Озмоиши иҷтимоӣ.

Озмоиш яке аз усулҳои аз ҳама гуногуншакл ва мураккабу маъмули ғун кардани иттилооти ибтидоии сотсиологӣ мебошад. Озмоиш дар сотсиология — ин чунин усули ғун кардан ва таҳлили маълумотҳои амалӣ мебошад, ки бо ёрии он бо роҳи аз рўи нақша идора намудани шароитҳо ва фарзияҳо оиди сабабҳои робитаҳои ҳодисаҳо санҷида мешаванд. Аз байни ҳамаи усулҳо маҳз озмоиш бештар фаъол ва таъсирбахштарин усул аст, зеро он дорои имконияти воридшавии тадқиқотчиён ба соҳаи шавқманди воқеият мебошад.
Озмоиши иҷтимоӣ чунин хусусиятҳо дорад:
 Дахолат ба низоми ҳақиқати объективӣ;
 Ворид намудани омили озмоишии нисбатан танҳо аз рўи нақшаи муайян, эҳтимол бо дигар омилҳо омехта бошад;
 Самараҳои тағйиротҳои тағйирёбандаҳо мустақил ва бояд ченкунанда бошанд ва бояд бо таъсири тағйирёбандаҳои мустақил фаҳмонда шаванд (омили озмоишӣ);
 Назорати нақшавӣ аз болои ҳамаи омилҳои мавҷуда.
Ҳангоми озмоиши иҷтимоӣ сотсиолог бояд ду вазифаи бо ҳам алоқамандро ҳал намояд:
 Асоснокии назариявии сохтори озмоиш ва оқибатҳои он;
 Интихоби усулҳои таҳлили тағйиротҳои ба амаломада дар зери таъсири омилҳои назоратӣ ба объекти иҷтимоӣ.
Ин масьалаҳо дар барномаи озмоиш амалӣ мешаванд. Барномаи озмоиш ин ҳуҷҷатест, ки дар он ҳамаи амалиётҳои озмоишӣ пешакӣ ба нақша гирифта мешаванд, мисли:
 Таснифоти ҳолати ҳалталаб;
 Муайян кардани предмет, мақсадҳо ва вазифаҳои таҳлили озмоишӣ;
 Асоснок намудани интихоби обьектҳо, ки ба сифати гурўҳҳои озмоишӣ истифода бурда мешаванд.
Тасвири амсилаи ҳолати озмоишӣ (омилҳо ва шароитҳои озмоиш);
 Баёни фарзияҳои озмоиш;
 Асоснок намудани андозаи озмоишгузаронӣ;
 Коркарди методикаи озмоиш;
 Таҳлили натиҷаҳои озмоиш.
Озмоиш дар соҳаҳои зерин истифода бурда мешавад:
1. Дар тадқиқоти сотсиологӣ озмоиш ҳамчун исботи фарзияҳои тадқиқот;
2. Дар рафти тадқиқоти ёрирасон якҷоя бо дигар усулҳо;
3. Дар ҳамаи илмҳои ҷамьиятшиносӣ;
4. Ҳамчун усули асосии технологияи иҷтимоӣ.
Муайянсозии соҳаҳои ҳодисаҳои иҷтимоӣ вобаста аст аз:
 Хусусиятҳои обьекти тадқиқот;
 Он, ки хислати таъсирпазирии (таассури) гурўҳи иҷтимоӣ ба тағйироти нақшавӣ то чӣ андоза омўхта шудааст.
Ҳудудҳои истифодабарии озмоишро чунин арзёбӣ намудан мумкин аст:
1. Ба таври озмоиш танҳо он обьектҳое омўхта мешаванд, ки идоранамоии озмоиши иҷрои вазифаи онҳоро дар дохили низоми додашуда (фаъолият ва рафтори одамон) вайрон ва беҷо намекунад;
2. Ба таври озмоиш он обьектҳое омўхта мешаванд, ки дар холати натиҷаҳои манфӣ камтарин зарар мебинанд.
Одатан дар озмоиш ду намуди обьект ҷудо карда мешаванд: гурўҳҳои назоратӣ ва озмоишӣ.
Гурўҳи озмоишӣ — ин гурўҳест, ки ба воситаи омили озмоишӣ ба он таъсир мерасонанд. Аз гурўҳи озмоишӣ талаб карда мешавад, ки ҳайати он дар давраи озмоишӣ бояд бетағйир бошад (баъзан ҳатто розигии аъзоёни гурўҳи озмоишӣ лозим аст).
Гурўҳи назоратӣ — ин гурўҳест, ки аз рўи аломатҳояш ба гурўҳи озмоишӣ монанд аст, аммо ба он омили озмоишӣ таъсир намерасонад. Ҳангоми вуҷуд доштани гурўҳи назоратӣ тозагии озмоиши иҷтимоӣ баландтар эҳсос карда мешавад, чунки таъсири нишондиҳандаҳои иловагӣ дар ҳар ду гурўҳ эҳтимолияти якхела доранд.
Омили озмоишӣ (тағйирёбандаи мустақил) шароит ё низоми шароитҳоест, ки сотсиолог онро муҳайё мекунад. Ин тағйирёбанда идорашаванда аст, агар равиш ва ҳаҷми таъсири он мувофиқи талаботҳои барнома бошанд. Ҳолати озмоишӣ – ҳолатест, ки мувофиқи барномаи тадқиқот барои гузарондани озмоиш муҳайё карда мешавад. Омили озмоишӣ ба шароити ҳолати озмоишӣ дохил карда намешавад.
Аз рўи сохтор ҳолати озмоишӣ чунин тавсифот дорад:
 Шароитҳои озмоишӣ;
 Омилҳои суханӣ ва предметӣ:
 Дастурамалҳо:
 Вуҷуд доштани озмоишгарон;
 Вуҷуд доштани озмудашавандагон;
 Таъсирпазирии озмоишчиён.
Озмоишҳои иҷтимоиро чунин тасниф менамоянд;
1. Аз рўи хислати ҳолати озмоишӣ — саҳроӣ ва лабораторӣ:
2. Аз рўи хислати сохтори озмоишӣ ҳамчун фаъолият — озмоиши лоиҳавӣ, яъне аз ҳозира ба оянда нигаронда шудааст ва квазиозмоиш (аз гузашта ба ҳозира):
3. Аз рўи хусусияти вазифаи тадқиқотӣ – дар соҳаи илм ва амалӣ.
4. Аз рўи хислати обьекти тадқиқшаванда – сотсиологӣ, иҷтимоӣ – равоншиносӣ, иқтисодӣ ва ғайра.
5. Аз рўи хислати сохтори мантиқии исбот — ҳамроҳ (ду гурўҳ таҳқиқ мешаванд) ва пайдарҳам (як гурўҳ таҳқиқ мешавад).
Нисбати озмоиши иҷтимоӣ чунин талаботҳо вуҷуд доранд:
 Барномаи озмоиш бояд пешакӣ хеле хуб тайёр карда шавад;
 Истифодабарии озмоиш иҷтимоӣ ҳатман бояд боиси зиёдшавии донишҳо гардад;
 Сохтор ва шароити озмоиш принсипҳои асосии объекти таҳқиқшавандаро набояд халалдор кунанд;
 Озмоиш бояд идорашаванда бошад.
Худи ҷараёни ташкилот ва гузарондани озмоиш боиси пайдо шудани диди нав ба ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои мураккаби иҷтимоӣ мегардад.