Дар маҷлиси Ҷомӣ.

Баҳори соли 1483 буд. Ҳар ду писари Хоҷа Аҳрор1 аз Самарқанд ба зиёрати Машҳад рафта, аз он ҷо ба Ҳирот омаданд ва дар Хиёбон меҳмони Ҷомӣ шуданд. Ҷомӣ ба шарафи онҳо зиёфат ороста, дар баробари шогирдонаш баъзе калоншавандаҳоро низ хабар кард. Ҳусайни Бойқаро2 ҳам ба ин маҷлис омад. Сӯҳбат гарм шуд. Ҷомӣ чун ҳарвақта аз ҳама поён менишаст ва сухан намегуфт. Ҳусайни Бойқаро ба вай рӯ овард:

— Ҳазрати Махдумӣ, ҳозирон ҳама муштоқи сӯҳбати шумоянд, — гуфт ва илова кард:

З-он лаби ширинтакаллум як сухан гар бишнавам,
То қиёмат он сухан вирди забони ман шавад.

— Шумо гап занед, мо чӣ ҳам мегӯем?! — посух дод Ҷомӣ.
— Аҳли сӯҳбат мехоҳанд аз суханони Шумо файзёб шаванд.
Аз адолат ва раиятпарварии подшоҳ сухан карданду шеърҳо хонданд… Аз тамоили сӯҳбат, аз афти кор, хотири подшоҳ малол гирифт, ки вай суханро ба мавзӯи шеър ва қудрати шоирӣ баргардонд. Аз ҳусну қубҳи шеър басе мулоҳизаҳо ронда шуд. Ҳозирон аз Ҷомӣ хоҳиш карданд, ки назари худро баён намояд.
— Шеър мӯъҷизаи осмонист, вале афсӯс, ки дар ин рӯзгор касоне пайдо шудаанд, ки аз бехирадӣ шеърро аз шаир, яъне бофтаи маҳз фарқ накарда, шабу рӯз чун сагони посӯхта кӯй ба кӯй мегарданд, ки музахрафоти худро фурӯхта, ба ивазаш мурдоре биёбанд ва меъдаи худро пур кунанд, ҳол онки шоирони пешин бо фазлу ҳунар ороста буда, дар ахлоқи поку сияри неку мумтоз буданд, сухани онҳо аз мағзи ҷон буда, бо умқи маъно ва лутфи адо шунавандаю хонандаро мафтун мекард.
Ҳозирон гуфтори Ҷомиро наметавонистанд, ки тасдиқ накунанд, чунки дар ҷомеаи шаҳри Ҳирот намояндагони ҳама табақа дам аз шеъру шоирӣ зада, аксар он қолаби латифро бо мазмунҳои дағал ва сафсаттаҳои пуч пур карда, шеърро ба лафзбозиҳои тиҳӣ аз ҳиссиёт табдил дода буданд.
Сухан ба ҳар сӯ дакка мехӯрд. Биноӣ3 гуфт:
— Камоли қудрати шоирӣ бадеҳагӯӣ аст.
Ҳусайни Бойқаро ин суханро шунида гуфт:
— Биёед, азизон, бадеҳагӯӣ мекунем. Мо чаҳор калима мегӯем, ҳар кӣ хоҳад онро ба силки назм мекашад.
Ҳосидони Ҷомӣ боре ба Ҳусайни Бойқаро бадгӯӣ карда гуфта буданд, ки Ҷомӣ дар бадеҳагӯӣ оҷиз аст. Подшоҳ фурсатро мувофиқ ёфт, ки ҳақиқати он сухан¬ро бисанҷад.
— Бифармоед,—хоҳиш карданд ҳозирон.
— Чароғ, ғирбол, нардбон, турунҷ,—гуфт подшоҳ.
Аз рӯи одоби ҷорӣ ҳар корро бояд Ҷомӣ cap мекард. Вай лаҳзае дар олами хаёл сайр карда, гуфт:

Эй гашта чароғи давлатат бадри мунир,
Ғирбол шуда синаи аъдот зи тир.
Бар паллаи нардбони ҳиммат неҳ пой,
Аз авҷи фалак турунҷи давлат баргир.

Шеърдӯстон баробари подшоҳ Ҷомиро таҳсин гуфтанд. Подшоҳ ба Биноӣ руй овард:
— Мавлоно, акнун навбати шумо,—гуфта ин калимаҳоро ном бурд:—манқал4, тос5, «Шарҳи Шамсия»6,
кулоҳи намадӣ.
Баъди каме тааммул Биноӣ гуфт:

Чун манқал агарчи дуди оҳе дорем,
Бар тоси фалак на коргоҳе дорем.
Бо мо сухане зи «Шарҳи Шамсия» магӯй,
Мо низ аз ин намад кулоҳе дорем.

Баъди ин калимаҳоро подшоҳ мегуфту касони довталаб шеър месохтанд, касе пештар шеърашро мехонд, ғолиб ҳисоб мешуд.
———————
1. Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор – аз шайхони машҳури самарқандӣ, ки ба Мавлоно Ҷомӣ эҳтироми зиёд дошт.
2. Султон Ҳусайни Мирзо, машҳур ба Ҳусайни Бойқаро – аз подшоҳони машҳури темурӣ.
3. Камолиддини Биноӣ – шоири номдори тоҷик, ки парвардаи мактаби адабии Ҷомист.
4. Манқал – оташдоне, ки дар он оташ афрӯхта дар миёни хона мемонанд; кӯрае, ки дар он кабоби сихӣ мепазанд.
5. Тос – ташт, лаганд; ҷом, коса.
6. «Шарҳи Шамсия» – китобе доир ба мантиқ.

(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод «Абдураҳмони Ҷомӣ»)