Муаммои рақамҳо.

Ҷомӣ гуфт:
— Рақамҳои аз як то нӯҳро дар се қатор сераҳӣ бояд гузошт, ки ҳосили ҷамъ аз ҳама тараф понздаҳ барояд.
Ҳама навиштанд: 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9. Қариб ним соат гузашт. Низомиддин Довуд садо баровард:
— Ман ёфтам.

15 15 15 15 15
15 6 7 2 15
15 1 5 9 15
15 8 3 4 15
15 15 15 15 15

Ҳама ба назди ӯ ҷамъ шуданд. Муиниддин, ки масъаларо наёфта буд, зуд аз баҳри ҳал кардани он гузашт. Низомиддин варақашро нишон дод, ки чандин бор хат кашида, дар охир чунин шаклро гирифта буд:

Баъд Камолиддин навиштаи худро бо он муқоиса кард, аммо навиштаи ӯ ин навъ сурат дошт:

15 15 15 15 15
15 4 3 8 15
15 9 5 1 15
15 2 7 6 15
15 15 15 15 15

Шамсиддин, ки бачаи камгап ва вазнинтаре буд, коғазпораи худро оҳиста ба ҷузвгир гузошт.
Ёрон аз ӯ талаб карданд, ки навиштаашро нишон диҳад. Вай бе сухан коғазро аз ҷузвгир бароварда ба дасти Абдураҳмон дод, ки ин навъ сурат дошт:

15 15 15 15 15
15 2 9 4 15
15 7 5 3 15
15 6 1 8 15
15 15 15 15 15

 

Ҷомӣ гаштаву баргашта ба коғаз зеҳн монда, ко­ри Шамсиддинро таъриф кард:
— Ҳама масъаларо дуруст ҳал кардаанд. Аммо тарзи ҳалли Шамсиддин бартарӣ дорад. Вай рақами 5-ро дар хонаи марказ гузошта, рақамҳои ҷуфтро аз рӯи тартиб дар чаҳор гӯша гузоштааст, ки агар рақамҳои тоқpo мутаносибан баръакси он дар чаҳор хонаи мобайн гузорем, зуд матлаб ба даст меояд. Вале Муиниддин ҳам бояд масъаларо ҳал кунад, дар машраби мо канораҷӯӣ мумкин нест.
(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод «Абдураҳмони Ҷомӣ»)