Пиндорам туӣ…

Мавлоно Ҷомӣ дар маҷлисе ғазале суруд, ки матлааш ин буд:

Баски дар ҷони фигору ҷисми беморам туӣ,
Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ.

Яке аз шайхзодаҳои шаҳр, ки холӣ аз балоғат набуд ва даъвии шеъру шоирӣ мекард, бар матлаи ғазали Мавлоно Ҷомӣ эътироз намуд ва гуфт:
— Ҷаноби Мавлано! Шумо дар ин матлаъ фармудаед: «Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ». Агар харе ё гове пайдо шавад?
Мавлоно Ҷомӣ гуфт:
— Боз пиндорам туӣ.