Шаҷара (насабнома).

Шаҷара1

Мавлоно Ҷомӣ аз сарзанишу писханди амалдорони олирутба ҳам ибо намекард, кирдорҳои ношоистаашонро ҳамеша фош менамуд. Воқеан, Низомулмулк, ки вазири Султон Ҳусайни Мирзо буд, насаби худро ба асҳоби пайғамбар ва махсусан ба авлоди амуи ӯ Абдулаббос дуруст карда, шаҷарае нависонда буд ва аз тамоми калоншавандаҳо, қозиву муфтиҳои вилояти Хуросон илтимос мекард, ки ба зери он насабнома имзо гузоранд, ки он ҳаққу рост аст. Рӯзе он шаҷараро назди Ҷомӣ низ фиристод. Ҷомӣ имзои худро ба он нагузошт. Худи Ни¬зомулмулк омада, илтиҷои бисёр кард, ки Ҷомӣ ба он имзо гузорад.
Ҷомӣ аз рӯи зарофат ин рубоиро бадоҳатан зери он шаҷара навишт:

Онро, ки бувад нури набӣ2 дар башара,
Ҳоҷат набувад ба тӯлу арзи шаҷара.
В-онро, ки зи рух натобад ин нури сара,
Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара.

Чун ин воқеа дар шаҳр машҳур шуд, шиносу ношиносҳо сабаби онро мепурсиданд. Ҷомӣ мегуфт, ки шарафу эътибори одам на ба аҷдоди ӯ ва на ба сарвату мансаб аст. Ин қитъаи Ҷомӣ низ он вақтҳо хеле интишор ёфта буд:

Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал, гaр дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар, арчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наорад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

—————————
1. Шаҷара – насабнома.
2. Набӣ — пайғамбар.

(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод «Абдураҳмони Ҷомӣ»)