Методология ва методҳои тадқиқоти сотсиологӣ

Тадқиқоти сотсиологӣ ва намудҳои он

Тадқиқоти сотсиологӣ яке аз тарзҳои асосии инкишофи донишҳои сотсиологӣ мебошад, ки тадқиқотчӣ ё гурўҳи тадқиқотчиён онро барои ҳалли масъалаҳои муайяни иҷтимоии ҷомеа истифода мебаранд. Мафҳуми «тадқиқоти сотсиологӣ» — ро аввалин бор соли 1897 сотсиологи фаронсавӣ Эмил Дюркгейм дар асараш «Худкушӣ» ба доираи истилоҳи илмӣ ворид намудааст. Маҳз аз ҳамон вақт тадқиқотҳои сотсиологӣ ба бунгоҳи донишҳои сотсиологӣ, ба тарзи махсуси маърифати иҷтимоӣ табдил дода шуданд. Аз охири асри XIX ва ибтидои асри XX тадқиқотҳои сотсиологиро дар ҷаҳон васеъ истифода мебаранд.
Дар табиатшиносӣ, мардумшиносӣ, иқтисодшиносӣ ва равоншиносӣ дар ин давра аллакай анъанаҳои тадқиқотҳои назариявӣ ва амалӣ устувортар гаштанд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ дар аксарияти мамлакатҳои дунё ба мушоҳидаҳои иҷтимоӣ — оморӣ такя мекарданд. Аввалин феҳристи амрикоӣ оиди тадқиқотҳои иҷтимоӣ дар солҳои 1930 тартиб дода шуда буд, ки дар он номгўи 2775 тадқиқот оварда шуда буданд. Аксарияти онҳо аслан бо рушди донишҳои сотсиологӣ алоқамандӣ надоштанд.
Тадқиқоти сотсиологӣ — ин маҷмўи низоми амалиётҳои мантиқан пайдарҳами методологӣ, методӣ ва ташкилӣ — технологӣ мебошад, ки имконият медиҳад маълумотҳои аниқ оиди ҳодисаю ҷараёнҳои омўхташаванда ба мақсади истифодабарии онҳо дар амалияи идоранамоии иҷтимоӣ ба даст оварда шаванд. Азбаски дар амалияи тадқиқотҳои сотсиологӣ ибораҳои «методологияи тадқиқоти сотсиологӣ», «амалиёти тадқиқоти сотсиологӣ», «олоти тадқиқоти сотсиологӣ», «техникаи тадқиқоти сотсиологӣ», «методикаи тадқиқоти сотсиологӣ», «методҳои тадқиқоти сотсиологӣ», «стратегия ва тактикаи тадқиқоти сотсиологӣ» тез — тез дучор мешаванд, лозим аст маъно ва моҳияти онҳоро дар ин ҷо шарҳ диҳем.
Методологияи тадқиқоти сотсиологӣ — ин қисми таркибӣ ва соҳаи махсуси маърифати сотсиологӣ аст, ки мазмуни он — маҷмўи принсипҳо ва тарзҳои ташкилу баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявию амалӣ, низоми меъёрҳо ва қоидаҳои ташкили тадқиқоти сотсиологӣ мебошад. Дар фарқият аз методология методҳо ва амалиётҳои тадқиқот — ин низоми қоидаҳои ба расмият даровардашудаи ғун кардан, коркард ва таҳлили иттилооти дастрасшуда мебошад.
Амалиёти тадқиқоти сотсиологӣ — ин мафҳуми умумитарин аст, ки маънои низоми роҳҳои ғун кардан ва коркарди иттилооти сотсиологиро дорад. Амалиёт — ин пайдарҳамии ҳаракатҳои маърифатӣ ва ташкилӣ, тарзҳои ташкили тадқиқот мебошад.
Методи тадқиқот — усули асосии ғун кардан, коркард ва таҳлили маълумотҳо мебошад.
Методикаи тадқиқоти сотсиологӣ — ин ҷамъи усулҳои хусусӣ аст, ки имконият медиҳанд, ин ё он усул дар соҳаи предмети дилхоҳ барои ғун кардан ва банизомдарории маводи амалӣ истифода бурда шавад.
Олоти тадқиқоти сотсиологӣ — низоми тарзҳои методӣ ва техникии гузаронидани тадқиқот мебошад, ки дар шакли ҳуҷҷатҳои гуногуни амалиётҳо ифода меебанд: дастурамали мусоҳиб, дастурамали гузаронидани мушоҳида, дастурамали интихобнамоӣ, дастурамали таҳлили ҳуҷҷатҳо, варақаҳои пурсиш, суратмаҷлисҳо, варақаҳои коркарди МЭҲ ва ғайра.
Тактикаи тадқиқоти сотсиологӣ — ин бо қувваю имкониятхои камтарин дар фосилаи вақту фазои кўтоҳтарин гузарондани тадқиқоти сотсиологӣ мебошад.
Стратегияи тадқиқоти сотсиологӣ — ин гузаронидани тадқиқот бо қувваю имкониятҳои зиёд дар фосилаи вақти зиёду фазои калон мебошад.
Гуфтаҳои болоро бо мисолҳо мефаҳмонем: метод — пурсиш бо ёрии саволнома; методика — варақаи пурсиш якҷоя бо дастурамал ба посухгир; техника — тарзҳои баёни саволҳо дар саволнома, олот — варақҳои саволнома ва қалам;
Бояд қайд намуд, ки дар сотсиология як қатор усулҳо, методикаҳо ва амалиётҳои дигар илмҳо истифода бурда мешаванд: озмоиш, ҷадвалсозӣ, амсиласозии иҷтимоӣ, сотсиометрия, таҳлилҳои низомӣ, генетикӣ, таърихӣ ва ғайра. Дар таҳқиқи ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иҷтимоӣ, ки ба таври оммавӣ гузаронда мешаванд, усулҳои миқдорӣ ва сифатӣ — баҳодиҳии экспертӣ, санҷишномаҳо, усулҳои оморӣ ва риёзӣ, фокус — гурўҳ васеъ истифода бурда мешаванд.
Ҷараёни гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ мураккаб ва бисёрдавра аст. Дар адабиёти сотсиологӣ 2,4,5 ё 11 давра нишон дода мешаванд. Ду давра: 1) омодагӣ; 2) худи тадқиқот. Чор давра: 1) омодагии тадқиқот; 2) ғун кардани иттилооти ибтидоии сотсиологӣ; 3) омода сохтани иттилоот барои коркард ва кор кардани он дар МЭҲ; 4) таҳлили иттилооти коркардашуда, тайёр кардани ҳисобот аз рўи натиҷаҳои тадқиқот ва баёни хулосаҳо. Сотсиологи рус А.Г Здравомислов чунин ақида дорад, ки ҳар як тадқиқоти сотсиологӣ аз панҷ давраҳои амалиёти тадқиқотӣ иборат аст:
1. Тартиб додани барномаи тадқиқот;
2. Муайян кардани объект ва воҳидҳои мушоҳида;
3. Коркарди воситаҳои ғун кардани маводҳо — методикаи тадқиқот;
4. Ҷамъоварии маводҳо;
5. Таҳлили маводҳо ва ҷамъбасти онҳо.
Доктори сотсиология Ҷ. Масионис дар китоби дарсии «Сотсиология» (Москва, 2004) 11 давраҳои зерини тадқиқоти сотсиологиро номбар кардааст:
1. Мавзўи тадқиқоти сотсиологӣ чист? Кунҷковӣ ва истифодабарии диди сотсиологӣ боиси пайдоиши ғояҳои дилхоҳи тадқиқоти иҷтимоӣ мегарданд. Предмете, ки шумо барои мавзўъ (омўзиш) интихоб мекунед, эҳтимол, бароятон аҳамияти шахсӣ дорад;
2. Ба дигарон аллакай чӣ маълум аст? Эҳтимол, шумо аввалин шахсе нестед, ки масъалаи мазкурро дида мебароед. Ба китобхона равед ва бубинед, ки мавзўи тадқиқотии шуморо кӣ ва бо кадом усулу назарияҳо аллакай омўхта аст. Ҳангоми таҳлили ин тадқиқотҳо ба он диққат диҳед, ки кадом саволҳо ё масъалаҳои нав пайдо мешаванд;
3. Дар тадқиқоти шумо кадом саволҳои мушаххас монда шудаанд?
Тасвир кардани категорияҳои муайяни одамон? Омўхтани робитаҳои сабабу натиҷавӣ байни ҳодисаҳо? Агар тадқиқоти шумо характери ҷустуҷўӣ ё тасвирӣ дошта бошад, пас аниқ кунед, ки шумо киро ( чиро) омўхтан мехоҳед, дар куҷо тадқиқот гузаронда мешавад ва ҷавоби кадом саволҳоро дарёфт кардан лозим аст. Агар тадқиқот характери ҷустуҷўӣ дошта бошад, пас ғайри гуфтаҳои боло боз зарур аст, ки фарзияи мувофиқро баён карда, бо ҳар як тағйирёбанда амалиёт гузаронида шавад;
4. Барои гузаронидани тадқиқот ба шумо чӣ лозим аст? Чи кадар маблағ ва вақт доред? Барои гузаронидани тадқиқот барои шумо маснуоти махсус ё малакаҳо лозиманд?
5. Оё шумо тадқиқотро мустақилона иҷро карда метавонед? Ҳангоми ба нақшагирии барномаи тадқиқот ба ин саволҳо бояд аниқ ҷавоб диҳед.
6. Кадом мушкилоти маънавӣ вуҷуд дорад? На ҳар тадқиқот бо мушкилоти маънавӣ рў ба рў мешавад, вале шумо бояд ба ин омода бошед. Чӣ тавр нақшаи тадқиқот ба шумо имкон медиҳад эҳтимолияти зараррасониро аз байн бардоред. Шумо барои посухдиҳанда кафолати махфияти тадқиқотро дода метавонед?
7. Аз кадом усулҳо истифода хоҳед бурд? Ҳамаи стратегияҳои асосии тадқиқотро, маҷмўи роҳҳоро дида бароед. Дар ёд доред, ки интихоби усули лозимӣ аз характери саволҳои мондашуда ва захираҳои мавҷуда вобастагӣ дорад;
8. Чӣ тавр маълумотҳоро қайд мекунед (ҷамъбаст мекунед)? Усули интихобкардаатон барои гирдоварии иттилоот мувофиқ аст? Иттилоотро бодиққатона сабт кунед, то ки баъдтар онро таҳлил кардан осон шавад. Ба ҳар гуна зуҳуроти тамоюлнок роҳ надиҳед, то ки объективнокии тадқиқот халалдор нашаванд;
9. Маълумотҳо дар бораи чӣ шаҳодат медиҳанд? Иттилооти бадастомадаро бо дарназардошти саволҳои ибтидоӣ омўзед ва онҳоро шарҳ диҳед. Азбаски дар тадқиқоти шумо фарзия баён шудааст, онро бояд тасдиқ кунед, рад намоед ё тағйир диҳед. Дар ёд доред, ки ба маълумотҳо аз нуқтаҳои назари гуногун (парадигмаҳои назариявии истифодабурдаатон) баҳо додан мумкин аст ва ҳамаи шарҳҳои имконпазирро ба ҳисоб бояд гирифт;
10. Хулосаҳои шумо чӣ гунаанд? Ҳисоботи ҷамъбастиро бо баёни хулосаҳо ва тавсияю пешниҳоди худ тайёр кунед. Дар тадқиқоти шумо кадом назарияи сотсиологиро равнақ медиҳад, усулҳои тадқиқотро беҳтар менамояд? Тадқиқоти шумо аҳамияти сиёсӣ дорад?
11. Аҳли ҷамоатчигӣ барои худ аз кори шумо баҳра бурдан метавонад? Дар охир, худатон ба коратон баҳо диҳед, масъалҳои пайдошударо ва саволҳои беҷавобро қайд кунед.
Таҳлили дуюмбораи маълумотҳо аз ҷамъоварии бевоситаи маълумотҳо самарабахштар аст, инчунин имконият медиҳад, ки ҳодисаҳои таърихӣ таҳқиқ шаванд. Алоқамандии назария ва тадқиқотро нишон диҳед. Тафаккури мантиқии дедуктивӣ аз назарияи умумӣ сар мешавад ва фарзияҳои мушаххаси қобили санҷиш баён карда мешаванд. Тафаккури мантиқии индуктивӣ аз мушоҳидаи хусусӣ (алоҳида) оғоз меёбад ва баъд назарияи умумӣ баён карда мешавад.
Тадқиқотҳои сотсиологӣ намудҳои гуногунро доранд. Интихоби ин ё он намуди тадқиқот вобаста аст аз:
 мақсадҳои тадқиқот (амалӣ ё илмӣ — назариявӣ);
 хусусиятҳои ҳодисаи омўхташаванда;
 малакаҳои амалии сотсиолог, дараҷаи донистани методика ва техникаи тадқиқоти сотсиологӣ.
Таснифоти тадқиқотҳои сотсиологӣ аз рўи аломатҳои гуногун муайян карда мешавад:
1. Аз рўи сатҳи донишҳои сотсиологии ба даст меомадагӣ — тадқиқотҳои назариявӣ ва эмпирикӣ (амалӣ ё мушаххас);
2. Аз рўи равиши мақсадҳо ва вазифаҳо — тадқиқотҳои фундаменталӣ ва ёрирасон;
3. Аз рўи амиқии таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ — тадқиқотҳои иктишофӣ (разведкавӣ, пилотажӣ, зондажӣ), тасвирӣ ва таҳлилӣ;
4. Аз рўи шароити гузаронидани тадқиқот — саҳроӣ ва лабораторӣ;
5. Аз рўи теъдоди такроршавии тадқиқот — нуқтавӣ (якбора) ва такрорӣ;
6. Аз рўи ҳаҷми фарогирии объекти тадқиқотӣ: тадқиқотҳои пурра ва интихобӣ;
7. Аз рўи ҳаҷм ва доираи фарогирии тадқиқот: тадқиқотҳои маҳаллӣ, минтақавӣ, соҳавӣ, умумиҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ;
Тадқиқотҳои назариявӣ бо мақсади ҷамъбасти ҳамаҷонибаи адабиёти илмӣ ва маводҳои назариявӣ оид ба соҳаҳои умумии ҳаёт гузаронда мешаванд.
Тадқиқоти эмпирикӣ (амалӣ) диққати асосиро ба амалияи тадқиқотҳои сотсиологӣ медиҳанд: ғун кардани маводҳои далелдор дар асоси мушоҳида, пурсиш, таҳлили ҳуҷҷатҳо, маълумотҳои оморӣ, коркарди маълумотҳо ва хулосабарорӣ.
Тадқиқоти фундаменталӣ ба сохтану мукаммалгардонии назарияҳои сотсиологӣ ва методологияи тадқиқот нигаронда шудаанд.
Тадқиқотҳои ёрирасон ба мақсади омўзиши масъалаҳои амалӣ барои дигаргунсозии ҳаёти иҷтимоӣ ва тайёр намудани тавсияҳо оиди ҳалли масъалаҳои марбутаи иҷтимоӣ гузаронда мешавад.
Тадқиқоти иктишофӣ (разведкавӣ) — ин тадқиқоти озмоишӣ бо мақсади санҷиши сифати омодагии маводҳои асосии амалиётҳои тадқиқотӣ гузаронда мешавад. Дар рафти он мақсадҳо, вазифаҳо ва фарзияҳо аниқтар мешаванд, олотҳои тадқиқот муайян мешаванд. Ин тадқиқот дар маҷмўи маҳдуди объекти омўхташаванда гузаронда мешавад ва бояд иттилооти фаврӣ ба даст ояд. Аксар вақт ин намуди тадқиқот ба сабаби тез тағйир ёфтани ҳодисаҳо истифода бурда мешавад.
Тадқиқоти тасвирӣ — ин намуди мураккабтари омўзиши объекти иҷтимоӣ мебошад. Одатан ҳангоми таҳқиқи умумиятҳои калони одамон, ки дорои тавсифоти гуногун мебошанд, истифода бурда мешавад.
Тадқиқоти таҳлилӣ намуди хеле мураккаби тадқиқот буда, мақсади он на танҳо тасвири унсурҳои объекти омўхташаванда, балки муайян кардани сабабҳои ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иҷтимоӣ гузарондан мешавад. Тадқиқоти таҳлили корӣ басо пурмасъулият мебошад, ки омодагии хеле хуби барномаи тадқиқот ва ҳамаи амалиётҳои онро талаб мекунад. Вобаста ба ҳайати посухдиҳандагон, характер ва давраҳои тадқиқот намудҳои тадқиқотҳои трендӣ, панелӣ ва лонгитюдӣ вуҷуд доранд.
Тадқиқотҳои трендӣ дар чорчўбаи маҷмўи ягонаи генералӣ ё интихобномаи айнан бо фосилаи муайяни вақт бо максади таҳлили тағйиротҳои пайдошуда дар гурўҳи омўхташаванда гузаронида мешавад. Тадқиқотҳои трендӣ барои омўзиши когорта (гурўҳи синнусолии муайян) истифода бурда мешаванд.
Тадқиқоти такрорӣ ба мақсади муайян кардани болоравӣ ё пастравии инкишофи ҳодиса, тағйироти рушди он гузаронида мешавад. Теъдоди тадқиқоти такрорӣ ва фосилаи вақт байни онҳо аз мақсад ва мазмуни тадқиқот вобастагӣ доранд. Тадқиқоти такрорӣ намудҳои худро дорад (тадқиқоти панелӣ, тадқиқоти лонгитюдӣ)
Тадқиқоти панелӣ – вақте, ки ин ё он объекти иҷтимоӣ баъд аз фосилаи муайяни вақт (солҳо) аз рўи як барнома омўхта мешавад ва бо ин роҳ тамоюлҳои инкишофи он муқаррар карда мешаванд.
Тадқиқоти лонгитюдӣ — як намуди тадқиқоти такрорӣ мебошад, ки дар асоси он ин ё он шахсе (ҷавонон) бо расидан ба синни муайян омўхта мешавад. Барои омўхтани таъсири омилҳои берунӣ (иҷтимоӣ — иқтисодӣ, иҷтимоӣ — фарҳангӣ) ва дохилӣ (инфиродӣ ё гурўҳӣ) ба ин ё он гурўҳи синнусолӣ тадқиқоти лонгитюдӣ истифода бурда мешавад. Дар чунин ҳолат байни тадқиқотчӣ ва посухдиҳанда дар тўли чандин солҳо робита нигоҳ дошта мешавад.
Тадқиқоти нуқтавӣ як бор гузаронида мешавад ва имконият медиҳад, ки дар бораи ҳолат, вазъият ё мавқеи ягон ҳодисаи ҷараёни иҷтимоӣ дар лаҳзаи кунунӣ тасаввурот ва маълумот ба даст оварда шавад.
Дар давраи ҳозира дар Русия ташкилотҳои гуногун тадқиқотҳои сотсиологӣ мегузаронанд, ки барои шиносоӣ маъмултарини онҳоро номбар мекунем:
 ВЦИОМ — МУОАУ (Всероссийский Центр изучения общественного мнения) — Маркази умумирусиявии омўзиши афкори умум. wciom.ru
 Фонд общественного мнения — Хазинаи афкори умyм fom.ru
 POMИP — гурўҳи тадқиқотӣ romir.ru
 ФИМОП — ХТАҶҶ — фонд исследования и моделирования общественных процессов. Хазинаи таҳқиқ ва амсиласозии ҷараёнҳои ҷамъиятӣ fimop.ru
 Национальный институт социально — психологических исследований — Институти миллии тадқиқотҳои иҷтимоӣ — равоншиносӣ monitoring. ru
Дар Тоҷикистон дар соли 2009 тақрибан 22 ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ фаъолона иштирок намуданд. Аксарияти онҳо дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд. Дар байни онҳо ташкилотҳои зерин хело машҳур мебошанд:
 Маркази ҷамъиятии тадқиқотии «Шарқ»;
 Маркази тадқиқоти иҷтимоӣ «Зеркало»;
 Маркази тадқиқоти сотсиологӣ «Афкор»;
 Маркази тадқиқоти иҷтимоӣ — сиёсии «Коршинос»;
 Маркази тадқиқоти экологӣ;
 Маркази дастгирии ислоҳоти маориф «Пульс»;
 Маркази иттилоотию тадқиқотии «Соцсервис»;
 Маркази тадқиқотии «Ҳамкорӣ»;
 Фонди ҷамъиятии «Панорама» ва ғайраҳо.