Ҷамоати панҷгона «Муаммои турнаҳо».

Ин ҷамоати панҷгона дар сабзазорон на танҳо дарс мехонданд, балки сӯҳбатҳои аҷибу ғариби завқовар меоростанд, луғзу чистон мегуфтанд, байтбарак мекарданд, қиссаву ривоят ва латифаю ҳикоятҳои дилангез нақл мекарданд, гоҳе дар майдону хиёбонҳои шаҳр ба тамошои дорбозу хирсбоз мерафтанд. Гоҳе масоили шунидаашонро низ ба ҳам гуфта, таҳлилу тасдиқи онҳоро аз якдигар дархост мекарданд.
Рӯзе Камолиддин ҳикоят кард: Дирӯз назди падарам ёрони ӯ омада буданд. Сӯҳбати аҷибе доштанд, яке масъалаҳоеро ба миён гузошта, ҳалли онро аз ҳозирон талаб кард. Масъала ин буд: Турнае аз селаи турнаҳо ҷудо афтода, дар лаби ҷӯе об хӯрда, рӯ ба боло кард. Аз болои ӯ селаи дигари турнаҳо мегузаштанд. Турнаи лаби ҷӯ гуфт: «Ассалому алайкум, эй сад турна». Пешрави селаи турнаҳо ҷавоб дод: «Ваалайкум ассалом. Аммо мо сад турна нестем. Агар боз баробари мо, нисфи мо, нисфи нисфи мо бо мо бошад, ва ту низ ҳамроҳ шавӣ, баъд сад турна мешавем».
Турнаҳои осмон чандто будаанд? — савол дод Камолиддин ба ёрон.
Муиниддин гуфт:
— Ин бисёр аҷиб-ку,— баъд илова кард: —биёед, ҳал мекунем.
Ёрон басе майна об карданд. Аммо илоҷи ҳалли онро надонистанд. Аз Камолиддин пурсиданд, гуфт, ки ҳалли онро аз ёд баровардааст.
Абдураҳмон гуфт:
— Ин бисёр осон: як фақат бо нӯҳ ба адади том мубаддал мешавад. Нисфи нисфи турнаҳо бояд нӯҳ бошад. Модоме нисфи нисфи турнаҳо нӯҳто бошад,
нисфи он ҳаждаҳ ва ҳамаи он сию шаш мешавад, ҳисоб кунед, ки сад мешавад, ё не?
Ҳама ҳисоб карданд: «36 + 36 + 18 + 9 + 1 = 100!»
— Офарин, Абдураҳмон, ту ҳамеша аз дигарон пештар масъаларо дуруст ва бесаҳв ҳал мекунӣ,—
гуфт Камолиддин.
Ин ҳикоят ва ҷустуҷӯи ҳалли ҳисоб шавқи ҷамоати панҷгонаро ба ин илм ба ҷӯш овард. Онҳо мехостанд боз аз ин навъ масъалаҳо ҳал кунанд.

(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод «Абдураҳмони Ҷомӣ»)