Хайём шоир

Арзишмандтарин офаридаҳои Хайём шеърҳои ў — рубоиёти вай мебошанд, ки теъдоди аниқи онҳо то кунун муайян нагардидааст. Асосан Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ Умари Хайём бо эҷоди рубоиёташ шўҳрати ҷовидонӣ ёфта. Чаро рубоиёти ин марди беҳамто ва офаридгори каломи қудсӣ ин қадар писанди инсонҳост? Ба диди мо бар он асос, ки ў гўё маҳз бо дархосту тақозои дили аксарияти кулли инсонҳои худогоҳ хома бардошта, аз садафу марворидҳо хони маънӣ кушудааст. Рубоиёти Хаймёро ба сараву носара ҷудо кардан имкон надорад (бидуни он рубоиҳои пасту ғашоваре, ки ноўҳдабароёну каҷфаҳмон ворид ва илова кардаанд). Ҳамаи рубоиёти шоир мазмунҳои олиро дар худ ғунҷонидаанд ва ҳамаи тоҷикон — форсигўёни гетӣ қариб ҳазор сол боз бо ў ҳамдаму қаринанд. Ў сари мавзўъҳое хома рондааст, ки гўё ҳама як тасаввуре доранд. Вале он муаммоҳоеро боз кардааст, ки на ҳар қаламкаши тавономағз қудрат ба кушодани онҳоро дошт ё дорад. Ў он чизеро дида ва тасвир карда, ки на ҳар суханвару мониқалам қудрати тасвири онро дорад. Хайём ба андешаи мо мавзўъҳоеро тасвир карда ва тафсир намуда, ки пеш аз ў ҳам буданд ва баъди ў низ.
Вале ҳеч касе амсоли вай бо лутфи забон ин қадар ҷоннавоз баён накарда.Хайём тасвиргари инсон ва мақому манзалату пояи баланди ў дар замин, тавсифгари табиат, маргу зист, фалак, замин, хоку обу гил, зиндагӣ, асрори азал, рўзгор, шодиву ғам, гулу лола, шоҳу гадо, хушиву нокомиҳо, исёни рўҳ, баёнгари дӣ, имрўзу фардо ва фардоҳои дигар, бандкушои ҳазорон муаммоҳои ҳаёт аст. Ӯ ояндабин, некбин буд. Ҳидоятгар ба хуш гузаронидани умр буд. Ганҷҳои бебаҳои Хайём ҳар як бузургтар аз сайёраи Хуршед ҳастанд.
Адабиётшиноси нуктасанҷи тоҷик X. Мирзозода биттамом дуруст навишта, ки «Хайём ҳамчун бузургтарин шоир, файласуф дар таърихи фикрҳои фалсафӣ ва адабии форсу тоҷик мавқеи ба худ хоса дорад. Рубоиҳои ў дар тамоми давраҳои асри миёна ҳамчун байрақи озодӣ ва мубориза хизмат кардааст. Аксарияти озодфикрон дар зери таъсири ғояҳои ў тарбия ёфта, ба муқобили душманони феодалӣ ва динии худ мубориза бурдаанд».
Хайём шоирест, ки зиндагӣ ва роҳи эҷодиаш аз дигар шуарои Шарқ хоса фарқ дорад. Ӯ ҳеч як аз сару сарварони аҳди худро мадҳ накарда ва барои ҳеч кадоме аз умаро ва салотин қасидае, қитъае, мадҳияе, таркиббанду тарҷеъбанд, мусаммату маснавӣ, ғазал ё рубоие нагуфтааст. Шеъраш соддаву беолоиш мебошад. Ҳеч каламкаше амсоли ў рози инсону фалак, маргу зист, буду набуд, ҳастиро беҳтару олитар насуруда ва накушуда. Хайём қувваест, ки ҳамаи қитъаҳои олам ва афроди сайёраро ба ҳам оварда, бо ҳам қарин намуда, оламиёнро бо ҷавҳари маънавиёти ақвоми ориёӣ — тоҷикӣ — форсӣ ошно кардааст. Ӯ тимсоли фарзанди нозпарварду шаккоки офаридаи Худованд ва кулли оламиён буда, қатраҳои хуни ҷони шеъри худро ба ҷони ҷаҳониён омехтааст. Аз тарафи аксари шаҳрвандони сайёра (аз донапоши оддӣ то кайҳонгард, аз даҳриён то кофар, аз гумроҳ то ҳақиқатҷўй ва ғ.) пазируфта шудани афкору омолу осораш дарвоқеъ далел бар он аст, ки каломи ў Ҳуҷҷати Ҳаққ аст, осораш шираи ҷону хуни тавонбахши ҷисми поки ўст.
Бино бар маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ Хайём камгўй будааст. Бисёр донистану кам гуфтан нишонаи заъф ва ё бузургии ҳунарманд нест. Ҳақ аст, ки Хайём дар ашъораш даъвои шоирӣ накарда, вале воқеият ин аст, ки ў аз айёми ҷавонӣ то ба вопасин нафас бо шеър ҳамнишин буд ва ба иншои рубоӣ шуғл варзида ва шояд аз ҷумлаи камтарин нафароне бошад, ки афкори илмию фалсафии хешро маҳз дар қолиби жанри рубоӣ ғунҷонида бошад. Дар ҳазор соли охир касе мисли ў зиндагиро дар чаҳор мисраъ ин қадар зебову мўъҷаз, бо мантиқу пурмўҳтаво ба риштаи тасвир накашида. Рубоиҳои Хайём ҳар кадом дар алоҳидагӣ як достон ва кохи бегазанди маърифату андешаву хаёл мебошанд.
Хайём, ки ба андешаи ман, то охири умр ба иншои рубоӣ машғул будааст, теъдоди аслии онҳо бегумон кам ё беш аз 300 адад мебошад, вале сари ин масъала то ба ҳанўз баҳсҳо идома доранд. 252 рубоие, ки муҳаққиқон аз нусхаи дар соли 1207 китобатшуда ва каму беш аз 90 рубоие, ки дар 80 — 94 соли баъди вафоти Хайём дар сарчашмаҳои мўътамади илмиву адабӣ ва таърихӣ пайдо кардаанд, бе ягон ҳадсу гумон аз таровидаҳои килки хомаи Хайёми Нишобурианд.