Умумиятҳо ва гурўҳҳои иҷимоӣ

Ба хотири он ки ҷамъият ин маҷмўи одамон набуда, дар навбати аввал системаи амали байниҳамдигарии онҳо мебошад, барои ҳамин ҳам худ ташаккули шахс ҳамчун шахсият, аз худ кардани забон ва ба воситаи вай ворид шудан ба фарҳанги ҳамин ҷамъият дар ҷараёни амали байниҳамдигарии одамон ҷараён мегирад. Маҳз Ҳамин тариқ, инсон дорои табиати иҷтимоии худ мешавад, маҷмўи мураккаби арзишҳои иҷтимоӣ, андешаҳо, тасавурот, эътиқод ва ғайраро қабул мекунад. Тамоми ҳаёти инсон аз таввалуд шудан то охири умраш – ин таърихи муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо одамон, ки дар ҷараёни алоқаи мустақим ва амали байниҳамдигарии ғайримустақим ба амал меоянд, одамонро дар сохтори мураккаби иҷтимоии ҷамъият алоқаманд мекунанд. Дар ҷараёни амалибайниҳамдигарии одамон умумиятҳо ва гурўҳҳои иҷтимоии гуногун ба вуҷуд меоянд ва ташаккул меёбанд.

Дар зери мафҳуми «умумиятҳои иҷтимоӣ» сохторҳое фаҳмида мешаванд, ки аъзоёни худро аз рўи аломати мансубият ба меъёр мутаҳид мекунанд. Чунин меъёр навъи шуғл (истеҳсолот ва ё қисми артиш), меъёри касбӣ, эътиқоди динӣ, нуқтаи назари сиёсӣ, истироҳат, шуғли варзишӣ ва санъат шуда метавонанд. Ин хел умумиятҳо метавонанд ба ташкили ташкилотҳо, асотсиатсияҳо (иттифоқи касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои олимон, асотсиатсияҳои ҳуқукшиносон, духтурон, муаллимон ва ғайра) оварда расонанд.
Вазъи умумияти ҳудудӣ, устувории вай дар характери рафтори аъзоёни ин умумият дар соҳаҳои алоқаҳои мустақим ва ғайримустақим, бо ҳам истироҳат кардан, дар дигар шаклҳои фаъолият инъикос мегардад. Иттиҳодияҳои касбӣ, ассотсиатсияҳо ( истеҳсолотӣ, илмӣ, иттиолоҳотӣ ва ғайра) дар мавриди дуруст амал кардан, ба ғайр аз иҷро кардани масъалаҳои касбӣ, дар аъзоёни худ ҳисси ҳамфикрии меҳнатӣ ташаккул медиҳанд, манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳии онҳоро ҳимоя мекунанд, эътибор ва обрўи касбиро дастгирӣ мекунанд, рафтори аъзоёни гурўҳро аз ҷиҳати ахлоқи касбӣ ва этикаи назорат мекунанд.
Дар доираи ин хел умумиятҳо гурўҳҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд, ки алоқаи мустақим ва ё ғайри мусиақим доранд. Ба шакли умум гурўҳи иҷтимоӣ ҳамчун маҷмўи одамон ба тарзи муайян дар асоси рафтори бо ҳам мувофиқ ва аз ҳам чашмдошт байни худ амал мекунанд.
Гурўҳҳои иҷтимоӣ (умумиятҳои иҷтимоӣ) ҳамчун шакли амали байниҳамдигарии одамон метавонанд ҳам аз нуқтаи назари сохтори берунӣ муайян карда шаванд ва ҳам аз ҷиҳати таҳлили мазмуни фаъолият, тарзи рафтори онҳо дар гурўҳ, инчунин аз рўи вазифае, ки фаъолияти онро таъмин мекунад, муайян карда шавад. Ҳамин тариқ,, тавсифи маълумоти объективӣ, рас мӣ дар бораи гурўҳҳо маълумотро дар хусуси сохтори демографӣ, ҳайҳати касбӣ, маълумотнокӣ, мавқеъи иҷтимоии аъзоёнро дар бар мегирад.
Аз нуқтаи назари мазмун гурўҳ аз ҷиҳати амали аъзоён барои ба даст овардани мақсади гурўҳи тавсиф мешавад. Ҳамин тариқ, ҳамоҳангсозии амали мувофиқ таъмин мегардад, ки ба баланд шудани мутаҳидии дохили гурўҳҳоварда мерасонад. Мутаҳидшавии гурўҳдар асоси тарзи рафтор, меъёрҳое, ки муносибатҳоро дар дохили гурўҳмуайян мекунанд, инчунин амали механизмҳои иҷтимоӣ — психологие, ки рафтори аъзоёни гурўҳро дар як қолиби муайян дохил мекунанд, таъмин мегардад. Маҳз зарурати ҳамоҳангсозии амали аъзоёни гурўҳҳо, табақаҳо ва синфҳои иҷтимоӣ ба пайдоиши меъёрҳо оварда мерасонанд. Гурўҳҳои иҷтимоӣ амали аъзоёни худро дар атрофии мақсади асосии фаъолияти худ мутаҳид карда сохтори меъёртивии худро ташаккул дода вайро нигоҳмедоранд ва ба наслҳои оянда интиқол мекунанд ва Ҳамин тариқ, онро доимо дар амали аъзоёни худ такрор (таҷдид) мекунанд.
Подоши рафтор, ки ба меъёрҳои гурўҳи мувофиқ аст, дар шаклҳои гуногуни подоши иҷтимоӣ ва психологӣ майё мешавад, масалан, мукофот дар шакли баланд бардоштани мавқеъи иҷтимоии одамон, баланд бардоштани нақши шахс дар гурўҳ, зиёд кардани саҳми вай дар натиҷаҳои ба даст омада, дар шакли ёрдам ва ё ҳифз дар мавриди мушкилӣ ва ғайра. Ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳои гурўҳӣ дар шакли паст фаровардани мавқеъ, паст кардани нақши шахс дар гурўҳ, даст кашидан аз ёрдам ва ҳифз, аз умумият пеш кардан муайё мешавад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки синфҳо, гурўҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ дорои қоидаҳои хоси иҷтимоӣ мебошанд ва ин умумиятҳои иҷтимоӣ накши пойдории иҷрои ин қоидаҳоро бозӣ мекунанд.
Барои он ки гурўҳи иҷтимоӣ фаъолият намояд, бояд чунин амалҳоро ба анҷом расонида тавонад:
* Хоҳиши аъзоёни худро дар хусуси иштирок доштан дар фаолияти гурўҳ ва аъзогии худро нигоҳ доштан ҳавасманд кунад;
* Системаи босамари робитаи дохилии гурўҳ, системаи мубодилаи иттилоъотро таъмин намояд;
* Амали аъзоёни худро назорат кунад, то ки онҳо барои ба даст овардани мақсадҳои гурўҳи равона кунад;
* Ба шароити атрофии иҷтимоие, ки барои зинда мондан ва ё фаъолтяти вай хатар дорад, мутобиқ шавад, бехатарии гурўҳро таъмин намояд.
Шаклҳои байниҳамии одамон хеле зиёд ва мураккаб ҳастанд. Шакли аз ҳама муҳими амали байниҳамии одамон ин муносибатҳое ҳастанд, ки байни одамон дар натиҷаи амали байниҳамии доими ва бевосита ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи ин хел амали баниҳамӣ гурўхҳои аввалини иҷтимоӣ ташкил меёбанд.
Маҷмўи муқарарии одамон (дар дохили автобус) гурўҳи аввалинро ташкил карда наметавонанд, чунки онҳо амали байниҳамӣ надоранд. Агар ин хел амали байниҳамии характери ногаҳонӣ мувақати надошта бошад ва такроршаванда аст — ин гурўҳи аввалини иҷтимоист. Ин хел гурўҳҳо дар он ҷойҳое, ки одамон бо ҳам зиндагӣ, кор ё истироҳат мекунанд ба вуҷуд меоянд. Одатан инҳо гурўҳҳои хурд ҳастанд, вале ҳаҷми хурди гурўҳе, бо ҳам амалкунии одамон шароити кофии пайдоиши гурўҳи авалин шуда наметавонад. Агар иштирокчиёни амали баниҳамӣ аз ҷиҳати баромади иҷтимоӣ, мавқеи иҷтимоӣ, мартаба ва ғайри байни онҳо муносибатҳои аввалини иҷтимоӣ ба вуҷудомада наметавонад. Муносибатҳои аввалини иҷтимоӣ бошанд шарти асосии пайдоиши гурўҳҳои аввалини иҷтимоӣ ҳастанд.
Муносибатҳои аввалини иҷтимоӣ ба одамон имкон медиҳад, ки ҳамдигарро ҳамчун шахсият шиносанд ва нафақат аз рўи вазифа, нақш ё касб. Ин гуна амали байниҳамӣ дар гурўҳ, ба шахсон имкон медиҳад, ки ҳамин хел ба умумияти гўрўҳи ворид шаванд, ки равияи шахсияти вай ба мақсаде, ки дар якҷояги ба дастоварда мешавад, мувофиқат кунад. Маънои реалиро дар ин маврид категорияи «мо» мегирад, ягонагӣ ба вуҷуд меояд ва ин ягонагӣ ба ҳиссиёти қавӣ мустаҳкам мешавад, ҳиссиёти ваҳдат, ҳамфикрӣ бани аъзоёни гурўҳба вуҷуд меояд ва равияи рафтори онҳоро ҳамин ҳиссиёт муайян мекунад.
Дар қатори гурўҳи аввалиин одамон дар доираи гурўҳҳои дуюмини иҷтимоӣ муттаҳид мешаванд, ки дар мавриди зарурӣ ба ягон мақсади муайян ноил шаванд. Дар ин ҷо пайдоиш, характер ва равияи амали гурўҳҳо иҷрои вазифа муайян мекунад ва иҷрои ин вазифа характери амалибайниҳамии суносибатро қисми ратсионалии амалибайниҳамӣ муйян мекунад, муносибатҳо характери формалӣ ва бешахсӣ доранд. Барои ҳамин ҳам гурўҳҳои авалини иҷтимоӣ ба гурўҳҳои ғайри формалӣ ва гурўҳҳои дуюмин ба қатори гурўҳҳои формалии иҷтимоӣ дохил мешаванд.
Гурўҳ ин маҷмўи нисбатан устуворшудаи одамон аст, ки таваҷҷўҳ, арзиш ва меъёрҳои рафтори умумӣ дорад, ки аз дигар умумиятҳо мувофиқи принсипҳои худ фарқ мекунанд ва он аз оила то давлат ва ҳатто тамоми инсоният ҳам дохил шуда метавонад. Лекин маълуман гурўҳҳоро дар мазмуни маҳдуд ҳамчун зерсистемаи дохили ҷамъият мефаҳмад, ки он иборат аст аз маҷмўи одамоне, ки ҳамкории байни ҳамдигарӣ дорад ва ба хотири амалӣ намудани мақсад ва нақшаи шахсӣ , гурўҳӣ ва ҷамъиятӣ муттаҳид шуданд. Албатта, ҳамаи як гурўҳи фардҳо метавонанд гурўҳҳои гуногуни иҷтимоиро ташкил диҳанд.
Омўзиши сохторҳои этникӣ барои фаҳмиши хусусиятҳои инкишофи ҳозираи ҷамъият муҳим аст. Сотсиологияи этникӣ муносибатҳои миллӣ , равандҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ, иҷтимоии сиёсӣ, маданӣ, таълимоти масъалаҳои омехташавӣ, якшавӣ ва ҳамгироии миллатҳо ва халқҳоро меомўзад. Хусусияти тадқиқотҳои проблемаҳои миллӣ дар Иттиҳоди Шўравӣ аз он иборат буд, ки ба ин масъала олимони ҷумҳурии иттиҳод машғул будан ва аксари натиҷаҳои ин тадқиқотҳо ин ситоиши бародари калони дўстии халқҳо ва интернатсионализм буд. Омўзиши масъалаҳои мураккаб ва зиддиятноки муносибатҳои байни миллатҳо манъ буд. оқибати ҳамин гуна сиёсат аз байн рафтани Иттиҳоди Шўравӣ ва сар задани низоъҳои байни миллӣ шуданд, сари вақт дарк накарданд, ки дар баробари интернатсионалӣ шудани иқтисодиёт ва сиёсат раванди баланд шудани шуури миллӣ ва худшиносии миллӣ ҷой дошт ва онро бисёр сиёсатмадорон ба фоидаи худ истифода мекарданд.
Ҳамин тариқ, падидаҳои миллатчигӣ авҷ гирифтанд. Кўшишҳои барои халқи худ муҳаё кардани интиёзҳо аз ҳисоби халқҳои дигаре, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекарданд, зиёд мешуданд. Бояд дар назар дошт, ки дар ҷаҳон давлате намондааст, ки аз як миллат иборат бошад. Барои ҳамин баланд шудани худшиносии миллӣ демократикунонии ҷомеаро қариб дар ҳама ҷо низоъҳои этникӣ ҳамроҳӣ мекунанд. (Канада, Америкаи Шимолӣ, Югославия, Албания, Ироқ, Испания, Индия, Ирландияи шимолӣ ва ғайра).
Барои таҳлили муносибатҳо бояд баъзе мафҳумҳоро муайян кардан зарур аст. Пеш аз ҳама бояд мафҳуми «нажод» — ро маънидод кард. Нажод ин гурўҳҳои одамоне мебошанд, ки аломатҳои умумии биологӣ доранд (ранги пўст, шакли чашм, ранг ва сохти мўй, сар).
Дар илми одамшиносӣ нажодҳои сиёҳпўст, зард ва сафедро аз ҳам ҷудо мекунанд. Дар сотсиологияи ғарб нажоди кавказӣ ҷудо мешавад. Дар ташаккули этникии худ инсоният чанд зинаҳоро гузоштааст, мисли авлод, қабила, халқият ва дар охир миллат.
Новобаста баҳснок будани таърифи миллат аксари сотсиологҳо дар он ақида ҳастанд, ки миллат ин гурўҳи калони иҷтимоии одамоне, ки дар як ҳудуд зиндагӣ доранд, дорои забони умумӣ, умумияти таърихии гузашта ва баъзе ҷиҳатҳои психикӣ ҳастанд. Бояд махсус қайд кард, ки бештари миллатҳо дар шароити капитализм ташаккул ёфтан, кўшишҳои тараққиёти озоди худ ба муттаҳид кардани давлатҳои аз ҳам ҷудои феодалӣ мадад карданд ва ягонагии территорияи давлат, ки дар он мардум ба як забон гап мезаданд, талаб кард. Бояд хотиррасон кард, ки раванди ташкилшавии миллат дар замони ҳозира ҳам давлат дорад, вале дар дигар шароитҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ гузошта истодааст ва сабаби ташкилёбии вай омилҳои дигар аст.
Гурўҳҳои иҷтимоӣ — этникӣ ин гурўҳи одамоне ҳастанд, ки аз ҳамдигар меросӣ шудани забон, таърих, фарҳанг маънавӣ фарқ мекунанд. Масалан, ақаллиятҳо дар Тоҷикистон. Сотсиологияи ғарб чунин мешуморад, ки гурўҳи этникӣ дар заминаи ягон таҳкурсии маданӣ алоқаманд мекунад, вуҷуд дорад.
Проблемаҳои муҳимтарини сотсиологияи этникӣ ин сохтори иҷтимоӣ, касбӣ ва миллии мамлакат ва минтиқаҳои ин мамлакат мебошанд. Сотсиологҳо равиши ин равандҳоро омўхта, метавонанд сари вақт ҷамъиятро огоҳ кунанд, ки касбҳои боэътибор, ҳокимият бештар насиби ин ва ё он миллат ё гурўҳи этникӣ шуда истодааст. На фақат таxрибаи Собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, балки дигар давлатҳо ҳам нишон медиҳанд, ки асоси низоъҳои байнимиллиро зиёд шудани миқдори одамони як миллат ва ё як гурўҳи этникӣ дар соҳаҳои касбие, ки мақоми баланд ва даромади зиёд доранд, ташкил медиҳанд. Дар ин сурат дар байни аҳолии мамлакат муносибати манфӣ ё гумонбар шудан аз он, ки намояндагони як гурўҳи этникӣ даромади беадолатона мегиранд.
Масъалаи басо мушкил барои сотсиология муносибатҳои миллӣ ин масъалаи худмуайянкунии миллӣ мебошад. Ҳар як халқ ҳар чи хурд бошад ҳам кўшиш менамояд, ки давлати худро дошта бошад. Дар замони ҳозира дар ҷаҳон қариб панҷ ҳазор забонҳои миллӣ вуҷуд доранд, ки ба онҳо халқҳо ва гурўҳҳои этникӣ гап мезананд, вале давлатҳо аъзоёни Созмони Миллали Муттаҳид зиёда аз 200 –тоанд. Ба баъзе забонҳо на зиёд аз 500000 нафар гап мезананд. Оё онҳо метавонанд давлати мустақили худро созанд. Модоме, ки натавонанд пас бо ҳуқуқи ҳар як миллат ба худмуайянкунӣ чӣ бояд кард. Худмуайянкунӣ маънои давлатдориро дар територияи миллии таърихан ташаккулёфта инкишофи озоди забон ва маданияти миллӣ созмон додани ташкилотҳои миллии сиёсӣ ва ҷамъиятиро дорад, вале ҳамаи инҳоро дар доираи як давлати бузург ҳам ташкил кардан мумкин аст. Асосаш он аст, ки ин ё он миллат тавонад, имконият дошта бошад, ки ин масъалаҳоро мустақилона ва бо роҳи демократӣ ҳал кунад. Қайд кардан лозим аст, ки ҳуқуқи худмуайянкунӣ то берун шудан аз доираи давлати ягона фақат дар сарқонуни СССР навишта буд. Ягон давлати дигар ин хел корро ба худ мансуб намедонист. Барои чӣ болшевикҳо бо ин роҳ рафтанд, фақат ба хотири фикри сиёсӣ тактикаи мубориза барои ҳокимият, ҳуқуқи миллатҳо ба худмуайянкунӣ то ҷудо шудан аз давлати ягона барои он истифода мешуд, ки дар сафи инқилобчиён бештар зиёни миллиро ҷамъ оваранд. Мисол: дар ҳукумати аввалини Россияи Шўравӣ (соли 1917 — 1918) русҳо қариб, ки набуданд (аксарияташон яҳудиҳо буданд) дар сохторҳои бехатарӣ (КГБ) бештар грузинҳо, лотинҳо ва яҳудиҳо буданд.
Дар сотсиология масъалаҳои омўзиши сатҳи тараққиёти иҷтимоӣ ва мадании миллатҳо муттаҳидшавӣ, омехташавӣ (асимиляция), интеграция (ҳамгироӣ), никоҳи байни миллатҳо, дузабонӣ, ташаккули худфаҳмӣ ва худогоҳии миллӣ ва миллатчигӣ ҷойи муҳимро мегиранд. Тараққиёт ва инкишофи тамаддунро равандҳои мураккаб тавсиф мекунанд.
Албатта, барои тамоми ҷаҳон равандҳои равандҳои омехташавии халқҳо хос ҳастанд. Ин равандҳо дар Иттиҳоди Шўравӣ хусусан дар Россия ҳам мушоҳида мешуданд. Бештари ин равандҳо характери омехташавии табииро доранд. Вақте ки гурўҳҳои хурди этникӣ бо хоҳиши худ забон, маданият, урфу одати миллати калонро, ки дар иҳотаи вай зиндагӣ мекунанд, қабул мекунанд. Масалан, омехташавии яҳудиҳо, кареяҳо, молдавҳо ва ғайра дар Россия. Омехташавии миллӣ мумкин аст, ки ин равандҳо характери прогрессивӣ дошта бошанд, вале бисёр ҷиҳатҳо ин ҷо номаълуманд. Мисол: халқҳои хурди шимоли Россия, ки ба омўзиши хуно касалиҳои ирсӣ, умри кўтоҳ дучор омаданд, бо онҳо чӣ бояд кард. Онҳоро ба ҳаёти ҳозиразамон ҷалб кард ва ё монанд, ки дар ҷойҳои муқимӣ бо корҳои анъанавии худ машғул шаванд. Забон ва урфу одатҳои худро нигоҳ доранд, вале дар ин ҳолат кўдакон бе маълумот мемонанд. Агар кўдаконро ба мактабинтернатҳо фиристонанд, онҳо забони модариро фаромўш мекунанд ва бо корҳои анъанавии синф машғул мешаванд. Як чиз равшан аст, ки замон ин масъалаҳоро бе иштироки худи ин халқҳо ва зиёиёни онҳо ҳал кардан мумкин нест. Ҳар як халқ бояд худаш роҳи худро интихоб кунад.

Мафҳуми умумияти иҷтимоӣ
(Умумияти иҷтимоӣ – ин гуруҳи хурд ва ё бузурги одамон, ки аломатҳо (нишонаҳо) – и умумии иҷтимоиро соҳибанд, мавқеи баробари иҷтимоиро ишғол намуда бо фаъолияти ягона муттаҳид гаштаанд).
Умумияти иҷтимоӣ – ин гурўҳи бузург ва ё хурди одамон, ки ягон чизи умуми доранд, мавқея якхелаи иҷтимоиро соҳибанд ва ба фаъолияти ягона муттаҳиданд (ё самти арзишҳояшон ягона аст).
Ҷамъият ҳамчун низоми иҷтимоӣ — мадании бутун аз фардҳои алоҳида таркиб ёфтааст, ки яку якбора ба гурўҳҳои бузург ва хурди иҷтимоӣ шомиланд. Масалан-индивиди муайян – шаҳрванди мамлакати худ – дар як вақт метавонад аъзои чунин умумиятҳои бузурги иҷтимоӣ, ҳамчун этникӣ, минтақавӣ, касбӣ ва ғ-ҳо бошад. Ғайр аз ин ў чун қоида аъзои як қатор гурўҳҳои иҷтимоии хурд –оила, бригадаи корӣ, шуъбаи илмӣ, доираи дўстон ва ғ-ҳо аст.
Ба умумиятҳо одамоне муттаҳид мешаванд, ки нишонаҳои умумии иҷтимоиро дороанд, масалан одамони як касб ё одамони як намуди фаъолият (духтурон, муаллимон, оҳагарон, ронандаҳо); нишонаҳои умумии этники дошта (тоҷикон, қирғизҳо, узбакҳо); тақрибан мақоми иҷтимоии якхела дошта (намояндагони синфи поении, миёна ва ё болои) ва ғ.
Умумияти иҷтимоӣ ҳамчун низоми ягона баромад менамояд, ҳамчун ҳар як низоме, ки манбаи худинкишофёбиро дорост ва субъекти алоқаи байниҳамии иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Умумиятҳои иҷтимоӣ бо гуногунии зиёди шаклу намудҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд, масалан бо хусусиятҳои зерин:
• аз руи шумора (аз ду-се то даҳҳо ва ҳатто миллионҳо нафарон);
• аз руи давомнокии мавҷудият (аз якчад дақиқа то ҳазорсолаҳо);
• аз руи нишонаҳои асосии низомофаранда (касбӣ, минтақавӣ, этникӣ, демографӣ, иҷтимоӣ-маданӣ ва ғ).
Тамоми гуногунрангии умумиятҳои иҷтимоиро ба намуди асоси ҷудо намудан ҷоиз аст: умумиятҳои бузурги иҷтимоӣ ва умумиятҳои хурди иҷтимоӣ.
Гуруҳҳои иҷтимоӣ ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъияти (Шарков)
Мафҳуми гурўҳ дар таҳқиқоти сотсиологӣ яке аз мавқеи марказиро ишғол мекунанд.
Гуруҳ — ин чунин маҷмуи одамон аст, ки дар асоси фаъолияти якҷоя, мақсадҳои умуми муттаҳид шудаанд. Он низоми самтҳои ҳаёти, меъёрҳои рафтор, ахлоқ, маданият ва психологияи худро дорад, ки ба туфайли он дар индивид ҳисси махсуси алоқаманди ба ин гурўҳ – «мо-гурўҳ» ташаккул меёбад.
Ҷамъият дар ҳақиқати ҳаётии худ ҳамчун маҷмуи гурўҳҳои зиёд аст. Ҳар як инсон иҷтимоӣ аст, зеро ў иштирокчии гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ буда дар онҳо вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Тамоми умри ў аз таваллуд то ба марг дар гурўҳҳои гуногун мегузарад: оила, коллектив мактаб, гуруҳи донишҷўён, коллективӣ истеҳсолӣ ва ғ.
Ба ташаккулёбии гурўҳ аввалан андоза ва шумораи он таъсир мерасонад.(минимальную) Шумораи камтарин – ду нафар ё диада (масалан оилаи иборат аз ду нафар падару писар, модару духтар) имконят медиҳад, ки якҷоя амал намуда масъалаҳои оддитаринро ҳал намоянд.(максимальную) Рақами ниҳоиро нишон додан душвор аст, зеро мо чунин гурўҳҳои иҷтимоиро ба монанди синфҳо, миллатҳо, армия, ташкилотҳо бузург, тамоми ҷамъиятро медонем, ки ҳазорҳо нафарро ташкил мекунанд. Навъи аз ҳама паҳнгаштаи гуруҳи хурд метавонад аз 2 то 10-15 нафарро ташкил диҳад. Барои аксарияти онҳо муносибатҳои наздики ғайрирасмии боваринок хосаст. Одатан ба гурўҳҳои хурд оила, доираи дустон, датаи варзиши ва монанди инҳор дохил мекунанд.
Дар таърихи сотсиология гурўҳҳои хурдро ба таври амиқ аввалин маротиба сотсиологи амрикоӣ Ч. Кули таҳти унвони «гурўҳҳои аввалиндараҷа» таҳлил намуд.
Ба гурўҳҳои худи иҷтимоӣ чунин хусусиятҳо хос аст:
• шумораи начандон зиёди аъзоён;
• муоширати бевосита байни аъзоёни он;
• мақсад, манфиатҳои умумӣ ва фаъолияти якҷоя;
• маҳдудияти муайян дар фазо ва мустаҳкамӣ;
• тақсимоти меҳнат ва ҳамоҳангсозии фаъолият;
• тақсимоти дохилии нақш ва вазифаҳо;
• меъёрҳои умумӣ, мақсад, самти арзишҳо ва тариқи рафтор;
• ҳуввияти гурўҳи аз нигоҳи дигарон.
Лекин на ҳамаи гурўҳҳои хурд муносибатҳои самимӣ ва боваринокро соҳибанд, гурўҳҳои хурде ҳастанд, ки дар онҳо муносибатҳои расмӣ бартарият дорад; аслан ин гурўҳҳои дар ташкилотҳо барои ҳал намудани вазифаҳои махсус ташкил мешаванд.
Андозаи гурўҳ ҳаргиз бузургии расмӣ нест. Он ба сифати алоқаи байниҳамии иҷтимоӣ ба таври назаррас таъсири худро мерасонад. Бо зиёд гаштани шумораи одамон дар гурўҳ, муносибати байни онҳо бештар расмӣ мегардад, зеро тақсимоти меҳнат ва сохтори гурўҳ мураккаб мегардад. Барои ҳар як нафар имконияти бо дигар аъзои гурўҳ муошират намудан камтар мегардад, алоқаҳо бештар сатҳӣ ва ба ин васила самимияту боварӣ дар муносибатҳо аз байн меравад.