Омилҳои тағйирот ва инкишофи иҷтимоӣ

Тағйироти ҷомеа ин пеш аз ҳама тағйирёбии сохтори ҷомеа аст. Дар ҷомеаҳои тосаноатӣ тағйиротҳои иҷтимоӣ вуҷуд доштанд, аммо бо ин суръате, ки имрўз идома доранд, таърих ёд надорад. Суръати тағйирёбии ҳаёти иҷтимоӣ меафзояд, дастраси ба низоми маориф торафт ба табақаҳои васеи ҷомеа дастрас гардида истодааст, ҷойивазнамоии иҷтимоии шаҳрвадон имконпазир гардида истодааст, ҳол он, ки ним … Читать далееОмилҳои тағйирот ва инкишофи иҷтимоӣ

Назарияҳо оиди тағйироти иҷтимоӣ

Ин ҳақиқатро, ки ҷомеаи пеш дигар хел буд ва мисли ҳозира боқӣ намемонад аз замонҳои қадим дарк намуда буданд. Масалан, мисриҳои қадим дар папирусҳо оиди шуришҳо, қашшоқи, бетартибии ҷомеа, тағйирёбии ҳаёти ҷомеа ёдгориҳои хаттӣ боқӣ гузоштаанд. Зардушт дар асараш «Авасто» дар бораи тағйирот ва ивазшавии ҳаёти ҷомеа, амалу кирдори нек ва бад маълумот додаст.Бисёре аз … Читать далееНазарияҳо оиди тағйироти иҷтимоӣ

Мафҳуми тағйироти иҷимоӣ

Омўзиш ва муайян намудани тағйиротҳои ичтимоӣ яке аз масъалаҳои муҳими маркази илми сотсиалогия ба шумор меравад. Тағйироти иҷтимоӣ як ҷанбаи ҷудонопазир ва як хусусияти доимии ҷомеа мебошад. Тағйирот ҳаст пас ҷомеа вуҷуд дорад. Ҳанўз аз замонҳои қадим олимон, донишмандон ва файласуфон мехостанд, ки муаммои дигаркунии ҳастии ҷомеаро кўшоянд ва марбут ба ин масъала чандин тадқиқотҳо … Читать далееМафҳуми тағйироти иҷимоӣ

Шахс ва ҷомеа

Мундариҷа Шахс: мафҳум, сохтор ва навъҳои он Омилҳои ташаккулёбии шахс Навъҳои иҷтимоии шахс Мақом ва нақши иҷтимоии шахс Масъалаи иҷтимоишавии шахс Талаботҳои шахс: моҳият, таснифот ва консепсияҳо Шахс: мафҳум, сохтор ва навъҳои он Масъалаи шахс, мақом ва нақши он дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷўҳи мутафаккирони ҳама давру замонҳо ва назарияҳои мухталифи сотсиологӣ қарор … Читать далееШахс ва ҷомеа

Ҷомеъа ва фарҳанг.

Низоми маданият дар мухити ичтимои. Таҳлили амалии байниҳамии иxтимоӣ нишон медиҳад, ки ҳаёти xамъиятӣ характери гуруҳӣ дорад, вале амали байниҳамии иxтимоӣ аз шакли коллективии мавҷудиёт дар олами ҳайвонот фарқ мекунунад. ҳамаи ҳамон хусусиятҳо, зуҳурот, элементҳои ҳаёти инсоният, ки сифатан умумиятҳои инсонро аз олами ҳайвонот фарқ мекунад бо номи фарҳанг ва ё маданият ифода мешавад. Моҳияти … Читать далееҶомеъа ва фарҳанг.

Ҷамъият, низоми худинкишофёбанда.

Мафҳум ва моҳияти ҷамъият дар таълимоти муҳаққиқон ва илми сотсиология. Нишонаҳои асосии ҷамъият. Сохтори ҷамъият ва унурҳои асосии он. Таркиби иҷтимоии ҷомеа. Зинаҳои ташаккулёбӣ ва типологияҳои (навъбандии) ҷамъият. Мафҳум ва моҳияти ҷамъият дар таълимоти муҳаққиқон ва илми сотсиология Ҷамъият объекти омӯзиш ва категорияи илми сотсиология буда, масъалаи маърифатии он ҷавҳари қадима дорад. Ҳарчанд ҷамъият таърихи … Читать далееҶамъият, низоми худинкишофёбанда.

Сотсиология дар Тоҷикистон.

Илми сотсиология солҳои 30 – 50-уми асри ХХ дар Иттиҳоди Шўравӣ ҳамчун илми буржуазӣ манъ шуда буд. Фақат дар охирҳои солҳои 50 –ўм баъзе файласуфон, иқтисодшиносон, таърихшиносон, равоншиносон ва ғайра ба таҳқиқотҳои сотсиологӣ шурўъ намуданд. Аз нав эҳё шудани илми сотсиология дар Иттиҳоди Шўравӣ ба солҳои 60-ўми асри ХХ рост меояд. Дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, … Читать далееСотсиология дар Тоҷикистон.

Инкишофи сотисология дар Россия.

Ташаккулли сотсиология ин натиҷаи фаъолияти эҷодии донишмандони мамлакатҳои гуногун мебошад. Сотсиология ҳама вақт аз мактабҳо ва равияҳои гуногун иборат буд, ки ба онҳо хусусиятҳои мамлакатҳо ва анъанаҳои миллӣ таъсири зиёд мерасонданд. Сотсиология дар Русия бо назардошти хусусиятҳои анъанаи миллӣ ва он вазъияте, ки аз барҳам додани ҳуқуқи крепосноӣ (соли 1861) ба вуҷуд омада буд, ташаккул … Читать далееИнкишофи сотисология дар Россия.

Мактабҳо, равияҳо ва назарияҳои сотсиологӣ.

Дар асри ХХ дар сотсиология ба шарофати «маводҳои сотсиологӣ» — и то ин замон кор кардашуда, мактабҳо ва равияҳоӣ (парадигмаҳои) — и мухталиф ба вуҷуд омаданд. Парадигма (аз калимаи юнонии paradigma – мисол, намуна) – ин тасаввуротҳои муайянест оиди хусусияти воқеияти иҷтимоӣ ва ё амсила (модел) — и илман асоснокшуда, намунаи масъалагузорӣ ва ҳалли проблемаҳои … Читать далееМактабҳо, равияҳо ва назарияҳои сотсиологӣ.

Классикони сотсиологияи илмӣ.

а) ОгюстКонт – асосгузори илми сотсиология Огюст Конт (1798 – 1857) сотсиолог ва файласуфи франсавӣ, дар илм ҳамчун асосгузори сотсиология ва фалсафаи позитивӣ этироф шудааст. Таълимоти позитивие, ки ў пешниҳод кард, бояд донишҳои илмиро аз фалсафаи содалавҳона ва теология озод мекард. Ба ақидаи ў илми ҳақиқӣ бояд аз масъалаҳои ҳалнопазире, ки онҳоро дар асоси далелҳо … Читать далееКлассикони сотсиологияи илмӣ.

Заминаҳои пайдоиши илми сотсиология.

Барқароршавии илми сотсиология давраи дуру дарози таърихӣ дорад, чунки кўшишҳои дарк намудани характери сохтори ҷамъиятӣ, ба инсоният ҳанўз дар ибтидои инкишофаш хос буд. Инкишофи таълимот дар бораи ҳаёти ҷамъиятиро мо дар Юнони қадим дар асарҳои Афлотун ва Арасту дарёфт мекунем. Афлотун диққати худро ба таҳлили васеи иҷтимоии ҷомеаи ғуломдорӣ равона карда, дар сохтори он олим … Читать далееЗаминаҳои пайдоиши илми сотсиология.

Сотсиология ҳамчун илм.

 Сохтор ва дараҷанокии донишҳои сотсиология. Мундариҷа Инкишофи сотсиология ҳамчун илм дар бораи ҷамъият Объект, предмет ва омӯзиши сотсиология Сатҳу дараҷаҳои донишҳои сотсиологӣ Категорияҳо ва қонунҳои сотсиология Парадигмаҳои сотсиологӣ Вазифаҳои илми сотсиология Алоқамандии сотсиология бо дигар илмҳо Инкишофи сотсиология ҳамчун илм дар бораи ҷамъият Сотсиология илми ҷавон аст, солҳои 30 — 40 уми асри XIX дар … Читать далееСотсиология ҳамчун илм.

Равам, аз ишқ пурсам манзиолатро

Боз ою кўчаҳои интизории маро саршори худ кун, Қатраи танҳоиямро маҳви дарёбори худ кун. Мурғаконро нағма овар, Хандаро бо ғунчаҳо омез, Осмонҳоро баландиву шукўҳмандӣ биёмўз, Асри ҳиҷрону ҷудоиро фидои лаҳзаи дидори худ кун. Бўса ҳам чун сабза месўзад, Ҳамчу оғўши биёбон оғуши мо низ мехушкад, Фурсате дону чу найсонам ғариқи раҳмати рагбори худ кун. Бўи … Читать далееРавам, аз ишқ пурсам манзиолатро

Хайём шоир

Арзишмандтарин офаридаҳои Хайём шеърҳои ў — рубоиёти вай мебошанд, ки теъдоди аниқи онҳо то кунун муайян нагардидааст. Асосан Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ Умари Хайём бо эҷоди рубоиёташ шўҳрати ҷовидонӣ ёфта. Чаро рубоиёти ин марди беҳамто ва офаридгори каломи қудсӣ ин қадар писанди инсонҳост? Ба диди мо бар он асос, ки ў гўё маҳз бо дархосту тақозои дили аксарияти … Читать далееХайём шоир

Хайём – нигорандаи бузург

Хайём аз нобиғаҳои нотакрори ҷаҳони дирўзу фардо ва пагоҳҳои дигар аст. Чи қадаре ки дар атрофи номаш, лақабу тахаллусаш баҳс аст, дар атрофи мероси илмию адабиаш низ баҳс идома дорад. Ҳар чи ки оиди Хайём пеш меорем, тасдиқномаи андешаҳои моянд дар заминаи тадқиқотҳою асарҳои мансуб ба Хайём ва меросу осори ў, ҷиддан диди назар кардани … Читать далееХайём – нигорандаи бузург

Шӯҳрати ҷаҳонии Хайём

Тарҷумаи рубоиёти Хайём дар Европа як инқилобе ба вуҷуд овард. Соли 1700 номи Хайём дар китоби муаррихи немис Т. Ҳайд «Таърихи дини эрониёни қадим» зикр ёфт. Соли 1771 У. Ҷонс дар «Сарфу наҳви форсӣ» ном китоб тарҷумаи англисии ду рубоии ўро бе зикри номи шоир ҷой дод. Бо тарҷума гардидани рубоиёти Хайём аз ҷониби Эдвард … Читать далееШӯҳрати ҷаҳонии Хайём