Омилҳои тағйирот ва инкишофи иҷтимоӣ

Тағйироти ҷомеа ин пеш аз ҳама тағйирёбии сохтори ҷомеа аст. Дар ҷомеаҳои тосаноатӣ тағйиротҳои иҷтимоӣ вуҷуд доштанд, аммо бо ин суръате, ки имрўз идома доранд, таърих ёд надорад. Суръати тағйирёбии ҳаёти иҷтимоӣ меафзояд, дастраси ба низоми маориф торафт ба табақаҳои васеи ҷомеа дастрас гардида истодааст, ҷойивазнамоии иҷтимоии шаҳрвадон имконпазир гардида истодааст, ҳол он, ки ним аср пеш инро бисёриҳо орзў карда наметавонистанд. Технология ва воситаҳои коммуникатсия (технологияи саноатӣ, компютер, телефонҳои мобилӣ ва ғ) бо дастовардҳои азим ноил мегарданд.
Дар илми сотсиология диққати бештар ба омилҳое дода мешавад, ки боиси тағйироту инкишофи ҷомеа мегарданд. Тағйротҳо ва инкишофи ҷомеа бе сабаб ба вуҷуд намеоянд. Ҳатман як қатор омилҳо ё сабабҳои табиӣ, иҷтимо, cиёси (инкилобҳо ва ислоҳот), иқтисоди (истеҳсол ва соҳибкорӣ) ва ғ. вуҷуд дорад, ки боиси тағйроту инкишофи ҷомеа мегардад. Дар ин ҷо мехоҳем, ки баъзе аз омилҳои мушаххаси тағйироту инкишофи иҷтимоиро бо далелҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем. Нахуст таъсири муҳити зистро дар тағйироту инкишофи ҳаёти одамон таҳлил менамоем.
1. Муҳити табиӣ дар тағйироту инкишофи ҳаёти одамон ва ташкилоти иҷтимоӣ таъсири назаррас мерасонад. Барои он, ки одамон мавҷудияти худро нигоҳ доранд, бояд то муҳити зист мутобиқ шаванд ва дар таъсири мутақобила қарор дошта бошад. Бо воситаи технология ва ташкилотҳои иҷтимоӣ ба муҳити табиӣ мутобиқ мегарданд. Агар ба сабабе муҳити атроф тағйир ёбадбошандагони низ бояд мувофиқ ба он бояд тағйир ёбанд, технологияи нави иҷтимоиро созмон диҳанд. Хушксолӣ, бемориҳо, обхезӣ, заминҷубӣ ва дигар офатҳои табиӣ дар сохтори ҷомеа тағйиротҳои азимеро ба вуҷуд оварда метавонад ва одамонро маҷбур менамояд, ки тарзи зиндагии худро тағйир диҳанд. Муҳити табиӣ ба ҷамъият таъсири бузург расонида, онро тағйир медиҳад. Гур кардани пасмондаи саноат, боронҳои турш, ифлосшавии боду ҳаво, эрозияи замин, пайдошавии биёбонҳо ҳамаи ин натиҷаи зарари инсон аст, ки ба табиат мерасонад. Тағйироти муҳити табиӣ ба тағйири ҳаёти инсон оварда мерасонад ва таъсири бешууронаи инсон низ ба тағйроти муҳити зист боис гардида, охири охирон таъсири он боз ба инсон бармегардад. Аксари донишмандон нақши омилҳои табииро дар тағйироти ҷомеа аз ҳад зиёд нишон медиҳанд. Вобаста ба ин масъала дар илм равияе бо номи детерминизми ҷўғрофӣ вуҷуд дорад, ки мувофиқи он инкишофи ҷомеа ба мавҷудияти сарватҳои бойи табиӣ вобастагии калон дорад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давлатҳои дорои шароитҳои мусоиди табиӣ набуда низ дар садсолаи охир ба дастовардҳои нодир ноил шудаанд.
2. Омилҳои демографӣ (каму зиёдшавии аҳолӣ, муҳоҷират, шаҳришавӣ ва ғ.) низ дар тағйирёбии маданият ва сохтори ҷомеа таъсир мерасонанд. Масалан, бо зиёд шудани аҳолӣ қувваҳои корӣ меафзояд, пиршавии аҳолӣ пешгирӣ карда мешавад, аммо имкони зиёд шудани сафи бекорон ва рақобат афзуда, дастрасии аҳолӣ ба захираҳои иҷтимоӣ мушкил мегардад. Камшавии аҳолӣ низ дар баробари афзалиятҳо як қатор проблемаҳои ҷиддии иҷтимоиро ба вуҷуд меорад, мисли пиршавии аҳолӣ, нарасидани қувваҳои корӣ ва амсоли ин. Махсусан, имрўз пиршавии аҳолӣ як қатор давлатҳои муттарақии ҷаҳони Ғарбро таҳдид менамояд.
Дар даҳсолаи охир зиёдшавии босуръати аҳолӣ барои мавҷудияти инсоният хатар эҷод намудааст. Ба ин ҳолат беҳтар гаштани хизматрасонии тиббӣ, шароити манзили зист ва хурока мусоидат намуданд. Ҳамаи ин ба кам шудани сатҳи фавти аҳолӣ ва зиёд шудани давомнокии ҳаёти инсон оварда расониданд. Дар гузашта бо зиёд шудани шумораи аҳолӣ норасоии хўрока боиси пайдоиши бемориҳо ва гуруснагӣ мегашт. Баъзан вақт ин ҳолат ҷангҳоро ба миён меовард, яъне як гурўҳ кўшиш менамуд аз гурўҳи дигари одамон хўрока ва дигар захираҳоро каида гирад.
Дигар омили демографии тағйироти иҷтимоӣ ин раванди муҳоҷират мебошад. Дар асри нав муҳоҷирати меҳнатии беруна характери доимӣ мегирад, ботадриҷ ба ҳамчун омили инкишофи устувор ва стратегияи мубориза ба муқобили камбизоатӣ баромад менамояд. Имрўз дар Тоҷикистон раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба сатҳи балантарини инкишофи худ расидааст. Торафт муҳоҷиратба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрас мегардад ва характери универсалӣ мегирад. Агар сабаби умумии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва зиёд шудани шумораи ҷомеаҳои кушод дар миқёси олам бошад, пас сабабҳои асосии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои барзиёди меҳнатӣ, торафт афзоиши аҳолии қобили меҳнат ва шиддати демографӣ, зиёд гаштани шумораи шаҳрвандони бекор ва дар баробари ин паст будани сатҳи инкишофи иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд. Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ одатан ба он мамлакатҳое нигаронида шудааст, ки дар онҳо музди меҳнат нисбатан баланд аст. Барои Тоҷикистон ба сифати чунин давлат асосан Русия баромад менамояд. Бояд қайд кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳатҳои нек ва манфӣ низ дорад. Ҷиҳати мусбат аз он иборат аст, ки муҳоҷирон дар баробари гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ, бо забон ва фарҳанги дигар ҳалқу миллатҳои пешрафта ошноӣ пайдо карда, ҳамзамон ба касбу ихтисосҳои гуногун соҳиб мешаванд, ҷаҳонбиниашон бой мегардад. Муҳоҷирати меҳнатӣ барои аксари оилаҳои тоҷик стратегияи муҳими зиндагӣ ба ҳисоб рафта, кафолати суботи иҷтимоӣ мебошад, аммо мўҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат аз ҳама табақаи осебпазир, эҳтиёҷманд, беҳуқуқ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзнашавандаи аҳолӣ мебошанд. Бисёре аз мардони қобили меҳнат ба муҳоҷироти меҳнатӣ рафта, солиёни зиёд ба оила барнамегарданд. Дар натиҷа аксарияти фарзандони ин оилаҳо аз тарбияи оилавӣ, ки дар он нақши падар ё мард бениҳоят бузург аст, бенасиб монда, дуруст сотиализатсия намешаванд. Аз сабаби статуси қонунӣ надоштани аксарияти мўҳоҷирати меҳнатӣ ва стихиявӣ сафар намудани онҳо аз кафолати иҷтимоӣ берун монда, ба меҳнати маҷбурӣ ва қурбонии макру фиреби корфармоён мемонанд, илова ба ин ба мушкилоти бақайдгирӣ ҷойи хоб, созишномаи корӣ, расман ёфтани ҷойи кори дучор мегарданд.
3. Кашфиётҳо ва ихтирооте, ки дар илму таҷрибаи одамон ба амал меояд, ҳаёти ҷомеаро тағйир дода метавонад. Кашфиётҳои назарияи нисбияти Эйнштейн, назарияи генетики Мендел, кашфиёти автомобил, компютер ва телефонҳои мобили тарзи зиндагии инсонро ба куллӣ тағйир дод. Чи қадаре, ки заминаҳои маданият бой бошад, ҳамон қадар кашфиётҳо ва ихтироъкориҳо зиёд мешавад. Кашфиётҳо ва ихтироъҳо дар навбати худ дар амалияи ҷамъиятӣ тадбиқ гашта, боиси инкишофи низоми ҷамъиятӣ мешавад. Кашфиёту ихтироотҳо боиси пешрафти технологияи саноатӣ ва коммуникатсионӣ гашта, дар навбати худ пешрафти иқтисодиётро таъмин менамоянд.
Имрўз технологияи мошинӣ ва коммуникатсиониӣ меҳнати одамонро сабук гардонида, истеҳсолотро пурмаҳсул гардонидааст. Танҳо як компютеркунонии саноат ва истеҳсолот дар аввали асри XXI он қадар пешравиҳоро ба вуҷуд овард, ки инсоният тўли мавҷудияти худ ноил нашуда буд.
4. Иқтисодиёт ва истеҳсолот омили меҳварии инкишофи ҷомеа аст. Тамоми таълимоти К. Маркс низ ба нишон додани нақши ҳалкунандаи иқтисодиёт ва истеҳсолоти неъматҳои моддӣ бахшида шудааст. Инкишофи саноат, ба кор даромадани корхонаҳои саноатӣ ва пешрафти истеҳсолоти неъматҳои моддӣ накўаҳволии халқро таъмин карда метавоананд.
5. Дар баробари омилҳои иқтисодӣ омилҳои фарҳангӣ низ ба тағйирёбии босуръати ҷомеа мусоидат менамоянд. Ба ақидаи Н. Смелзер «Ба даст овардани дониши нав, тағйирёбии эътиқод, арзишу меъёрҳо ва дигар унсурҳои фарҳанг ба тағйиротҳои ҷомеа оварда мерасонанд. Кашфиётҳои илмӣ сарчашмаи пайдоиши технологияи нав гашта метавонанд. Масалан, муваффақиятҳо дар рушди физика дар охири асри XIX ихтирои телеграф ва телефонро имконпазир гардониданд. Эътиқодот ва арзишҳои нав ҳам ба тағйиротҳо бурда мерасонанд» .Ба омилҳои фарҳангӣ дин, тарзи тафаккур ва шуурро низ дохил менамоянд. О.Конт инкишофи ҷомеаро ҳамчун прогрессии идеяҳо номидааст. Махсусан нақши дин дар инкишофи ҷомеа хело бузург аст. Масалан, дар вақташ пайдоиши дини ислом ба пайдоиши фарҳанги пешрафтаи исломӣ ва давлати муттамаркази Хилофати араб боис гашта буд. Имрўз низ дар аксарияти ҷомеаҳои исломӣ дин ба сифати ангезаи ҳаракатдиҳанда баромад менамояд. Ба андешаи М. Вебер эътиқоди динӣ бисёр вақт ба тағйироту инкишофи ҷомеа мусоидат намудааст. Инчунин, идеяҳои нав ба тағйироти иҷтимоӣ таъсир мерасонанд. Масалан, мувофиқи назарияи М. Вебер идеяи протестантизм, мисли меҳнати боғайратона ба оянда мавқуф гузоштани мукофотҳо барои инкишофи капитализм дар Аврупо шароитҳои мусоидро муҳайё намуд.
6. Тағйирот ва инкишофи арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ низ боиси тағйирот ва инкишофи ҷомеа гашта метавонанд ва ҳамчун омили фарҳангии тағйироти иҷтимоӣ баромад менамоянд. Меъёрҳои иҷтимоӣ ба консервативизм майл доранд. Ҳангоми дигаргун гаштани низоми иҷтимоӣ вобаста ба тағйиротҳои куллии ҷомеа, меъёрҳо, ки муносибатҳои гузаштаи иҷтимоиро инъикос менамоянд, ба талаботҳои низоми нав ҷавоб дода наметавонад. Он навовариҳое, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ба миён меоянд, агар ба арзишҳою меъёрҳои иҷтимоӣ мутобиқ бошанд, зуд паҳн ва истифода мешаванд. Барои беҳбудии вазъи оилаҳои тоҷик ва ҷилавгирӣ аз хароҷоти беҳуда дар урфу одатҳои миллӣ Ҳукумати ҶТ «Қонун дар бораи танзими урфу одат ва анъанаҳои миллӣ» — ро кор карда баромад, ки аз бисёр ҷиҳат барои беҳбудии зиндагии мардум нақши худро гузошт. Пас аз пош хўрдани Иттифоқи Шўравӣ миллату халқиятҳои тозаистиқлол ба маданияти миллӣ, забон, урфу одат ва анъанаҳои гузаштаи худ рў оварданд, зеро нерўи пурқуввати идеологие дар ихтиёр надоштанд, ки ба сифати алтернативаи идеологияи коммунистӣ баромад намояд. Танҳо арзишҳои нодиртарини миллӣ, ҳуввият ва худшиносии миллӣ ҳамчун нерўи муттаҳидсозанда гурўҳҳои манфиатҳои мухталифдоштаро ба ҳам оварда метавонаду халос.
7. Ба тағйироти иҷтимоӣ омилҳои сиёсӣ низ мусоидат менамоянд. Вазъи сиёсии ҷомеа аз бисёр ҷиҳат тағйирёбии дигар тарафҳои ҷомеаро таъмин карда метавонад. Агар устувории сиёсии ҷомеа таъмин набошад ва тартиботи иҷтимоӣ зери назорати ҷиддии мақомоти давлатӣ қарор нагирад, пас ҷомеа ва иқтисодиёти он инкишоф ёфта наметавонад. Чунин ақида ҳукумрон аст, ки агар институти иқтисодӣ вазифаҳои худро ба таври мўътадил иҷро карда натавонад ва агар сиёсат дуруст ба роҳ монда шавад, то давраи муайяне сиёсат ҷойи онро мегирад ва маҳдудиятҳои ҷойдоштаро ҷуброн менамояд. Дар ҷомеаҳои анъанавӣ мақомоти сиёсӣ ба самти инкишофи ҷамъиятӣ таъсири назаррас мегузорад. Дар вақташ К. Маркс низоми сиёсиро инъикоси ташкилоти иқтисодии ҷомеа номида буд. Имрўз мо мебинем, ки нақши сиёсат дар инкишофи ҷомеа беҳад бузург аст. Баъзан самаранок иҷро гардидани вазифаҳои сиёсат инкишофи иқтисодии ҷомеаро таъмин менамояд. Ба андешаи Э. Гидденс дар ҷомеаҳое, ки низоми якхелаи истеҳсолӣ доранд, комилан намудҳои гуногуни сохтори сиёсӣ вуҷуд дошта метавонанд. Воқеаҳои солҳои охири ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бо тағйир ёфтани вазъи сиёсии ҷомеа вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он тағйир меёбанд. Имрўз ҳокимият ба суръати инкишофи иқтисодии ҷомеа фаъолона таъсир мерасонад. Баъзан, давлат зери идораи сиёсатмадоре меафтад, ки ҷомеаро ба бўҳрони иқтисодӣ ва нобудшавӣ бурда мерасонад ё баръакс. Агар дар ҷомеаи анъанавӣ тағйироти ҳаёти сиёсӣ танҳо доираи элитаи ҳукумронро фаро мегирифт ва ин ба ҳаёти мардуми оддӣ ҳеҷ таъсир намерасонд, пас имрўз шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи худ фаъолона ширкат меварзанд. Инқилобҳои сиёсии аввали асри XXI нишон медиҳад, ки шаҳрвандони давлат ҳатто элитаи худкомаро аз ҳокимияти сиёсӣ дур афканда метавонанд (масалан, «Инқилобҳои ранга» дар давлатҳои пасошуравӣ, «Баҳори арабӣ» — и Африқои Шимолӣ).
8. Низоъҳо барои захираҳо ва арзишҳо дигар омили ангезандаи тағйироти иҷтимоӣ мебошанд. Низоъ пеш аз ҳама бархўрди мутақобилаи мақсадҳо, манфиатҳо, қувва ва фикрҳои субъектони муносибатҳои иҷтимоӣ буда, дар амалу рафтори шахсони алоҳида ё гурўҳи одамон, ташкилотҳо ва институтҳои иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Аслан низоъҳои иҷтимоӣ ин мубориза барои захираҳо, арзишҳо ва васеъ намудани доираи таъсиррасонӣ мебошанд. Дар ин самт манфиатҳои фардҳои алоҳида, институтҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ ба ҳам бархурда низоъро ба вуҷуд меоранд. Барои ғолиб омадан дар ин низоъҳо бояд тарафҳо худро ташаккул диҳанд, ба мубориза омода бошанд ва аз тамоми захираҳо ва имкониятҳои худ самаранок истифода баранд. Дар натиҷаи чунин тадбирҳо, албатта ҷомеа тағйир меёбад. Натиҷаи ҳамаи низоъҳо боиси пайдоиши муносибатҳои нав ё сохтори сифатан нав мегарданд.
Низои иҷтимоӣ дар баробари оқибатҳои бад чиҳатҳои мусбиро низ доро аст. Низоъро К. Маркс ва дигар бузургони гузашта (аз Гераклит то Гегел) сарчашмаи асосии инкишофи ҳаёти иҷтимоӣ ва роҳи ҳалли зиддиятҳои иҷтимоӣ номидаанд, яъне низоҳо, зиддиятҳо, мухолифотҳо боис мегардад, ки ҳаёти иҷтимоӣ инкишоф ёбад. Низоъро ҳамчун манбаи инкишоф дар асарҳои К. Маркс, махсусан, дар мафҳуми «диалектика» таҳлили ҳамаҷониба ёфтааст. Мувофиқи материализми диалектии таълимоти марксистӣ дилхоҳ сохтори иқтисодӣ то ҳолати самаранокии максималӣ рушд менамояд, дар раванди инкишофёбӣ аз дохилаш зиддиятҳо зиёд шуда, баъдан ин зиддиятҳо тавассути ҷои заифи ин система рў зада, ба барҳамхурии сохтор мусоидат менамоянд. К. Маркс маҳз зиддиятҳои синфиро омили нерўманди тағйироти ҷомеа меномад. Муборизаҳои синфӣ аз муборизаҳои байни аъзоёни ҷомеа, ки воситаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддиро дар ихтиёр доранд ва аъзоёни ҷомеаи аз ин неъматҳо бенасибмонда сар мезананд. Ҳамаи тағйиротҳо натиҷаи низои бетанаффуси тарафҳои ба ҳам муқобил мебошанд. Низоъ аз зиддиятҳои тарафҳои ягон воқеаю ҳодисаҳо оғоз мегардад. Ба андешаи Маркс ҳама гуна инкишоф ва тағйирот тавассути ҳал гардидани низоъҳои мавҷуда ва пайдоиши зиддиятҳои нав сурат мегирад. Мувофиқи таълимоти Маркс инсон ба олами беруна таъсир расонида на танҳо онро тағйир медиҳад, балки дар баробари он худ низ тағйир меёбад. Донистани он, ки низоъро чи гуна сар мезанад, чи тавр ҷараён мегирад ва чи сон ҳаёти мардумро тағйир медиҳад, инчунин бо кадом роҳу восита мо низои хушунатомезро ҳал мекунем ва шиддати онро ба натиҷаи созандаву дигаргуниҳои мусбат табдил медиҳем, аҳамияти аввалдараҷа дорад.
9. Дигар омиле, ки айни замон ҳамчун нерўи пуриқтидори тағйирёбии ҷомеаҳои муосир баромад менамояд — ин диффузия ё паҳншавии унсурҳои фарҳанги пешқадами ҷомеаҳои муосир мебошад. Диффузия –раванде, ки дар рафти он унсурҳои пешрафтаи фарҳангӣ аз як низоми иҷтимоӣ ба дигар низом паҳн мешавад. Ҳар як маданият дастовардҳо ва ҷиҳатҳои нотакроре дорад, ки аз дигар маданиятҳо фарқ доранд. Ҳар як миллат бисёр унсурҳои муҳими маданиятро аз дигарон мегирад ва дигар низ аз дастовардҳо истифода мебаранд. Имрўз бо мусоидати раванди глобализатсия унсурҳои маданияти ғарбӣ — аз воситаҳои технологӣ ва коммуникатсионӣ то маданияти либоспўшӣ дар ҷомеаҳои боқимонда босуръат паҳн мешаванд. Масалан, демократикунонии ҷомеа, компютеркунонӣ, истифода аз воситаҳои коммуникатсионӣ, мисли интернет ва ғ.
10. Дигар омили тағйирот ва инкишофи ҷомеа ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои гуногуни зоҳиршавии онҳо мебошанд, ки дар параграфи дигари ин боб дар ин бора сухан хоҳем гуфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *