Ҷомӣ ва шогирд.

Яке аз бузургзодагони Ҳирот фарзандашро барои омӯзиши забон ба ҳузури ҳазрати Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бурд. Ҳазрати Ҷомӣ дарси ӯро аз «Сарфи мир» оғоз карданд. Аввалин дарсро гуфтанду баъд ба шогирд, ки роҳаш аз миёни бозорчаи шаҳр буд, таъкид намуданд, ки дарсро чандин рӯз такрор намояд. Писар рафт ва бо шавқу дилбастагӣ дарсашро хуб такрор кард ва дар ҳофиза ҷой дод. Вақте ба ҳузури устоди худ расид Ҷомӣ ба ҷои дарс аз вай пурсиданд:

— Пешаварон ва мардумони бозор дар чӣ кор машғул буданд?
Шогирд ҷавоб дод:
— Ҳазрати устоди бузургвор, ман ба ко¬ри мардум ғаразе надоштам, ҳар кас ба шуғли худ масруф буд.
Ҳазрати Ҷомӣ cap шур доданд ва гуфтанд:
— Ту ҳанӯз дарсатро хуб наёмӯхтӣ, би¬рав боз ҳам хуб бихон!
Писарак шитобон рафт ва чунон ба дарс машғул шуд, ки аз он беҳтар имкон надошт. Дар роҳи мадраса бо диққат ба дӯкондорону пешаварон нигарист. Дид, ки ҳар кас ба кори худ машғул буд. Ҷомӣ боз ҳам ба ҷои дарс аз ӯ пурсиданд:
— Мардум ба чӣ кор машғул буданд?
Ҷавонак бо эҳтиром ҷавоб дод:
— Ман ба онон диққат кардам ва чизи
фавқулоддае наёфтам. Ҳама ба касбу кори худ иштиғол доштанд.
Ҳазрати Ҷомӣ ӯро боз пас фиристоданд ва гуфтанд:
— Писарам, боз ҳам бихон ва хуб бихон!
Ин дафъа писарак чунон дар дарс ғарқ шуд, ки бидуни он чизе барояш воқеият на¬дошт. Рӯзи дигар дар бозорча бо тааҷҷуб дид, ки ҳама дӯкондорону пешаварон ва харидорон дарси ӯро такрор мекунанд. Писа¬рак ҳайратзада ба ҳузури устод Ҷомӣ расид ва бо тааҷҷуб гуфт:
— Устоди бузургвор, ман турфа аҷоиботеро дар бозор дидам. Ҳама дарси маро такрор мекарданд. Ҳатто дӯкондорону харидорон ҳамагишон дарси маро мехонданд.
Мавлоно Ҷомӣ пас аз он, ки ба шогирди ҳаяҷонзада гӯш доданд, фармуданд:
— Ҳоло ту дарсатро хуб ёд гирифтаӣ, ман ба ту дарси ҷадид мегӯям.
Ва баъд Ҷомӣ ба тадриси бузургзода пардохтанд.