Шеъри ростмазмун.

Мегӯянд: шахсе дар назди Мавлоно Ҷомӣ даъвои шеършиносӣ намуда, ба тарзи эътироз ба Мавлоно гуфт:

Шеърҳои шумо ҳама cap то cap дурӯғ аст. Аз шумо муносиб он аст, ки шеърҳои ростмазмун гӯед.
Ҷомӣ гуфт:
— Ин тавр бошад, барои шумо як байти ростмазмун мегӯям, ки хонда завқ кунед. Ва ин байтро навишта дод:

Латта дар об латтаи тар аст,
Кӯҳи Қоф аз нахӯд каттатар аст.
Дар Самарқанд гурба ях нахӯрад,
Дар Бухоро хурӯс мурғи нар аст.