Соғарӣ.

Соғарӣ шоире буд бадшеър, шӯридаҳол, соддалавҳ, вале ба Ҷомӣ иродатманд буд ва аз ин рӯ гоҳ-гоҳе Ҷомӣ бо ӯ мутоиба мекард. Ҷомӣ дар шаъни ӯ қитъае гуфта буд:

Соғарӣ мегуфт: Дуздони маонӣ бурдаанд,
Ҳар куҷо дар шеъри ман маънии рангин дидаанд.
Дидам аксар шеърҳояшро, яке маънӣ надошт,
Рост мегуфт, он ки маъниҳошро дуздидаанд.

Манзури Соғарӣ ҳамин қитъа буд. Аммо Ҷомӣ барои осори кудуратро аз дили ӣ баровардан бо нармӣ гуфт:
— Мо гуфтаем «шоире мегуфт», котибон ва зарифони шаҳр дар он тағироте дароварда ба тасҳиф1 Со-ғарӣ сохтаанд.
———————
1. Дар навишти арабӣ махраҷи ҳуруфоти «шоире» ва «соға¬рӣ» як хел аст, агар танҳо нуқтаҳои «шин» бардошта шавад, ва нуқтае болои айн афтад, «шоире» — «Соғарӣ» мешавад. Тасҳиф ҷои нуқтаро дар навишт дигар кардан аст.
(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод «Абдураҳмони Ҷомӣ»)
* * *

Мегӯянд, ки Мавлоно Соғарӣ ба бухл муттаҳам буд ва бехабар бар суфраи дигаран ҳозир мешуд ва дар хӯрдани ғизо ширкат меварзид.
Як сол ғурраи моҳи Рамазон пеш омад ва рӯзи аввали моҳ дар рӯяти ҳилол шак воқеъ шуд ва аз тарафи ҳокими шаръ ҷор заданд, ки мардум бояд вақти завол (пешин) чизе нахӯранд.
Соғарӣ назди Мавлоно Ҷомӣ нишаста буд ва садои ҷарчиро, ки шуниданд, дӯстон ба Ҷомӣ гуфтанд:
— Ё Мавлоно! Соғарӣ имрӯз чизе хӯрда,
зеро хеле башош ба назар мехӯрад.
Мавлоно Ҷомӣ гуфт:
— Агар дар хонаи худ хӯрда, аз рӯи фаромӯшӣ буда.