Саҳви қалам.

Гӯянд Алишери Навоӣ девони қадимии Ҷомиро ба Абдусамад ном котиби хушнавис китобат фармуд. Девон бо лавҳ ва ҷадвалҳои нодиракорона ҳам зинат дода шуда буд.
Навоӣ ин нусхаро ба Ҷомӣ дод, ки агар котиб хатое карда бошад, бо қалами худ ислоҳ кунад, ки сабаби обрӯи китоб меша¬вад. Ҷомӣ дид, ки котиб бисёр хато навиш¬та, баъзе лафзҳоро аз пеши худ тағйир ва табдил додааст, нусхаро cap то сар бо қалами худ тасҳеҳ карда ва дар охири китоб ин қитъаро навишт:

Хушнависе чу орази хубон,
Суханамро ба хатти хуб орост.
Лек ҳар ҷо дар ӯ зи саҳви қалам,
Гоҳ чизе фузуду гоҳе кост.
Кардам ислоҳ ман ба хатти хеш,
Лек н-омад чунон, ки дил мехост.
Ҳар чӣ ӯ карда буд дар шеърам,
Ман ба хатташ қусyp кардам рост.