маълумотҳои сотсиологӣ мебошад. Қонуниятҳо ва вобастагиҳои оморие муайян карда мешаванд, ки онҳо ба ҷамъбастнамоӣ ва хулосабардорӣ мусоидат менамоянд. Дар аснои таҳлили оморӣ усулҳои гуногуни риёзӣ истифода бурда мешаванд, то ки иттилооти ғуншуда ҳаматарафа таҳлил карда шавад. Дар вобастагӣ аз усулҳои бадастоиҳои иттилооти ибтидоӣ тарзҳои гуногуни коркард ва таҳлили маълумотҳои истифода бурда мешаванд. Барои мисол, агар иттилоот аз манбаъҳои ҳуҷҷатӣ пайдо карда шуда бошад, он гоҳ ду усули асосии таҳлили ҳуҷҷатҳо — таҳлили анъанавӣ ва контент — таҳлил истифода бурда мешавад. Ҳангоми коркард ва таҳлили маълумотҳои бо усули пурсиш бадастомада усулҳои мартабасозӣ (ранжирование), ҷадвалсозӣ (шкалирование), мувофиқатсозӣ (корреляция) ва ғайра истифода бурда мешаванд.
Мартабасозӣ (ранжирование) – ин амалиёти муқаррар намудани бартарии нисбии объектҳои таҳқиқшаванда дар асоси батартибдарории онҳо мебошад. Мартаба (ранг) — ин нишондиҳандаи мавқеи тартибии объекти баҳодиҳӣ дар гурўҳ ва дигар объектҳое мебошад, ки дорои хосиятҳои барои баҳодиҳӣ муҳиманд.
Ҷадвалсозӣ (шкалирование). Ҳар саволи пурсишнома ё варақаи мусоҳиба ҷадвали ченкунӣ мебошад. Ҷавобҳои савол воҳидҳои ченкунӣ ҳисоб мешаванд. Чун қоида, се намуди ҷадвалҳо вуҷуд доранд:
 Ҷадвали номиналӣ (ҷавобҳои «ҳа» — «не»);
 Ҷадвали тартибӣ (мувофиқи теъдоди саволҳо);
 Ҷадвали фосиладор (тавсифот аз рўи синну сол, маълумот, собиқаи корӣ ва ғайра).
Мувофиқатсозӣ (корреляция) – ин амалиёти риёзӣ аст барои омўхтани
робитаҳои оморӣ байни нишонаҳои объекти иҷтимоӣ. Коэффисентҳои
мувофиқатсозӣ гуногунанд.
Хуллас, моҳияти коркарди иттилооти ибтидоӣ — ҷамъбастнамоии иттилоот мебошад. Натиҷаи ин ҷамъбастнамоӣ иттилооти сотсиологӣ ном дорад.
Тартибдиҳии ҳисоботи илмӣ.
Дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ ҳисобот навишта мешавад. Ин чунин ҳисобот аз барномаи тадқиқот, тавсифоти посухдиҳандагон, пешниҳодот, таҳлили маълумотҳои бадастомад, тавсияҳои амалӣ, хулосаҳо, замимаҳо, ҷадвалҳо, схемаҳо, диаграммаҳо иборат аст.
Ҳангоми навиштани ҳисобот чунин талаботҳоро ба инобат гирифтан лозим аст:
 Дар ҳисобот бояд ҳамаи гурўҳҳои масъала мувофиқи мантиқи ҷустуҷўи илмӣ инъикос ёбанд, яъне натиҷаҳо таҳлил ва дуруст ҷамъбаст шуда бошанд;
 Ҳар як боби ҳисобот зарур аст, ки аз ду қисм иборат бошад: а) масъалҳо ва натиҷаҳо, б) хулосаҳо;
 Барои таҳлил ва ҳисобот натиҷаҳои саволҳои алоҳидаи пурсишнома бояд ҳар чӣ пурратар ҷамъбаст карда шаванд;
 Ҳисобот бояд дуруст тартиб дода шуда бошад.
Ҳисобот чунин сохтор дорад:
1. Қисми якум — асоснокии зарурати омўзиши масъалаи иҷтимоӣ ва тавсифоти нишондиҳандаҳои тадқиқот (интихобнамоӣ, усулҳои ғун кардани иттилоот, миқдори иштирокчиён ва ғайра);
2. Қисми дуюм — тавсифоти объект аз рўи нишонаҳои иҷтимоӣ — демографӣ (ҷинс, синну сол, ҷои истиқомат, маълумот, дин, ҳизбият ва ғайра);
3. Қисмҳои минбаъда ҷавоби фарзияҳои дар барнома зикршуда;
4. Хулосаи ҳисобот, тавсияҳои амалӣ дар асоси хулосаҳои умумӣ, пешгўиҳо. Замимаи ҳисобот ҷадвалҳо, диаграммаҳо, ҳуҷҷатҳо, схемаҳо.
Барои он, ки маълумотҳои бадастомадаи сотсиологӣ дуруст истифода бурда шаванд, зарур аст, ки ин нуқтаҳои муҳими методологӣ ба ҳисоб гирифта шаванд:
1. Тавсифи баҳо ва шарҳи маълумотҳои сотсиологӣ асосан дар давраи ороиши консептуалии тадқиқот ҳангоми муайян кардани тавсифоти ҳодисаҳои омўхташаванда пешакӣ фаҳмида мешаванд;
2. Шарҳ ва коркарди мантиқии маълумотҳои бадастомада аз сатҳи дониши тадқиқотӣ оиди объект ва предмети тадқиқот вобастагӣ дорад.