Равам, аз ишқ пурсам манзиолатро

Боз ою кўчаҳои интизории маро саршори худ кун,
Қатраи танҳоиямро маҳви дарёбори худ кун.

Мурғаконро нағма овар,
Хандаро бо ғунчаҳо омез,
Осмонҳоро баландиву шукўҳмандӣ биёмўз,
Асри ҳиҷрону ҷудоиро фидои лаҳзаи дидори худ кун.

Бўса ҳам чун сабза месўзад,
Ҳамчу оғўши биёбон оғуши мо низ мехушкад,
Фурсате дону чу найсонам ғариқи раҳмати рагбори худ кун.

Бўи дил ояд зи девоне, ки мехонам,
Оҳи маҳҷурон бихезад аз баму зери арўз, эй вой!
Ин ҷаҳон то кай ҷаҳони ҳасрату андўҳу ҳирмон аст?
Васли худро шаҳпари сабзи хаёли шоири бемори худ кун.

Андак-андак «ғусса»-ро бо нақди «шодӣ» метавон бифрўхт,
Андак-андак дар замири тирамаҳ шамъи баҳори лолазорон метавон афрўхт,
Андак-андак метавон оташ шуду бунёди сармо сўхт,
Ту саропо сеҳру ҷодуӣ, зи нав такрори худ кун!

Ман «ман»-и маснўии худро чу болопўш пушти дар кашидам,
Ман «ман»-и минўии худро даруни хона чун гавҳар кашидам,
Бо тарозуи нигоҳат хубу зиштамро якояк баркашидам,
Пеш ою ин дили ёронаамро ёри худ кун.

Бе ту дар лабҳои ман шеъри табам афсурда хоҳад мурд,
Шўълаамро ҳамдами бедори худ кун,
Гулназарро шоири дарбори худ кун!

 

* * *
Сояи қомати ту беҳ зи ҳама қомати кас,
Ғурбати туст муқаддам зи ҳама ҳазрати кас.
То хаёли ту бувад, холӣ нест
Оғуши ошиқии волаи ман,
Ҳар куҷое биравӣ,
Биравӣ моҳсифат дар панаҳи ҳолаи ман.
Гули хайрии табассум, ки турост,
Хайр кун, хайр, ки дунё гузарад.
Ин аташ, ин тапиш, ин шўру қиём
Ҳама аз мост, валекин зи сари мо гузарад.

Донаи холи ниҳони ту, ки ман медонам,
Фақат аз бўсаи ман сабз шавад.
Написандӣ, ки дар ин фасли нумўю сабзиш
Майсаи ғуссаи ман сабз шавад.
Сад нигаҳ мезанад аз раҳ нигаҳи масти туро,
Сад садо мебарад аз раҳ дили шайдои туро.
Дон, ки дар шаҳр дуогўе ҳаст
Сафари бехатари ҳусни саропои туро.

Эй ҳама маҳзи ҷавонӣ!
То ту ҳастӣ, ба ҷаҳон пирӣ нест.
Мурдани ҳасрату андўҳе ҳаст,
Ишқмириву ҷавонмирӣ нест.

* * *
Кокули мушкбед мегўяд:
«Кокулашро раҳо макун аз даст!»
Ту биёву маро ба ҳам овар,
Ки ҷудоӣ дили маро бишкаст.
Сар-сари пушта мезанад ҷавлон
Хотири шоду ҷони болида,
Нағма дар лонаҳо намегунҷад,
Обаке хуш ба сабза печида.

Бўса мерўяд аз лаби ғунча,
Меҳрубонӣ – зи чомаи чашма.
Фасли ишқ асту ман натонам буд
Бо лаби хушку бо дили ташна.

Дасти худро диҳам ба дасти насим,
То бибофад ҳамосаи мўят,
Лаби худро диҳам ба боронҳо,
То бибўсад алангаи рўят.
Ман ҷудо нестам зи номи худ,
Назари ман ба гул бувад ошиқ.
То ба кай чуну чанд мегўем?

Ман турову туӣ маро лоиқ.
Ҳар куҷое кунун назора кунам,
Ошиқӣ равшан асту манзур аст.
Ту биёву дар оғушам бишкуф,
Ки баҳор асту то хазон дур аст!

* * *
Гуфта будам, ки вафоят бикунам,
Чӣ кунам? Умр вафоям накунад,
Лутфи боиста худоям накунам,
Гуфта будам, ки вафоят бикунам.
Роҳи ман гарчи пароканд маро,
Дар канори ту фароҳам будам,
Заррае будаму олам будам,
Роҳи ман гарчи пароканд маро.

Рўйи ҳарфи дили ман сўйи ту буд,
Гарчи бо ҳар кӣ сурудам ғазале,
Гарчи бо ҳар кӣ бигуфтам масале,
Рўйи ҳарфи дили ман сўйи ту буд.

Ман ҳамон Омуи ту будаму бас,
Гар дусад ҷўйи дигар хост маро,
Ташнаи кўйи дигар хост маро,
Ман ҳамон Омуи ту будаму бас.

Осмон дар назарам холӣ буд,
Ахтари чашми ту буд матлаби ман,
Ошиқи моҳи ту буд ҳар шаби ман,
Осмон дар назарам холӣ буд.
Бо кӣ гўям ғами деринаи дил?
Безабонам, ки забонам будӣ,
Ҳар чӣ мехостам, онам будӣ,
Бо кӣ гўям ғами деринаи дил?