Глобализатсия ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият.

Глобализатсия падидаи нави иҷтимоиест, ки инсоният аз охири асри ХХ ба он рў ба рў шуд. Дар ҳазораи нав инсоният ба пешорўи раванди глобализатсия қарор гирифт, ки ин ҷараён ояндаи сайёраи моро муайян менамояд. Ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият ва самти тараққиёти он пас аз «ҷанги сард» пайдо шуда, дар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон пас аз барҳам хурдани собиқ СССР доман паҳн намуд. Ҳарчанд то ҳол ба ин зуҳурот бисёре аз давлатҳои ҷаҳон таваҷҷўҳ менамоянд, аммо он решаҳои объективии пайдоишу инкишоф дошта, ҳамчун тамоюли объективии пешрафти ҷамъият маҳсуб шуда, ногузир давлатҳои миллиро ба коми худ мекашад. Зеро заминаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷамъият, мисли инқилоби илмӣ — техникӣ ва иттилоотӣ — хизматрасонӣ, пешрафти истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ва воситаҳои истеҳсолот, баланд рафтани сатҳи маърифатию идеологии ҷомеа, ташкили ширкатҳои транснатсионалӣ (фаромиллӣ), бозори ягонаи иқтисодӣ, инчунин ба миён омадани проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ, мисли терроризм, экстремизм, нашъмандӣ, коррупсия, мушкилоти экологӣ, бехатарии миллӣ, паҳн шудани яроқи ядроӣ, низоъҳои нави иҷтимоӣ, бемориҳои хатарнок инсониятро ба муттаҳидӣ ва ҳамкорӣ даъват менамояд.
Мафҳуми «глобализатсия» аз охири соли 1990 ба гардиши илмӣ ворид гардид. Аниқтараш, аввалин маротиба соли 1983 мафҳуми «глобализатсия» барои ифодаи равандҳои иҷтимоии характери умумиҷаҳонидошта истифода шудааст. Пайдоиши ин мафҳум ба калимаи лотинии «глобус» алоқамандии зич дошта, ба забони тоҷикӣ маънои «кураи замин» ё «ҷаҳонишавӣ» — ро дорад. Истилоҳи «глобализатсия» аз сабаби мазмуни васеъ доштан ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятро фаро гирифтанаш дар доираҳои гуногуни илмӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ҳатто илми «глобалистика» инкишоф ёфта истодааст. Глобалистика ин илм дар бораи глобализм ва антиглобализм, глобализастия ва муборизаҳои антиглобалистикӣ мебошад. Глобалистика аз калимаи лотинии globus — кура ва франсузии global — умумӣ, умум гирифта шуда, ҳамчун илм пайдоиш, мазмун ва динамикаи падидаҳоеро мавриди омўзиш қарор медиҳад, ки ба категорияҳои умумиинсонӣ дохил мешаванд.
Аз ин ҷо метавон хулоса баровард, ки глобализатсия ҳамчун раванди муосири иҷтимоӣ ба офаридани «ҷаҳони ягона» равона шудааст, инкишофи босуръати иқтисодиёти ҷаҳон ба дараҷае омада расидааст, ки устуворӣ ва тараққиёти иқтисодиёти як давлат ба инкишоф ва устувории иқтисодиёти давлати дигар эҳтиёҷ дорад. Барои ҳамин давлатҳо аз таназзули иқтисодиёти якдигарӣ манфиатдор нестанд ва барои пешрафти якдигар кўмак мерасонанд.
Глобализатсия тамоюли умумиҷаҳонӣ ва марҳилаи нави ҳаёти ҷамъиятӣ буда, тағйиротҳои куллии ҷомеа барои пайдоиши он шароитҳои объективии рушдро муҳайё намуданд. Масалан, дар ибтидои асри XX кураи замин байни халқу давлатҳо тақсим гардид. Олам тақсим шуда, ҷомеа ба майдони мубориза табдил ёфт. Аз солҳои 60 — ум сар карда аҳолии курраи замин хешро ҳамчун организми том ва умумияти глобалӣ шинохтанд, зеро дар назди инсоният проблемаҳои глобалии ҷиддӣ пешорў омад, ки ҳал намудани онҳо бо нерўи як ё гурўҳи давлатҳо ғайриимкон буд. Кўшиши якҷояи ҳамаи инсоният оқибатҳои ногувори ин мушкилотҳои глобалиро бартараф карда метавонист. Инқилоби итилоотӣ ва технологӣ, низоми нави хизматрасонӣ (авиатсияи реактивӣ, техникаи реактивӣ, телевизион, компютер, алоқаҳои спутникӣ, телефонҳои мобилӣ, интернет ва ғ.) дар охири асри XX тамоми нуқоти сайёраҳо ба ҳам пайваст гардонид. Инсонҳо дорои қобилияте гаштанд, ки дар як вақт дар қисматҳои гуногуни сайёра ва манотиқи мухталифи олам ба ҳузури ҷисмонии хеш иштирок намоянд. Инкишофи алоқаҳои телефонӣ ва компютерӣ (интернет) ҳамтаъсиррасонии одамонро нерўманд гардонида, фаъолияти онҳоро садҳо маротиб зиёд намуд.
Глобализатсия дараҷаи паҳншавии маданиятҳои пешқадамро метезонад, махсусан, маданияти пешсафони глобализатсия (махсусан, маданияти ғарбӣ — аврупоӣ) вобаста ба истеҳсоли технологияи муосир дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда истодааст. Дар марҳилаи глобализатсия доираи молиявӣ афзуда, саноатикунонии кишварҳои ру ба инкишоф сурат мегирад. Айни замон 60% гардиши моли ҷаҳонӣ ба давлатҳои пешрафтаи саноатӣ рост меояд, ки дар ин давлатҳо ҳамагӣ 20 % аҳолӣ зиндагӣ менамоянд1.
Вобаста ба ин шаклҳои гуногуни глобализатсияро аз ҳам ҷудо менамоянд:
 Глобализатсияи иқтисодӣ;
 Глобализатсияи сиёсӣ;
 Глобализатсияи фарҳангӣ;
 Глобализатсияи экологӣ.
Глобализатсияи иқтисодӣ маънои онро дорад, ки манфиатҳои миллӣ – хоҷагидории субъектҳо аз доираи миллӣ – давлатӣ берун баромада, доираи фаъолияташон дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегирад. Баъдан, проблемаҳои иқтисодии «хусусӣ» дар сатҳи ҷаҳонӣ ва глобалӣ дида баромада мешавад, яъне глобализатсияи иқтисодӣ водор менамояд, ки ба ҷаҳон ҳамчун фазои ягонаи иқтисодӣ назар карда шавад. Глобализатсияи иқтисоди ҷаҳонӣ ба глобализатсияи сиёсӣ бурда мерасонад, яъне аз ин пас ҳодисаи сиёсии давлатҳо кори дохилию миллии онҳо набуда, балки аҳамияти глобалӣ дорад. Зеро вазъи сиёсии як кишвар ба устуворӣ ва ҳолати сиёсии кишвари дигар таъсири худро мерасонад.
Глобализатсия навъи сиёсат ё геополитикае мебошад, ки барои паҳнкунии таъсири маданияти худ аз ҷониби давлат ё гурўҳи давлатҳо дар тамоми олам равона шудааст. Дар муқобили глобализатсия муборизаҳои антиглобалистӣ қарор доранд. Мақсади онҳо муқобилият кардан ба глобализатсия мебошад. Глобализм идеологияи глобализатсия ва антиглобализм идеологияи муборизаҳои антиглобалистикӣ мебошад.
Давлатҳое, ки рўҳияи зиддиамрикоӣ доранд, глобализатсияро марҳилаи нави мустамликагардонии иқтисодии ҷаҳон арзёбӣ менамоянд, ки сарвати сарватмандонро ба маротиб афзуда, фақирону бенавоҳоро боз ҳам қашшоқу нодор мегардонад. Ба андешаи неокоммунистҳо глобализатсия стратегияи нави истисмори оммаи халқ аст. Ҳатто баъзе аз олимон глобализатсияро «америкоикунонии ҷомеаи ҷаҳонӣ»2 арзёбӣ менамоянд.
Аз рўи ақидаи гипербалистҳо глобализатсия зуҳуроти воқеиест, ки дар ҳама ҷо ба назар мерасад, сарҳад надорад ва тартиботи нави ҷаҳониро ҷорӣ мекунад. Онҳо глобализатсияро ҳамчун роҳ ба олами бемарз, ба оламе, ки дар он қувваҳои бозорӣ нисбат ба ҳокимиятҳои миллӣ таъсири бештар дорад. Гипербалистҳо таъкид мекунанд, ки ба сабаби зиёд шудани ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ кишварҳои алоҳида аллакай қудрати назорат аз болои иқтисодиёти худро надорад. Ҳокимиятҳои миллӣ назоратро аз болои зуҳуротҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла бозори молиявӣ аз даст дода истодаанд.
Бар хилофи ақидаи гипербалистҳо, ки гўё ҷаҳоншумулӣ мавқеи ҳокимиятҳои миллиро суст мекунад, аҳли шак (антиглобалистҳо) чунин мешуморанд, ки маҳз ҳокимиятҳои миллӣ мисли пештара фаъолияти иқтисодиро танзим мекунанд ва ҳамоҳанг месозанд.
Тарафдорони назарияи дигаргуниҳо мавқеи миёнаро ишғол мекунанд. Онҳо глобализатсияро қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи бисёре аз дигаргуниҳои ҷаҳони муосир мешуморанд. Аз рўи ақидаи онҳо тартиботи умумиҷаҳонӣ дигаргун шуда истодааст, ҳарчанд бисёре аз мероси вай ҳоло ҳам дар амал аст. Мисол: ҳукуматҳои миллӣ мисли пештара ҳаҷми калони ҳокимиятро дар худ нигоҳ доштааст.
Дар илми ҳозира равишҳои гуногуни таҳқиқи раванди глобализатсия арзи вуҷуд дорад. Масалан, равиши фарҳангӣ глобализатсияро аз нуқтаи назари ҷанбаи тамаддунӣ шарҳ медиҳад. Ҷонибдорони ин консепсия андеша доранд, ки фаҳмиши ягонаи глобализатсия вуҷуд надорад, зеро файласуфҳо, ҳуқуқшиносон, экологҳо, иқтисодшиносон, сиёсатшиносҳо, физикҳо ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ин мафҳумро вобаста ба манфиату мақсадҳо ва сатҳи ҷаҳонбинии хеш арзёбӣ менамоянд. Барои мисол, донишманди амрикоӣ Ф. Ҷеймсон проблемаи мазкурро дар нуқтаи назари зерин таҳлили мантиқӣ намудааст:
 Зуҳуроти иҷтимоие мисли глобализатсия вуҷуд надорад ва ҷаҳон чун тақсимоти миллӣ –давлатӣ боқӣ мемонад;
 Глобализатсия зуҳуроти нав набуда, ҳамеша вуҷуд дошт, зеро одамон аз замонҳои қадим ба сарзаминҳои гуногун муҳоҷират намуда, ба тиҷорат машғул буданд;
 Глобализатсия ба ташкили бозори ҷаҳонӣ алоқамандии зич дошта, мақсади ниҳоии ҷаҳони капиталистӣ ба шумор меравад;
 Глобализатсия марҳилаи нави инкишофи капитализм (капитализми сермиллат) мебошад1.
Фикри хешро Ф. Ҷеймсон давом дода, қайд менамояд, ки маданияти пешрафта дар ҷараёни глобализатсия аз доираи ҳудуди хеш берун баромада, дар ҳудуди маданияти кишварҳои рў ба инкишоф паҳн мешавад. Аз ин рў, глобализатсия америкоикунонӣ ва стандарткунонии доираи истеҳсолот ва истеъмолот аст.
Бисёре аз олимони амрикоӣ глобализатсияро имконияти дар ҷаҳон паҳн намудани принсипҳои озодии сухан, ҳуқуқи инсон ва демократия, воситаи баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва ғ. номидаанд. Донишманди англис Л. Склер глобализатсияро вобаста ба ҷанбаи сотсиологӣ таҳлил намудааст. Андешаи ў нисбати ин масъала чунин аст: «Бисёре аз проблемаҳои муосир дар доираи давлатҳои миллӣ ҳалли худро намеёбад. Ҳалли ин мушкилот дар доираи муносибатҳои байналхалқӣ инконпазир аст. Аз ин рў, глобализатсия ифодагарӣ муносибатҳои байналхалқӣ мебошад».
Донишманди олмонӣ М. Шиман андеша дорад, ки дар глобализатсияи иқтисодӣ ҳамаи давлатҳо мавқеи якхела надоранд. Дар ин раванд лидерҳо ва тобеин вуҷуд доранд, бозори ҷаҳонӣ ва нархро ташкилотҳои ҷаҳонӣ, мисли МВФ (Хазинаи байналмилалии асъор), Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ВТО) идора ва назорат менамоянд. Пас аз барҳам хўрдани Иттифоқи Шўравӣ собиқ давлатҳои аъзои он ба глобализатсияи иқтисодӣ пайвастанд. Ҳамин тавр, М. Шиман глобализатсияи иқтисодиро гардиши ҷаҳонии мол, сармоя, хизмат, техналогия, иттилоот, муҳоҷирати корию меҳнатии одамон, ҳукмронии бозори ҷаҳонӣ дар самти тиҷорат, фаъолияти ширкатҳои хусусӣ, интегратсияи ҳудудии бозор, пайдоиши мушкилоти глобалӣ фаҳмидааст.
Ба тараққиёти тези глобализатсия омилҳои гуногун таъсири худро расонид. Пеш аз ҳама ин ба таври хеле васеъ паҳн шудани технологияи иттилоотӣ ва муҳити телекоммуникатсионист. Ин технология имкон дод, ки муҳит ва вақти одамони дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон зиндагӣ мекардагӣ бо ҳам зич алоқаманд шаванд. Истифода бурдани интернет ва телефонҳои дастӣ барои авҷ гирифтан ва тезондани равандҳои ҷаҳоншумулӣ таъсири махсус мерасонанд.
Глобализатсия оқибатҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад, ки ба ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёти иҷтимоӣ дахл доранд, аммо глобализатсия ин раванди кушод ва зиддиятнок аст, оқибатҳои онро пешбинӣ ва назорат кардан хеле мушкил аст. Бисёре аз тағйиротҳое, ки онҳоро глобализатсия муайян мекунад, дорои шаклҳои нави хатарҳое ҳастанд, ки мисли онҳо инсоният то ҳол надида буд. Назар ба хатарҳои асри пеш, ки сабаб ва оқибатҳои онҳо аниқ шудаанд, сарчашмаи хатарҳои давраи муосир омўхта нашудаанд ва оқибатҳои онҳоро пешбинӣ кардан номумкин аст. Равандҳои шаҳришавӣ истеҳсолоти саноатӣ ва вобаста ба он ифлосшавии муҳит, лоиҳаҳои калони аграрӣ, сохта шудани сарбандҳои об ва стансияҳои электрикии обӣ намунаҳои фаъолияти инсон ҳастанд, ки ба ҳолати муҳити атроф таъсир мерасонанд. Васеъ шудани истеҳсолоти саноатӣ боиси мушкилотҳои экологӣ гашта, сатҳи бекорӣ афзуда истодааст. Нерўҳои истеҳсолкунанда ба кишварҳои нисбатан инкишофёфта ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Антиглобалистон ҳамаи инро самараи глобализатсияи иқтисодӣ медонанд. Чунин зуҳуротҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад.
Аз дигар тараф, ҷонибдорони глобализатсия, мисли неолибералистҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ либелиризатсиякунонии иқтисоди ҷаҳониро хоҳонанд. Онҳо ақида доранд, ки глобализатсия ба давлатҳои рў ба инкишоф имкон медиҳад, то аз технологияи нав истифода баранд. Ҳаракати сармоя боиси пешрафти иқтисод, баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва паҳншавии маданият мегардад. Аз ин хотир, гуфта метавонем, ки «глобализатсияи иқтисодӣ ин ҳам имконият (шанс) аст ва ҳам ба дом андохтани кишварҳои рў ба инкишоф». Глобализатсия маънои онро дорад, ки ҳамаи ҳодисаҳои дар ҷаҳон руйдода характери умумисайёравӣ дошта, Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон низ дар мадори равандҳои глобализатсионӣ ҳаракат намуда истодааст. Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷараёни инкишофи ҷаҳониро омўхта, вобаста ба тамоюли глобализатсия иқтисодиёт ва сиёсати иҷтимоии хешро пеш барад. Масалан, хатари ба интиқолдиҳандаи ашёи хом табдил ёфтани Тоҷикистон ба миён омадааст. Интеграсияи Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонӣ ба пуррагии бозори миллӣ ва маҳсулоти баландсифати хоҷагии халқ сурат мегирад. Бахши асосии истеҳсолоти Тоҷикистон комплекси агросаноатӣ мебошад. Агар дар ин самт корҳо дуруст ба роҳ монда шавад, дар оянда Тоҷикистон ба содиркунандаи бузурги маҳсулоти хоҷагии қишлоқ табдил ёфта метавонад. Роҳҳои бартараф намудани хатарҳои глобализатсия ва ба манфиати худ истифода бурдани ин равандро ҷустуҷў намудан лозим аст. Ҳангоме, ки раванди глобализатсия нодуруст дарк карда мешавад ва талаботҳои он риоя намегардад, барои давлату халқҳо оқибатҳои бадро ба бор оварданаш мумкин аст. Проблемаҳои тезутунди экологию демографӣ, бозмонии иқтисодию буҳронҳои молиявӣ, хатари аз байнравии фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи онҳоянд.
Хулоса, глобализатсия марҳилаи нави инкишофи ҷамъият аст, ки ба инқилоби илмӣ — техникӣ ва коммуникатсионӣ такя менамояд. Бо таъсири глобализатсия ҷаҳон торафт том ва ягона мегардад, субъектони фаъолияти иҷтимоӣ аз ҳуқуқу озодиҳои хеш бештар бархурдор гашта, ба «захираҳои иҷтимоӣ» (иттилоот, таълимот, ҳокимият ва ғ.) роҳ ёфта истодаанд. Фазои ягонаи иттилоотие, ки дар натиҷаи таъсири глобализатсия ба миён омадааст, ба ҳама сокинони кураи замин дастрас аст. Ҳар як фард имкон дорад, ки аз дигаргуниҳо ва навгониҳои тозатарини олам хабардор шавад ва ё иттилооти заруриро дар чанд сония ба нуқтаи дилхоҳи сайёра интиқол диҳад. Модернизатсияи ҷомеа низ дар заминаи таъсири равандҳои глобализатсионӣ имконпазир мегардад. Имрўз глобализатсия ба сифати ангезаи нерўмандтарини инкишофи ҷомеа баромад намуда, арзиши нодиртарини он — демократия бо суръат сохтори иҷтимоии давлатҳои миллиро «фатҳ» намуда истодааст. Ба андешаи мутахассисони соҳа аз раванди глобализатсия оқибатҳои хатарнок ва ногувореро низ интизор шудан лозим меояд (мисли, бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки босуръат иқтисодиёти давлатҳои мутараққии оламро низ аз пой афтонда истодааст), зеро аз ин раванд бештар давлатҳои саноатии мутараққӣ бурд менамоянд. Давлатҳои миллӣ ва иқтисоди калаванда дошта, зери таъсири глобализатсия боз ҳам қашшоқтар мегарданд, нобаробариҳои иҷтимоӣ, бекорӣ ва бегонашавии шахс афзуда, арзишҳои «бегона» ба маданият ва ҳуввияти миллӣ зарбаи марговар мезанад,ки боиси низоъ ва бархурдҳои фарҳангӣ мегардад.