Ҷомӣ ва Ҳотифӣ.

Рӯзе Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барои табъозмоӣ хоҳарзодаи худ Мавлоно Ҳотифиро водошт, ки чанд мисраъ аз ашъори Фирдавсиро, ки ба сурати ҳаҷв суруда аст, истиқбол намояд. Мавлоно Ҳотифӣ қабул кард ва гуфт:
— Он шеър кадом аст?
Ҳазрати Ҷомӣ шеърро ба Ҳотифӣ бисупурд, ки он қарори зайл аст:

Дарахте, ки талх аст, ӯро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт.
В-ар аз ҷӯи хулдаш ба ҳангоми об,
Ба бех ангубин резию шаҳди ноб.
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.

Ҳотифӣ шеърро бихонд ва абёти зайлро арза намуд:

Агар байзаи зоғи зулматсиришт,
Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт.
Ба ҳангоми он байза парварданаш,
Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш.
Диҳӣ обаш аз чашмаи салсабил,
Бад-он байза дам гар занад Ҷабраил.
Шавад оқибат байзаи зоғ зоғ,
Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.

Мавлоно Ҷомӣ гуфт:
— Нек гуфтаӣ, вале дар ҳар мисраъ як байза гузоштаӣ.