Модернизатсия ва индустриализатсия

Барои нишон додани дараҷаи ҳаёти байни кишварҳои бой ва камбизоат сотсиологҳо ва иқтисодшиносони Аврупо дар асри XX мафҳуми модернизатсияро кор карда баромадаанд. Мувофиқи он кишварҳое, ки дараҷаи пасти инкишоф доранд, бояд инкишоф ёбанд ё модернизатсия шаванд ва намунаи тамоюли инкишофи ҷомеаи ғарбро интихоб кунанд. Модернизатсия дар илми сотсиология барои ифодаи раванди таърихии гузариш аз ҷомеаи анъанавӣ ба ҷомеаи муосири саноатӣ истифода мешавад. Модернизатсия ба саноатикунонӣ (индустриализатсия) зич алоқамандӣ дорад ва саноатикунониро талаб менамояд.
Ҷомеаи муосир ҷомеаи саноатӣ (индустриалӣ) аст. Саноатикунонӣ — ин тарзи нави зиндагист, ки тамоми тағйиротҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро фаро гирифта, рўз аз рўз маданияти саноатии тамоми соҳаҳои ҳаёт ва ҷаҳонро забт менамояд. Имрўз институтҳои иҷтимоӣ тахассусгардонида шудаанд. Ташкилоти меҳнат ба сатҳи олӣ баромадааст. Ҷомеа на аз рўи урфу одат ё анъана, балки вобаста ба меъёрҳо ва арзишҳои дунявӣ идора мешавад. Иқтисодиёт вобаста ба талаботҳои минбаъда ба роҳ монада шудааст, бозори ягонаи асъор ва мол рў ба инкишоф аст.

Асри XXI бо тамоюли инкишофи худ аз асри гузашта куллан фарқ менамояд. Инқилоби илмӣ – техникӣ, итилоотӣ – хизматрасонӣ, мисли интернет, телефонҳои мобили, компютер ва ғайраҳо далели гуфтаҳои болоии мост. Ин равандҳо боис мегарданд, ки дар ҷаҳон бозори ягонаи иқтисодӣ ва фазои ягонаи иттилооти ташаккул ёбад. Иқтисоди глобалӣ дар натиҷаи рақобатҳои шадиди бозорҳо ширкатҳои истеҳсолӣ, инсититуҳои молявӣ пайдо шуда, ба технологияи иттилоотӣ ва хизматрасонӣ такя менамояд. Технологияи телекомуникатсионӣ марказҳои молявии ҷаҳонро дар як фазо муттаҳид намуда, ба ширкатҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки дар тамоми нуқоти сайёра фаъолият намоянд.
Модернизатсия раванди бетанаффус ва беохир мебошад, аммо раванди инкишофи ҷомеа дар кадом дараҷае набошад, дар он минтақаҳои қафомонда ва гурўҳҳои нокомил вуҷуд доранд. Онҳо манбаи зиддиятҳо ва шиддати доимии ҷомеа баромад менамоянд. Ин ҳодиса на танҳо дар дохили давлатҳои алоҳида, балки дар тамоми курраи замин ба мушоҳида мерасад. Модернизатсия аз доираи кишварҳои ғарб оғоз шуда, ботадриҷ дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Давлатҳои аз ҷиҳати инкишоф гуногун ва нобаробар ҳамчун унсури ноустувори низоми давлатҳои ҷаҳонӣ баромад менамояд. Модернизатсия ду марҳиларо доро мебошад:
1. То замони ҳозира модернизатсия институт ва арзишҳои ҷомеаро ҳифз намуда, онҳоро ба роҳи ҳаракати прогрессевӣ ва камолот ҷалб менамояд. Ҳангоме, ки модернизатсия ба нуқтаи муайяни инкишофи хеш расид, талаботҳои омма зиёд шуда, мушкилотҳои нави моддӣ — иҷтимоиро ба миён меорад, ки метавонад ба принсипҳои инкишоф ва васеъшавӣ хатар эҷод кунад;
2. Дар марҳилаи дуввуми модернизатсия ҷамъият ба мушкилотҳои нави иҷтимои рў ба ру мешавад, ки давлатҳои анъанавии миллӣ қодир нестанд аз ўҳдаи ҳалли онҳо бароянд. Аммо ин воқеият ҳанўз дур аст. Мушкилотҳо ва хатогиҳо ҳанўз равшан аён нест. Саноат пеш меравад, ҷомеа босуръат ба дастовардҳои бузург ноил мегардад. Айни замон нуқтаи хотимаёбиашон маълум нест. «Хотимаи таърих» (агар чунин гуфтан мумкин бошад) инсониятро айни замон таҳдид наменамояд.
Миёни сотсиологҳои муосир ба моҳият ва тамоюли модернизатсия бештар ҷомеашиноси олмонӣ У. Бек таваҷўҳ зоҳир намудааст. Ў дар назарияи «модернизатсияи рефлективӣ» кайд менамояд, ки ҷомеаи саноатӣ ба тақсимоти неъматҳо асос ёфтааст, ки бўҳрони ҷомеаи саноатиро инъикос мекунад. Модернизатсия хатарҳои зиёдро пайдо менамоянд ва ин хатарҳо то рафт зиёд ва глобалӣ мегарданд. Аз ин рў, аз модернизатсия бояд ба рефлексия (ҷавоб) гузашт. Роҳи худтанқиднамоиро бояд пеш гирифт .
Имрўз Тоҷикистонро зарур аст, ки механизмҳои модернизатсияи соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти худро кор карда барояд. Барои ин тамоми шароитҳо: нерўҳои истеҳсолӣ, захираҳои бойи табиӣ, иқтидори нерўи барқ ва ғайра муҳайё аст. Мо имкон дорем ҷомеаи нерўманди саноатиро созмон диҳем.