Шӯҳрати ҷаҳонии Хайём

Тарҷумаи рубоиёти Хайём дар Европа як инқилобе ба вуҷуд овард. Соли 1700 номи Хайём дар китоби муаррихи немис Т. Ҳайд «Таърихи дини эрониёни қадим» зикр ёфт. Соли 1771 У. Ҷонс дар «Сарфу наҳви форсӣ» ном китоб тарҷумаи англисии ду рубоии ўро бе зикри номи шоир ҷой дод. Бо тарҷума гардидани рубоиёти Хайём аз ҷониби Эдвард Фитсҷералд (31.1.1809, Бредфилд, Суфолк -14.6.1883, Мертон, Норфлок), шоир ва мутарҷими англис шўҳрати ў ҷаҳонгир гашт. Э. Фитсҷералд забони форсӣ-тоҷикиро омўхта, соли 1856 аввал достони «Саломон ва Абсол»-и Абдурраҳмони Ҷомиро ба англисӣ тарҷума ва интишор кард. Соли 1856 ў аз рўи нусхаи дар китобхонаи Оксфорд буда, ки 158 рубоиро фаро гирифта, соли 865 ҳиҷрӣ китобат гашта буд, 75 рубоиро интихобан тарҷума кард. Фитсҷералд рубоиёти Хайёмро (тарчумаи худашро) чанд бор чоп намуд: дар чопи якум 75 рубоӣ, дар чопи баъдӣ 110 ва дар чопи панҷум 101 рубоиро ҷой дод. Ба гуфтаи наққоди англис Ҷон Роскин рубоиёти Хайём «Латифтарин таронаҳое ҳаст, ки монандашонро нахонда ва надидаем». Баъди ба англисӣ тарҷума шудани ҳамин гуна «гавҳарҳои шабтоб», ки ақлу ҳуши инсонро мерабоянд, олами назми ҷаҳонӣ таровати дигар пайдо кард. Фитсҷералд бо ин хизмати ниҳоят вазнину ҷонкох, вале бузургу нотакрораш ҳам номи Хайём ва ҳам номи худро дар ҷаҳон ҷовидон гардонид. Аҳамияти тарҷумаи ин устоди бузург дар он аст, ки самимият, хирад, ҳикмат, нозукӣ, латофат, содагӣ, дилпазирӣ, рўҳи ашъори Хайёми мутафакиру шоирро ҳифз намуд. Фитсҷералд он қадар рубоиёти Хайёмро зебо тарҷума кардааст (бо иловаю эҷодкориҳои худ, бо тағйиротҳои худ, аз ду — се рубоӣ як достон эҷод кардан), ки ҷаҳони шеърхони Ғарбро, бо латофату сеҳри каломи шарқӣ дар ҳайрат гузошт.
Мунаққидон оиди тарҷумаҳои Фитсҷералд чунин нигоштаанд: «Рубоиёти Хайём ихтисосан ҳамон якто тарҷумае аст, ки гўb ҳамчун човвуши осмонb… баргардонида шуда… Ин тарҷума бидуни муболиға мақбули табъи тамоми дўстдорони шеър аст… Тарҷума он сон моро шефта сохта, ки гўё Шарқ ва Ғарб аз лиҳози андеша ва эҳсос бо ҳам даромехта ва яке шудааст. Хубтар бигўем:
Шарқ Ғарбӣ ба назар меояд ва Ғарб Шарқӣ… Манзумаи ў (Фитсҷералд) рангу бўе аз ғамборагӣ дорад… асаре аст нав, зебо ва ҷовидона… қиссаи ин кўзагарон чунон аст, ки бо шоире дорои симои шоҳӣ рў ба рўем, ки моро ёрӣ медиҳад, то дар бораи Ҷаҳонофарин (кўзагар) некўтар биандешем». (Ҳомсон). «Тарҷумаи Фитсҷералд зеботарин ва машҳуртарин тарҷумае аст, ки пас аз китоби муқаддаси «Инҷил» дар забони инглисӣ сурат гирифтааст». (Артур Арберӣ)
«Фитсҷералд бо тарҷумаи рубоиёти Хайём (бо достони худ) барои дар ҷаҳон шўҳратёр гаштани шоири форс (Хайём) асос гузошт». (В.Н. Зайцев)
Рубоиёти Хайём қариб ба ҳамаи забонҳои зиндаи ҷаҳон тарҷума гаштаанд. Тарҷумаҳо ҷаҳони ҳазоррангаи ҳайратгузорро мемонанд.
Тарxумаҳо дар як поя нестанд. Ин масъалаи баҳси дигар аст.
Дар ҷаҳон ба ягон бузургтарин шоире дучор намеоем, ки он қадар зиёд ба забонҳои дигар тарҷума ва нашр шуда, он қадар маҳбубият дошта бошад. Чунончи беш аз 105 кимиёшинос, физик, эътиқодманд рубоиёти Хайёмро ба забони русӣ (аз як рубоӣ то чандон садҳо рубоӣ) тарҷума кардаанд. Аз нимаи асри XIX то имрўз тарҷумаи рубоиёти Хайём ба забони русӣ идома дорад ва асосгузори тарҷумаи рубоиёти Хайём ба русӣ шоир, инқилобчӣ ва ҷамоатчии рус Величко мебошад. Намунае аз тарҷумаҳо: Зайцев В.Н. «Омар Хайям и Эдвард Фитцджеральд», Восток — Запад. Исследования. Переводн. Публикации. Москва, «Наука», 1982; Морочник С.Б., Розенфельд Б.А. «Омар Хайям — поэт, мыслитель, ученый», Сталинабад, Таджикгосиздат, 1957; Омар Хайям. Рубаъийат. Подготовка текста, перевод и предсловие Р.М. Алиева и М.Н.О. Османова. Под редакцией Е.Э. Бертельса. Москва, часть 1-2. Изд-во восточной литературы, 1959; Алиев Р.М., Османов М.Н. «Омар Хайям», Москва, изд-во АН СССР, 1959; Лозев П.Н. «Омар Хайям в источниках и русских стихотворных переводах», АКД, Сталинабад, 1952; Малкина Л.Г. «Культ Омара Хайяма и его роль в изучении таджикско-персидской поэзии в Англии», АКД, Душанбе, 1982; Шокир Мухтор. «История французской научной иранистики», Душанде, 1996; Винфилд Е.Ҳ. «Тарxумаи рубоиёти Хайём» (бо забони англисӣ). Лондон, 1980; Омар Хайям. «Рубаъийат». Подготовка текста, перевод и предисловие Р.М. Алиева и М.Н. Османова. Под редакцией Е.Э. Бертельса. Москва, Издательство восточной литературы. Тексты. Малая серия. Часть 1 (Факсимиле). Часть 2, (Рубаъийат), 1959; Омар Хайям «Рубаи (Четверостишия)». Перевод с фарси В. Державина. Москва, Издательство «Художественная литература», 1972; Душанбе. Ирфон, 1978; УмарХайём. Рубоийлар. Шоислом Шомухаймедов таржимаси, Тошкент: УзССР Давлат бадиий адабиёт нашриёти, 1958, 1960, 197, 1981; Тhе Quatrains of Omar Khayyam. London, 1980.
Оид ба зиндагинома ва рубоиёти Хайём (тарҷумаи онҳо) дар арсаи олам бештар аз се ҳазор асару мақолаҳо эҷод гаштааст. Ҳамаи ин аз шўҳрати хосаи ҷаҳонӣ доштани ин фард — «Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ», дарак медиҳанд. Дар хусуси ҳаёту осори ин аллома повесту романҳои ҷолиб, асарҳои илмӣ-оммавии хеле марғуб эҷод гаштааст: Мустафо Бодкўбаи Ҳазовоӣ «Зиндагии Хайём» (Теҳрон, 1375 ҳ.), Ш. Султонов, К. Султонов «Омар Хайям» — «Умари Хайём» (Москва, Молодая гвардия, 1987), Георгий Гулиа «Сказание об Омаре Хайяме» — «Ривоят дар бораи Хайём» (Москва, Молодая гвардия, 1975), Морис Симашко «Ҳаҷҷи Хайём» — «Хадж Хайяма» (дар кит. «Маздак». Москва, «Советский писатель», 1975), В. Жуковский «Рўзҳои тираи Хайём» -«Черные дни Хайяма» (Воронеж, Центрально-черноземное книжное издателство, 1969), Вардаван Варжапетян «Накҳати настаран» -«Запах шиповника» (Москва, Советский писатель, 1983), Темур Зулфиқоров «Ваҳйи Умари Хайём» — «Книга Откровений Омара Хайяма» (дар кит. «Эмиры. Поэты. Мудрецы.». Душанбе-Ташкент, издво лит. и искуст. им. Г.Гуляма, 1979), Херолд Лэм «Умари Хайём» (жур. Звезда Востока, №№ 7, 8, 9, 1978), Усмон Назир «Садои Хайём», «Адабиёт ва санъат», №7 — 8, 21.09.1995, Алии Даштӣ «Даме бо Хайём», Содиқ Ҳидоят «Таронаҳои Хайём» ва ғайра.
Рубоиёти намакину ҷоннавози Хайёмро хосу оми Тоҷикистон аз бар мекунанду месароянд. Оҳонгсозони тоҷик ба матни рубоиёти ин фарди азизи ҷаҳон оҳангҳои ҷаззоб бастаанд. Зиндагинома, эҷодиёт ва осори Хайём дар мактабҳои ҳамагонӣ, мактаби касбомӯзӣ ва мактабҳои олии Тоҷикистон солҳои тўлонист, ки таълим дода мешавад. Нисбат ба сарнавишту эҷодиёти Хайём баъзе рисолаҳои илмӣ, мақолаҳо ба чашм мерасанд. Омўзиши ҳаёту фаъолияти эҷодии ин барҳамзани фалак дар Тоҷикистон андак ҷунбиш дорад.
Таърих, давлату давлатдорон фарзандони фарзонаи худро, ки бо ақлу заковату хиради офтобамсоли худ зиндагии инсониро файзу нуру тароват мебахшанд, ҳамеша қадр мекарданд ва қадр мекунанд.
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҷашни 960-солагии Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ, мутафаккир, шоири беамсоли ҷаҳониён, рубоисарои нодирагуфтор омодагӣ мегиранд. Ҷашни Хайём бо қарори як ташкилоти мўътабари ҷаҳонӣ ЮНЕСКО ва инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои бузургаш, мероси олимағзаш, рубоиёти оламгираш қадршиносӣ мегардад.
Умари Хайём дар таърихи ҷаҳон барои ҳамагон атои нотакрор, олиму суханвари беамсол, худованди дониш ва хирад, рўҳи саркаш, мубориз — «суруши осмон» (Алфред Теннисон), «гавҳари шабчароғ», «шоири истисноӣ барои ҳамеша» (Фитсҷералд), вассофи ҳақнигори зиндагӣ, қаламкаши ҳеч доро ва сарватмандро ситоиш накарда ва назди касе сар паст накарда, бузургтарин тараннумгару тарғибгари ҳаёт ва хушиҳои он, пайвандгари дилҳо, қитъаҳо, «шаҳиртарин рубоисаро» (Сайид Аҳмади Биҳиштии Шерозӣ), барангезандаи тафаккур дар қолаби рубоӣ, ақли дурандеш, донандаи рози ҷаҳон, шеъраш шароби риндон, ҳамдаму ҳамсоғари дирӯзу имрўзу фардои мо, «нобиғаи давру замон» (Е. Винокуров), «азизу авлиё» (Дмитро Павличко), «булбули гўё» (Барот Бойқобилов), «давлату ганҷи сармад» (Расул Ҳамзатов), «марҳами ҷон» (Танзилия Ҷумъақулова — шоираи қабардаю болқар), исёнгари кабир буда, ҳамеша бо мост.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *