Ташкилотҳои иҷтимоӣ.

1. Мафҳуми ташкилоти иҷтимоӣ
2. Таснифоти ташкилотҳои иҷтимоӣ
3. Идоракуни дар ташкилот
4. Бюрократия ва олигархия

Мафҳуми ташкилоти иҷтимоӣ

Ташкилот хамчун як унсури сохтори иҷтимоӣ дар ҳама низомҳо ҷой дорад. Одамон асосан дар ташкилотҳои гуногун кору фаъолият мекунанд, дар маҳалҳои ҷойгиршавии ташкилотҳо зиндагӣ мекунанд ва он чизе ки ба зиндагӣ зарур аст дар ташкилотҳои савдо харидорӣ мекунанд, дар ташкилотҳо таввалуд мешаванд, мехонанд ва истироҳат мекунанд. Одамон дар ташкилотҳо кор карда, талаботхои муҳими моддӣ ва маънавии хешро қонеъ мегардонанд. Бо воситаи ташкилотҳо кору фаъолият ва зинлдагонии мо ба тартиб даромада, мутаҳиддии одамон имконпазир мегардад. Самараи кори одамон созандагию эҷодкории онҳо ба шарофати ташкилотҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад. Ташкилотҳо сатҳи баланди тараққиёти низоми иҷтимоӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, пайдоиши барқароршавӣ ва тарақиёти ҷамъиятро бе омузиши шаклҳои ташкилии вай фаҳмидан аз имкон берун аст.
Мафҳуми “ташкилот” (от франц. organisation, позднелат. оrganiso – сообщаю, стройный вид, устраиваю) унсури сохтори ҷомеа ва шакли фаъолияти гурўҳии одамон буда, барои расидан ба мақсадҳои муайян нигаронида шудааст ва сатҳи баланди сохтори расмиятчигӣ дорад. Ба андешаи Э. Гидденс «Ташкилот иттиҳоди калони одамон аст, ки дар асоси алоқаю робитаҳои мавҷудаи барои расидан ба мақсадҳои махсус амал менамояндй».
Бештари гарўҳҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир дар шакли ташкилот вуҷуд доранд, мисли мактаб, мактаби олӣ, коллективи меҳнатӣ, ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба ва ғ. Аз дигар гурўҳҳои иҷтимоӣ (оила, дўстон ва ғ.) ташкилотҳои иҷтимоӣ маҳз бо муносибатҳои характери расмидошта фарқ менамоянд
Ду механизми таъсисёбии ташкилот вуҷуд дорад, боиси пайдоиши ташкилот мегардад.
Механизмҳои ташкилот инҳоянд:
• Вақте, ки ба даст овардани мақсадҳои умумӣ аз мақсадҳои фард вобаста бошад;
• Вақте, ки ба даст овардани мақсадҳои фардӣ ба амалӣ кардани мақсадҳои умумӣ вобаста бошад.
Бо воситаи механизми якум ташкилотҳои меҳнатӣ (корхона ва идораҳо) ташкил мешаванд. Дар маврид дуюм ҷамъиятҳои аксионерӣ ва ё итиҳодияҳо созмон меёбанд. Аз ин лиҳоз, аломати асосии ташкилотҳои иҷтимоӣ ин умумияти мақсад мебошад, яъне мақсадҳои фардӣ ва гуруҳи ташкилотҳоро ба вуҷуд меоранд. Ташкилот барои қонеъ гардондани манфиатҳо ё талаботҳои моддию маънавии фарду гурўҳ ташкил мешаванд. Агар талаботҳои иҷтимоӣ ва заруроти қонеъ гардонии онҳо ба миён наояд, ташкилотҳои иҷтимоӣ созмон намеёбанд. Ташкилот низ бо пурра таъмин гаштани талаботҳои иҷтимоии фардҳо ё гуруҳҳо рисолати хешро иҷро намуда, аз байн мераванд.
Бо воситаи пайдоиши ташкилотҳои иҷтимоӣ чунин муносибатҳо пайдо мешаванд:
1. Теъдоди аъзоёни ташкилот зиёд шуданд. Сарварон ва тобеин якдигарро хуб намешиносанд ва алоқаҳои байниҳамдигарӣ камтар гашт ва ин ба робитаи расмӣ оварда расонид.
2. Тақсимоти баланди меҳнат ва паст будани сатҳи иваз кардани ҳамдигарӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар дохили ташкилот гурўҳҳои гуногуни ихтисосӣ, ки махсус бо вазифаҳои муайян тайёр карда мешаванд, вазифаи худро иҷро мекунанд, мисли сармусоҳиб, муҳандис, таъмиргар ва ғайра. Гузаронидани як корманд бе тайёрии махсус аз як ихтисосу вазифа ба дигар ихтисосу вазифа ғайриимкон аст. Тақсимоти меҳнатӣ яке аз воситаи муҳим ва баланд рафтани истеҳсолот дар ташкилот мебошад.

Таснифоти ташкилотҳои иҷтимоӣ

Ташкилот ҳамчун воситаҳои ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ, усули ба даст овардани мақсадҳо ба ҳисоб меравад. Ташкилот ҳамчун умумияти иҷтимоии махсус аз маҷмўи гурўҳҳои иҷтимоӣ, мақсадҳо, қоидаҳо ва муносибатҳои тарафайн таркиб ёфтааст. Унсури асосии ташкилот ин мақсад аст, маҳз барои мақсад одамон дар ташкилотҳо ҷамъ мешаванд. Барои ба мақсад ноил шудан ташкилот таъсис медиҳанд ва дар он низоми иерархӣ ва идоракуниро ҷорӣ мекунанд. Ҳар як ташкилот мақсадҳо ва ҳадафҳои ба худ хосу муайянро доро мебошанд. Вобаста ба ин ташкилотҳои иҷтимоиро чунин тасниф менамоянд:

Давлатӣ ва ғайридавлатӣ
Бюджетӣ ва ғайрибюджетӣ
Ҷамъиятӣ ва ғайриҷамъиятӣ
Расмӣ ва ғайрирасмӣ
Тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ
Аз ҳама шаклҳои муҳими ташкилотҳои иҷтимоӣ ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ мебошанд. Ташкилоти расмӣ — ин системаи бутуни базавии ташкилоти иҷтимоӣ буда, дар ташкилот танзими фаъолиятҳои меҳнатию ахлоқии коргаронро ба роҳ мемонад. Умуман, ташкилоти расмӣ як системаи қонунгузорӣ корхона буда, тамоми стандартҳо, қарорҳо, барномаҳо, меъёри ҳуқукии коргарон ва фаъолияти ташкилотро дар асоси ҳуҷатҳои меъёрӣ муайян мекунад.
Ташкилотҳои расмӣ- зинабандии иерархӣ ва итоаткунӣ моҳияти чунин ташкилот иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, амалӣ мақсаднок ва вазифаҳо он нишонаи сохтори ташкилот мебошанд. Мақсадҳо ва дастоварди асосӣ — ин истеҳсоли молу ашё ё хизматрасонӣ мебошад, ки ин амал бо бисёр одамон ба ҳамкорӣ кардан ниёз дорад. Дар ин ҷо, ҳар як фард вазифаи майяни худро аз руи фармони додашуда иҷро менамояд. Корҳо ё амали мақсаднокро ташкилотҳои мақсаднок меноманд, ки ин масъала аз тарфи О.И. Шкаратан баррасӣ гардидааст. Ў ин намуди ташкилотро ҳамчун як системаи муносибатҳои расмӣ ҳисобида амр, фармонҳои муайяншуда, нишондодҳо, қонунҳо, қоидаҳо, фармондиҳӣ, меъёрҳо, таритибдодани ҷадвали штатӣ ва дигар амалҳои ташкилотро чунин тасниф намудааст:
1. Тақсимоти вазифаҳо байни бригадаҳо, ҳудудҳои шуъбаҳо ва ғ-ра, ки бо воситаи дастурамалҳо, фармон, амрҳо пешниҳодҳо ва дигар ҳуҷатҳо ба расмият даровада шуда, ҳамаи амал ва усулҳои хоси худро дорад (ташкилоти горизонталӣ).
2. Мартабаҳои мансабҳо, ки сатҳи гуногун вазифаҳои муайянро иҷро мекунанд (ташкилоти вертикалӣ).
3. Системаи коммуникатсионӣ — роҳ ва усули расондани иттилоот, фармон ва амрҳо «аз боло ба поён» ҳаракат мекунанд; ҳисоботи тобеин, мунозира ва ивази фикрҳо дар сатҳи мувофиқ ва фаъолият дар сатҳи мувофиқи худ «аз поён ба боло» ҳаракат мекунанд.
Ҳамаи ин амалҳо ба расмият дароварда шуда, идоранамоии роҳбаронро дар ташкилот мустаҳкам мегардонад, инчунин қарорҳои идорнаморо назорат карда, танзимро таъмин менамояд.
Ташкилоти расмӣ ҳамчун воситаи муташаккили, ки дар асоси алоқаҳо мавқеъҳо ва меъёрҳои расмӣ иҷтимои сохта шудааст. Асоси шакли ташкилот тақсимоти меҳнат ташкил менамояд ва дар намудҳо, вазифахо мавқеъҳо зоҳир мегардад. Ташкилоти расмӣ чунин хусусиятҳо дорад.
1. Мақсаду маромнокии маълум ва ошкоро;
2. Нақшаи муайяни фаъолнокӣ;
3. Меъёр ва қоидаи фаъолият;
4. Намунаи рафтори хизматӣ;
5. Арзишхои муайян;
6. Функсияи муайян.
Ташкилотҳои расмӣ се намуд мешаванд:
 Озодона (ихтиёрӣ);
 Маҷбурӣ;
 Аз руи манфиат.
Ташкилотҳои ихтиёрӣ- ин иттиҳодияҳое, ки аъзоёнаш дорои ҳуқуқи озодона дохил шудаанд ва хориҷ шудан аз онро дорад: клуби шоҳмотистҳо, ҷамъияти ҳифзи ҷангал, ҷамъитяи моҳидорон, асотсиатсияи сотсиологҳо, ки аъзоёни он маош намегиранд ва вақтҳои холиашонро самаранок мегузаронанд.
Аъзоёни ташкилоти расмӣ маҷбурӣ ғайри хоҳиши худ ба он дохил мешаванд. Масалан, шахс ба беморхонаи касалиҳои рўҳӣ ё маҳбас меафтад, ё ин ки ба хизмати ҳарбӣ меравад.
Фардҳо инчунин ба мақсадҳои муайян ба ташкилоти расмӣ дохил мешаванд, мисли донигоҳҳо, ширкатҳо, асотсиатсияҳои фермерӣ, итифоқҳои касбӣ ва ғ.
Дар асоси камбудиҳо ва норасоиҳои ташкилотҳои расмӣ ташкил мешавад. Ташкилоти ғайрирасмиро ташкилотҳои расмӣ ба вуҷуд меоранд. Ташкилоти ғайрирасмӣ аз ташкилоти расмӣ сарчашма мегирад. Ташкилоти ғайрирасмӣ пеш аз ҳама шабакаи алоқаҳои байнишахсӣ аст. Барои гурехтан аз кашолкориҳои бюрократӣ коргарон байни худ созишномаҳои ғайрирасмӣ мебанданд ва дар муҳити кори муносибатҳои ғайрирасмӣ ва дўстонароба роҳ мемонанд. Барои халос шудан аз меъёрҳои бюрократӣ, коргарон аксаран бо якдигар созишномахои гайрирасмӣ қабул мекунанд. Дар асл барои он, ки ташкилоти расмӣ бе камбудӣ кор кунад барои шарҳ ва дастгирии максадҳо ва фаъолияташ ба ташкилоти ғайрирасмӣ зарур аст. Ҳамин тариқ, одамон ба гурўҳи калонтаре алокаманданд, ки накши миёнаравро байни онҳо ва ташкилоти расмӣ мебозан. Ғайр аз ин сохторхои бюрократӣ ба бисёре аз коргарон таъсири манфӣ мерасонад ва онҳо хамдардии дустон ва наздиконро дар вазъияти кори тавассути ташкилотҳои ғайрирасмӣ меҷўянд.
Барои он, ки ташкилотҳои расмӣ бетанаффус кор кунанд, бояд дар дохили худ ташкилотҳои ғайрирасмӣ дошта бошанд.
Ташкилотҳои ғайрирасмӣ дар асоси манфиатхои умуми ва муносибатхои тарафайни гурўҳи аввалин ташкил шуда, сохтори ғайрирасмии худидоракунӣ ва худтанзимнамоиро доранд, аксар вақт пинхони амал менамоянд. Шахс дар ин гуна ташкилотҳо нисбатан озод фаъолият менамояд, зеро онҳо меъёрҳо ва қоидаҳои оҳанини устувор надоранд. Лекин дар ин гуна ташкилотҳо имкониятхои эҷодӣ, фаъолияти сермаҳсул ва коркарди наовариро бештаранд. Ба мисоли ташкилотҳои ғайрирасмӣ ташкилоти ҷинояткорон, дуздон, ҳизби таъриф, корхонаҳои пинҳонии истеҳсолот, маҳфилҳои пинҳонӣ мухолиф ва ғайра баромад намуда метавонанд.
Ташкилоти расмӣ аз ташкилоти ғайрирасмӣ бо ҷиҳатҳои фаъолият фарқ мекунанд. Аз як тараф, ташкилотҳои расмӣ аз ташкилотҳои ғайрирасмӣ ба вуҷуд меоянд, аз тарфи дигар, ташкилотҳои расмие, ки ба вуҷуд омадаанд, бе чуну чаро ташкилотҳои ғайрирасмиро ҳамчун неруи пуркувваткунандаи муносибатҳо корӣ ва барои пурра гардонидани қонунҳои маъмурӣ ба вуҷуд меоранд.
Ташкилотҳои ғайрирасмӣ дар навбати худ се вазифаро иҷро мекунанд:
1. паҳнкунии ақидаву фикрҳо;
2. қарорҳо ё ҳалли масълаҳо, ки бо роҳи расмӣ ҳал намешаванд;
3. ҳурмату эҳтиром, обрў ва озодии интихоб;
Яке аз нишондодҳои ташкилоти расмиро Ч.Барнард дар принсипи мушаххасии ташкилот мебинад, ки аз руи принсипҳои корӣ бе чуну чаро ҳамаи коргарон бояд итоаткор бошанд вадар як нуқтаи маркази мутаҳид шаванд. Ин амал метавонад рафти фаъолияти кории ташкилотро пукувват намояд.
Ҳангоми, ки аъзои ташкилот микдоран кам аст дар асоси муносибатхои бевоситаи шахсии аъзоёнаш вазифахои ичтимоии хешро хело самаранок ба роҳ мемонанд. Аммо хангоми ташкилоти бузург ноил гаштан ба максади муаяне манфиатдор аст он бе тасдики коидахои расми истехсоли ва маъмури ташкилотхои бузург функсияи, ки ба сами худ гирифтааст хуб ичро мекунад ба ин талаботхои ташкилот бюрократия ҷавобгу аст.

Идоракуни дар ташкилот.

Табиист, ки асоси амалнамоии ташкилотҳои расмӣ идоранамоӣ маҳсуб мешавад. Методҳои идоранамоӣ — ин маҷмўи методҳои иҷтимоии таъсири мақсаднок расонидан ба коргарон, гурўҳҳо ва коллектив ҳаст. Дар ҳар зина идоранамоӣ ба праблемаҳои махсус дучор меояд ва аз ин рў, методҳои мувофиқро кор карда мебароянд. Нисбати коргарони алоҳидаи корхона намудҳои гуногуни таъсиррасониро истифода менамоянд, мисли:
• Тавассути фармону супоришҳо;
• Тавассути шавкмандгардонӣ;
• Тавассути системаи арзишхо;
• Тавассути муҳити иҳотакардаи иҷтимоӣ (дигаргунсозии шароитҳои мехнат ва ғайра).
Дар раванди роҳбари хусусиятҳои шахсии роҳбар зохир мегардад. Аз ин рў, тарзҳои гуногуни роҳбарӣ ба вуҷуд меоянд. Тарзи роҳбариро ҳамчун зуҳуроти мунтаззами ягон сифати шахсии роҳбар дар муносибаташ нисбати тобеин ва дар тарзҳои ҳалли проблемаҳои корӣ муайян намудан мумкин аст.
Намудҳои зерини тарзи роҳбариро ҷудо мекунанд:
 Роҳбарии авторитарӣ — ҳангоме, ки рохбар ақидаи зердастонашро ба инобат намегирад ва иродаи худро ба онҳо бор мекунад;
 Роҳбарии демократӣ — ҳангоме, ки зердастон ба ҳалли масъалаҳои умумӣ ҷалб карда мешаванд;
 Роҳбарии заифона — ҳангоме, ки роҳбар худ аз роҳбарӣ худро канори мегирад, ба коллектив таъсири назаррас расонида наметавонад.
Тарзи роҳбарӣ ба маданияти роҳбарӣ алоқаи зич дорад . Тарзи роҳбарӣ дар ҳавасмандгардонии меҳнат зоҳир мегардад. Ҳавасмандгардонӣ — ин методи таъсир расонидан ба рафтори меҳнатии коргарон тавасути қонеъ гардонидани талаботҳои онҳо мебошад, ки ҳамчун ҷуброн ба ивази кўшиши меҳнатӣ баромад менамояд. Қаноатмандӣ инсонро ба иҷрои рафтори муайян водор месозад, ки нисбат ба таъсири руирости идоракунанда хеле самаранок аст.

Бюрократия ва олигархия

Бюроктария –сохтори иҷтимоиест, ки дар асоси иерархия (тартиботи итоаткунии ташкилотҳо ва одамон, ба ташкилотҳо ва ба одамони дигар аз рўи мансаб), мансабҳо, қоидаҳо ва тақсими функсияҳои ҳокимият ба рох монда шудааст. Дар ҳастии рўзмара истилоҳи мазкур баъдан ба маънои бесамсари ташкилоти муайян истифода мебаранд. Калимаи бюрократия ҳаммаънои истилоҳи мансабдор (чиновник) аст, ки махдудхои кори худро дар когаз ҳуҷҷатҳо пинҳон медорад. Барои ин гуна мансабдор расмияти хуҷҷатӣ аз ҳама муҳим аст.
Аввалин назария оиди муносибатҳои кории расмиро чун нишонаи муҳими ташкилотҳои маъмурӣ аз тарафи М. Вебер дар консепсияи бюрократия пешниҳод шуда буд. М. Вебер дар консепсияи худ қайд менамояд, ки брократия кодир аст дастовардхои колективии одамонро ифода намояд ва ба низом дорад. Ҳарчанд Веберо як катор ҷиҳатҳои манфии идораи бюрократӣ ба ташвиш оварда буд, аммо ў боварии дошт, ки барои идораи оммаи васеи халқ сохтори бюрократӣ шароити заруриро фароҳам месозад. Ў бюрократияро навъи идеали номидааст, гарчанде, ки асосҳои он ба бюрократияи ҳозира мувофиқат намекунад. Мувофиқи андешаи М. Вебер Бюрократия аз нигоҳи ў тарафҳои зерин дорад:
1. Ҳар як зинаи мансаб ўҳдадориҳои муайян ва масъулияти мушшахас дорад, ки таввасути онҳо фаъолияти мунтазами ташкилот мувофиқ ба принсипҳои тақсимоти меҳнат ва вазифаҳо ба роҳ монда мешавад;
2. Тамоми вазифаҳо дараҷаи муайяни иерархи дорад ва дар ташкилот мақоми муайянро ишғол мекунад ва онҳо дар маҷмўъ шакли пирамидаро доранд. Шахсони мансабдор вобаста ба мавқеи мансабашон ба якдигар ҳисобот медиҳанд. Онҳо ба мансабдорони боло на танҳо оиди рафтору амали худ, балки ба тобеъёнашон ҷавобгар мебошанд;
3. Ҳамаи фаъолияти ташкилот дар асоси низоми қоидаю меъёрҳои абстрактӣ сарчашма гирифта, масъулияти мансабдорони гуногунро алокамандии байни онҳо ба роҳ мемонад. Маҳз меъёру қонунҳои мустаҳкамшуда намуд ва сифати иҷрои фаъолияти ташкилотро новобаста аз ивазшавии мансабдорони он таъмин месозад;
4. Ҳамаи вазифаҳо дар асоси қобилияти шахс пешниход мегардад кормандони ин вазифахоро на дар асоси сифати шахси, балки бо тавонистани кори муаяйн кабул мекунанд. Кормандони баландихтисос хубтар аз ичрои ухдадорихояшон мебароянд. Аммо шахсоне, ки дар асоси алоқахои хешутабори ва ошнобозӣ ин вазифаҳоро ишғол намудаанд, баръакс ба ташкилот ва фаъолияти он монеъ мешаванд. Касбият ва мутахассис будани шахсро дар асоси дараҷаи илмӣ ба роҳи паст муайян кардан мумкин аст.
5. Мансабдорони ташкилот меросхури курсии худ набуда, вазифаи моликияти худи ташкиллот ба хисоб мераванд. Аз ин рў, кордиҳандагон маҷбур ҳастанд, ки ба ҳамкорони хеш тамоми шароити зуруриро таъмин намоянд.
6. Фаъолият дар ташкилот ҳамчун карера маҳсуб мешавад. Ба дараҷаҳои баланди мансабҳо шахсан таввасути собиқаи кори ё хизматҳои бузургашон мерасад. Ҳангоме, ки мўҳлати фаъолияти корманд сипари мегардад, ўро ба нафақа гусел менамоянд. Таввасути ин меъёр вазифаҳо ё мансабҳо бо кадрҳои нав ба нав таъмин мегарданд;
7. Фармонҳо ва нишондодҳои маъмурият дар шакли хаттӣ содир шуда, доимо ҳифз мегардад. Бо андешаи Вебер, идораи бюрократии хусусиятҳои ҷомеаи сармоядорӣ аст.
Лекин ин андешаи оптимистии Веберро баъзе сотсиологҳо танқид намуда, андеша доранд, ки бюрократия одамонро ба печутобҳои дастгоҳи ташкилот табдил медиҳад. Дар ташкилотҳои расмӣ озодии шахс имконнопазир аст.
Шакли идеалие, ки Вебер нишон додаст дар амалия имконнопазир аст, зеро:
1. фардҳо на танҳо барои ташкилот вуҷуд доранд, онҳо барои беҳбудии зиндагии шахсӣ дар дохили ташкилот ба корҳои «зишт» машғул мешаванд ва манфиатҳои хешро тавассути ташкилот амалӣ мегардонанд;
2. бюрократия аз тағйирёбии ҷомеа ҳифзнашаванда аст. Бо иваз шудани вазъи иҷтимоӣ ташкилот зуд ба ин тағйирот мутобиқ шуда наметавонад. Аз ин рў, дар фаъолияти ташкилот мушкилотҳо сар мезананд.
Аз ин рў, баръакси Вебер бюрократияро бисёри сотсиологҳо харобсозандаи низоми идоранамоӣ номида, маҳдудияти онро махсус қайд менамоянд. Вебер тасдиқ менамояд, ки сохтори бюрократии аъзоёни хешро ба коидаю меёрҳои муайян мутобиқ мегардонад, ки онҳо фаъолияти хешро бе таёрии механикӣ ва бе эҷодкорӣ иҷро менамоянд. Дар натиҷаи ин гуна иҷтимоигардонӣ аъзоёни ташкилот ҷаҳонбии танг ташккул ёфта, дар натиҷа бо иваз намудани шароити хешро хуб мутобиқ гардонида наметавонад. Аз ин рў, ташкилотҳо дар вазъияти тағйирпазирӣ ба муҳити иҷтимоӣ нодаркор ва зараровар мегарданд, дар натиҷа он ба ташкилоти нолозими иҷтимоӣ муббадал мегардад.
Ба вазъи бўҳронӣ ба вуҷуд омада бюрократия ҷавогў шуда наметавонад, мушкилиҳоро боз ҳам мураккб мегардонад. Мансабдорон танҳо кўшиш менамоянд, ки мушкилиҳои назаррасро барқарор кунанд то каме ҳам бошад нисбати дигар аъзоёнашон беҳбудиҳоро ба миён оранд. Дар ҶТ ҳам ташкилотҳои расмие вуҷуд доранд, ки кори пурсамар надоранд, бесамар амал менамоянд, ба буҷаи давлат маблағҳои калонро фурў мебаранд.
Вебер бюрократияро механизми асосии дастовардҳои пурсамари ташкилот меҳисобид, аммо Толкотт Парсонс куллан фикри дигар дорад. Мувофиқи андешаи ў бюрократия дастгоҳест, ки шумораи мансабҳоро зиёд намуда, доираи мехнатро барои он васеъ мегардонад, ки микдори вазифадорон зиёд гардад.
Бюрократиякунони ва коррупсия, иштироки васеи мансабдорон дар тиҷорат, ишғол намудани ячанд мансабҳо дар ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия аз ҷониби як шахс, кўшиши маҳдудгардонии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон аз ҷумлаи маҳдудиятҳои ҷиддии низоми бюрократии ҷомеаҳои муосир ҳастанд.
Олигархия – ташкилотест, ки мисли дигар гурўҳҳои иҷтимоӣ имконияти васеи таъмини идоракунӣ дорад. Ин гурўҳ на танҳо идоранамоӣ, мукофотдиҳӣ ва ҷазодиҳӣ, балки имконияти муаяйннамоии воқеияти иҷтимоӣ ва гирдоварии таҷрибаи иҷтимоиро дорад. Дар олигархия манфиати фардҳои алоҳида аз манфиати ҷомеа боло гузашта мешавад. Дўсти Вебер сотсиологи бузург Роберт Михелс андеша дорад, ки низоми бюрократӣ охири охирон ба олигархия оварда мерасонад. Дар натиҷа ҳокимият ба дасти якчанд шахс меафтад ва аз ин вазъияти хуби иҷтимоӣ ба манфиати худ истифода мебаранд. Роберт Михелс ин анъанаро « қонуни оханини олигархия»номидааст. Ў сабаби асосии пайдоиши олигархияро дар ташкилотҳои расмӣ чунин тавсиф менамояд:
1. Олигархия сохтори иерархӣ дорад ва ҳокимият аз боло ба поён масъул мебошад;
2. Идоракунанда нисбати ҳамкорони хеш бартарияҳои зиёд дорад. Онҳо иттилооотеро дар даст доранд, ки ба дигарон дастрас нест. Онҳо таҷрибаи бойи сиёсӣ ва захираҳои маъмурии идоракунӣ мебошанд. Пули зиёд, алоқаҳои муфид ва воситаҳои муҳофизатии хешро доранд;
3. Аъзоёни оддии ташкилот намехоханд масъулиятро ба душ дошта бошанд, ки ин ба зиммаи роҳбари ташкилот аст ва ба масъалаҳои ташкилот бетафовут муносибат менамоянд.
Михелс андеша дорад, ки кам роҳбарони ташкилоте ёфт мешаванд, ки бо роҳи демократӣ вазифаи хешро амалӣ намоянд. Аммо на ҳамаи ташкилотҳои иҷтимоӣ олигархианд.