Таҳлили ҳуҷҷатҳо.

Маълумотҳои зиёди барои кори тадқиқотчӣ зарур дар сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ ҷойгиранд. Дар сотсиология омўзиши ҳуҷҷатҳо ҳамчун як намуди фаъолият мебошад. Таҳлили сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ дар бисер мавридҳо имконияти гирифтани маълумотҳои расоро барои ҳалли масъалаҳои пешомада ва ё таҳлили масъала осонтар мекунад. Таҳлили ҳуҷҷатҳо маълумоти якуминдараҷа медиҳад ва имконият медиҳад, ки дигар усулҳои тадқиқот аниқ истифода бурда шаванд ва иттилои онҳо тасдиқ карда шавад. Умуман, ҳамаи тадқиқоти сотсиологӣ аз таҳлили ҳуҷҷатҳо cap мешаванд. Дар ҳуҷҷатҳо маълумотҳои зиёде оварда мешаванд. Ҳуҷҷат махсус аз тарафи одамон тайёр карда шуда, барои хабардоркунӣ ва нигоҳ доштани маълумотҳо равона шудааст.
Ҳуҷҷатро бо чунин асосҳо гурўҳбандӣ кардан мумкин аст:
1. Аз рўи усули сабти маълумотҳо: ҳуҷҷатҳои матнӣ (дастнавис, чопӣ), ҳуҷҷатҳои тасвирӣ ( расмҳо), ҳуҷҷатҳои овози сабтшуда (магнитофон), маълумотҳои оморӣ ва маълумотҳои бо ёрии МЭҲ хондашаванда (дискета, компакт — диск);
2. Аз рўи мундариҷаи умумӣ: ҳуҷҷатҳои расмӣ (қонунҳо, қарорҳо, фармонҳо) ва ҳуҷҷатҳои ғайрирасмӣ;
3. Аз рўи шакли гузориш: ҳуҷҷатҳои оморӣ, ҳуҷҷатҳои забонӣ, ҳуҷҷатҳои шифоҳӣ ва ҳуҷҷатҳои хаттӣ;
4. Аз рўи таркиби ҳуҷҷатҳо: ҳуҷҷатҳои таърихӣ (гузориши рўйдодҳо), ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ (баҳодиҳии рўйдодҳо) ва ҳуҷҷатҳои иқтисодӣ (бақайдгирии ҳолатҳо);
5. Аз рўи дараҷаи аҳамиятнокии иттилоот: ҳуҷҷатҳои якуминдараҷа (стенограмма) ва дуюминдараҷа(маълумотномаҳо,хулосабарориҳо).
Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ – маълумотҳои оморӣ ё маълумотҳои бо шакли рақамӣ оварда шуда мебошанд, ки одатан ин маълумот дар ҷадвал ё нақша ба тартиб дароварда шудааст. Маълумотҳои оморӣ дар тадқиқотҳои сотсиологӣ чунин вазифаҳо доранд:
 Метавонанд ҳамчун хислатномаи таърихии зуҳуротҳо ва ё ҷараёни давомнокиашон омўхташаванда истифода шаванд;
 Метавонанд мавзўи махсуси таҳлил бошанд;
 Метавонанд дар як чорчўбаи аниқ ҷараёни тадқиқотиро таъмин намоянд;
 Сарчашмаҳои асосии ҳуҷҷатҳои оморӣ баҳисобгирии аҳолӣ ба шумор мераванд. Пурсишҳои ҷузъии аҳолӣ аз тарафи муассисаҳои давлатии омор гузаронида шуда, махсус пурсишҳои ҷузъии аҳолӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои илмӣ ва илмӣ — тадқиқотӣ гузаронида мешаванд, ҳисоботи аниқи оморианд.
Ҳуҷҷатҳои расмӣ – ин ҳамаи он ҳуҷҷатҳоеанд, ки хислати хизматӣ доранд. Онҳо тақсим мешаванд ба ҳуҷҷатҳои ҷорӣ (мукотиба, дастур ва ғайра), ҳуҷҷатҳои даврӣ (ҳисоботи даврӣ) ва ҳуҷҷатҳои ғайридаврӣ (маърўза, санад).
Ҳуҷҷатҳо инчунин ба ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ ҷудо мешаванд. Ҳуҷҷатҳои шахсӣ он ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки аз тарафи шахси алоҳида бо ташаббуси шахсӣ тартиб дода шудаанд (дафтари хотиравӣ, ёддоштҳо, рўзномаҳо, мактубҳо ва ғайра). Ҳуҷҷатҳои шахсӣ метавонанд ҳамчун сарчашмаи маълумоти якуминдараҷа ва иловагӣ бошанд. Маҳдудияти ҳуҷҷатҳои шахсӣ – ин дар баёни ҳақиқати рўйдода нуқтаи назари шахсиро иброз намудан аст.
Барои ба даст овардани маълумоти боэътимод дар ҳуҷҷатҳо чунин асосҳо зарур мебошанд:
 Аниқ намудани шароити умумӣ, ки дар он ҳуҷҷат тартиб дода шудааст;
 Маълум намудани мақсадҳои тартибдиҳандаи ҳуҷҷат;
 Фарқ кардани тавсифи рўйдод аз баҳодиҳии он;
 Донистани усулҳои бадастоварии маълумотҳои якуминдараҷа.
Бояд дар ёд дошт, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ боэътимодтаранд нисбат ба ғайрирасмӣ, хусусӣ боэтимодтар аст нисбат ба ғайрихусусӣ, якуминдараҷа аз дуюминдараҷа боварибахштар аст. Дар бисёр маврид ҳамчун сарчашмаи ягонаи маълумот ҳуҷҷатҳое баромад мекунад, ки махсус барои мақсадҳои тадқиқот ташкил шудаанд: саволномаҳо, санҷишномаҳо, варақаҳои пурсишӣ ва суратмаҷлисҳои мушоҳидаҳо.
Дар тадқиқотҳо ду усули зарури таҳлили ҳуҷҷатҳо якдигарро пурра мекунанд: усули анъанавӣ ва усули барасмиятдаровардашуда ё усули миқдорӣ (контент — таҳлил).
Усули анъанавӣ — ин усули таҳлили сифатиест, ки мақсади он шарҳи ҳамаи амалиёти ақлонӣ ва фаҳмидани иттилоотҳои дохили ҳуҷҷатҳо мебошад. Ин усул имконият медиҳад, ки таркиби ҳуҷҷатро то ба охир маълум намоем. Ду намуди таҳлили анъанавӣ вуҷуд дорад:
1. Таҳлили беруна — таҳлили шароити пайдошавии ҳуҷҷат;
2. Таҳлили дохила — таҳлили бевоситаи ҳуҷҷат ба муайян намудани савияи соҳибихтиёрии муаллиф барои ба ҷо гузоштани маълумотҳои ҳуҷҷат равона шудааст.
Ҳангоми гузаронидани таҳлили анъанавӣ сотсиолог бояд ба саволҳои зерин ҷавоб диҳад:
 Сохт ва намуди ҳуҷҷат чӣ гуна аст?
 Матни он чӣ гуна аст?
 Кӣ муаллифи он мебошад?
 Эътимоднокии ҳуҷҷат чӣ гуна аст?
 То чӣ андоза маълумотҳои қайдшуда мўътамаданд?
 Таркиби ҳуҷҷат чӣ гуна аст?
 Мақсади тартибдиҳии ҳуҷҷат чӣ буд?
 Баҳогузории таркиби ҳуҷҷат чӣ гуна аст?
 Нисбати муаллифи ҳуҷҷат чӣ хулосаҳо баровардан мумкин аст?
Камбудии асосии таҳлили усули анъанавӣ — ин набудани имконияти аз нуқтаи назари шахсӣ маънидод кардани далелҳо (маълумотҳо) мебошад.
Ин гуна камбудӣ бо ёрии усули барасмиятдаровардашуда паси cap мешавад. Усули барасмиятдарорӣ — ин гузаронидани маълумоти сифатӣ ба нишондиҳандаи миқдорӣ ва бо коркарди минбаъдаи оморӣ мебошад.
Шартҳои асосии таҳлили контентиро чунин нишон додан мумкин аст:
 Аз дохили матн ба ҳақиқати берун аз матн баромадан;
 Ҷиддияти тадқиқот.
 Таҳлили контентӣ дар мавридҳои зерин истифода бурда мешавад:
 Вақте, ки як андозаи баланди аниқӣ лозим аст;
 Ҳангоми вучуд доштани маводҳои зиёди ба тартиб дароварданашуда;
 Агар маълумотҳоро бе баҳои умумӣ фаро гирифтан мумкин набошад.
Таҳлили контентӣ чунин тартиб дорад:
1. Мақсад ва вазифаи объект ва предмети тадқиқот маълум карда мешавад. Барномаи тадқиқотии контент — таҳлилро кор карда, намояндагии интихобнамоиро ташкил карда ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳангоми муайян намудани боэътимодии ҳуҷҷат бояд муайян намуд, ки ин чӣ гуна ҳуҷҷат аст, бо кадом мақсад ташкил шуда буд ва муаллифаш кист;
2. Дар маълумотҳои матнӣ дараҷаҳои таҳлил – воҳидҳои маъногии таҳлил ҷудо карда мешаванд. Ба сифати воҳидҳои маъногии таҳлил метавонанд баромад кунанд:
 Фаҳмиши баёни суханҳо ва истилоҳҳои алоҳида.
 Мавзўъ дар намунаҳои маъногӣ баёншуда, ягон қисми матн, мақолаҳо (ишораҳо, киноя).
 Номҳои шахсони таърихӣ, сиёсатмадорон, ташкилотчиёни истеҳсолот, номҳои муассисаҳо ва ғайра;
 Ҳодисаҳои иҷтимоӣ ва далелҳо.
Воҳидҳои таҳлилӣ дар асоси таркиби фарзияҳои тадқиқот ҷудо карда мешаванд. Воҳидҳои таҳлил метавонанд бо воҳидҳои ҳисоб рост наоянд. Воҳидҳои ҳисоб – ин хислатномаи миқдории воҳидхои таҳлил буда, ба қайдгирии мунтазаме, ки дар матн бо ин ё он воҳидҳои маъногӣ дучор мешаванд (ҳисоби қаторҳо, сарсатрҳо, нишонаҳо, сутунҳо, давомнокии садодиҳӣ, дарозии навор ва ғ.);
3. Маросими истифодашавии дараҷаҳои таҳлил. Асоснокии методикаи коркардаистодаро бо ёрии экспертҳо санҷидан ё гирифтани маълумотҳои монанд бо усулҳои дигар мумкин аст. Воҳидҳои таҳлил дар намунаҳои пешакӣ кор кардашуда (дар варақаҳои махсус ё ин ки бо ёрии қолабҳои махсус рамзгузошташуда) ҷой дода мешаванд.
Усули таҳлили контентӣ чунин афзалиятҳо дорад:

 Дарачаи баланди эътимоднокии маълумотҳои ба даст меомадагиро таъмин менамояд;
 Дар объекти омўзиш имконияти аз таъсири тадқиқотчӣ озод буданро дорад;
 Имконияти тадқиқи масъалаҳои солҳои гузаштаро дорад.
Камбудии асосии ин усул — калонҳаҷмию вазнинии тадқиқот ва техникаи гузаронидани тадқиқот мебошад.
Саъю кўшишҳои бартараф кардани норасоиҳои таҳлили анъанавии субъективӣ дигар тарзи коркарди принсипнокро, яъне усули миқдории таҳлили ҳуҷҷатҳо ё ин ки таҳлили контентиро ба вуҷуд овард. Таҳлили контентӣ ё ин ки таҳлили илмии мазмуни матн (ҳуҷҷат) дар ҳамаи зинаҳои гуногуни донишҳои гуманитарӣ: равоншиносии умумӣ ва иҷтимоӣ, сотсиологӣ, криминология, илмҳои таърихӣ, адабиётшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва ғайраҳо истифода бурда мешавад. Ташаккулёбии таҳлили контентӣ бештар бо тадқиқотҳои сотсиологӣ алоқаманд аст. Дар он ҷое, ки супоришҳои тадқиқотӣ бо мафҳумҳои чуқури мазмуни матн, тарзи омодабинӣ, муроҷиат ба ҷамъият, хонандагон, шунавандагон, мухлисон алоқаманданд, ин усул истифода бурда мешавад. Дар он чое, ки матн ё маҷмўи онҳо ҳастанд, дар он ҷо таҳлили контентӣ гузаронида мешавад.
Таҳлили контентӣ аз ибтидои ба вуҷуд омаданаш барои омўзиши маводҳои рўзномаҳо ва матнҳо истифода бурда мешуд. Ҳоло ҳам бештар ҳангоми омўзиши иттилооти омма: матбуот, телевизион ва радио истифода бурда мешавад. Вале таҳлили контентӣ боз барои таҳлили ҳуҷҷатҳо: ҳама гуна намуди ҳисобот, суратмаҷлис, конференсия, шартномаҳои байналхалқӣ (байниҳукуматӣ), созишномаҳо ва ғайра истифода бурда мешавад. Ин усул тез — тез ҳангоми хизматҳои махсус гузаронида мешавад. Бо ёрии таҳлили контентӣ 80% — и иттилоотҳои махфӣ (пинҳонӣ) ба даст оварда мешавад.
Дар тадқиқоти сотсиологӣ матнҳои рўзномаҳо, созишномаҳо, суратмаҷлисҳо, шартномаҳо ва ғайра ба сифати объекти таҳлил баромад мекунанд. Ҳар як тағйироти ба матни рўзнома, барномаҳои телевизионӣ ва радио, изҳорот ва ғайра воридшуда, ҳукм дар бораи ин ё он мақсадҳои сиёсию идеологӣ, паҳн кардани қувваҳои сиёсӣ, ҳаракати институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ бе восита ба объекти таҳлил муносибат доранд. Сотсиолог — таҳлилкунанда дар он ақида аст, ки ин ё он қаҳрамон (муаллиф, коргардон, муҳаррир, мунаққид) таъсири худро ба омодабинӣ ва дарккунии матн (ба монанди саъю кўшиш, пинҳонкорӣ) дар гурўҳҳо ва аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ мерасонад. Ин далели он аст, ки фаъолияти онҳо ба системаи мувофиқи институту ташкилотҳо равона карда шудааст. Вазифаи сотсиолог — тадқиқотчӣ мувофиқи мазмун ва сохтори объекти таҳлил (матн, ҳуҷҷат) муайян кардани характери муносибатҳои дутарафа дар он системае, ки дар матни ҳуҷҷат инъикос ёфтаанд. Чӣ хеле, ки мутафаккир ва палеонтологи бузург Кюве аз як устухони ҳайвони миллион сол пеш мурда шаклу сохти ўро барқарор кард. Ҳамин тавр, сотсиолог низ вазифадор аст, ки аз рўи порча ё порчаҳои алоҳидаи матн ҳастии эмпирикии раванди идеологӣ ё сиёсиро, ки тобеи қонуниятиҳои иҷтимоӣ аст, барқарор созад.