Муаммо сабӯи даҳманӣ.

Муиниддин гуфт:
— Чунин як масъалаеро аз калонҳо шунидам: ду нафар дар биёбоне мерафтанд. Сабӯи даҳмание пур аз равғани зағир доштанд ва ду сабӯи дигари холӣ доштанд, ки яке ҳафтманӣ ва дигаре семанӣ буд. Дар нисфи роҳ хостанд аз ҳам ҷудо шаванд ва равғани зағирро баробар тақсим кунанд. Чӣ тавр метавонанд, ки онро панҷманӣ1 тақсим кунанд?
Ёрон боз дар тафаккур шуданд. Масъала чигиле дошт, ки кушодани он фикри амиқро металабид.
Абдураҳмон якум шуда чигили онро кушод ва ҳамсабақонро ба назди худ чеғ зад:
— Ёрон, биёед, банд кушода шуд. Ҳамсафарон аввал сабӯи даҳманиро ба сабӯҳои семанӣ ва ҳафтманӣ холӣ мекунанд. Баъд моеи сабӯи семаниро ба сабӯи даҳманӣ меандозанд ва аз сабӯи ҳафтманӣ низ ду са¬бӯи семанӣ гирифта ба сабӯи даҳманӣ меандозанд, он як мани боқимондаи сабӯи ҳафтманиро ба сабӯи семанӣ мегардонанд ва аз нӯҳ мани бақияи сабӯи даҳманӣ сабӯи ҳафтманиро пур мекунанд, ки дар натиҷа ду ман дар сабӯи даҳманӣ, ҳафт ман дар сабӯи ҳафтаманӣ ва як ман дар сабӯи семанӣ мешавад. Агар сабӯи семаниро, ки дар он як ман равғани зағир боқӣ буд, аз сабӯи ҳафтманӣ пур кунанд, он се ман ме¬шавад ва дар сабӯи ҳафтманӣ панҷ ман боқӣ мемонад; се мани сабӯи семаниро бо ду мани сабӯи даҳманӣ ҳамроҳ мекунанд, ин ҳам панҷ ман мешавад. Ба ҳамин минвол ҳар ду шарик бекаму кост бахши худро мегиранд…
——————-
1. Як ман — 2,944 кг.
(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод «Абдураҳмони Ҷомӣ»)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *