Фазлуллоҳ Ҷамолӣ ва Ҷомӣ.

Дафъае Фазлуллоҳ Ҷамолӣ ном шоире аз Ҳинд ба зиёрати Ҷомӣ омада буд. Дар маҷлиси аввалин ӯ дар боло нишаст. Чун вай дар либосҳои ҷанда буд, ба яке аз амалдорони вақт Амир Ҷалоир бад расид. Гуфт:

— Миёни туву саг чӣ қадар фарқ аст?
Ҷамолӣ гуфт:
— Як ваҷаб.
Ҷомӣ аз тарзи каломи ӯ мутааҷҷиб шуда пурсид:
— Кистӣ ва аз куҷоӣ?
Ҷавоб дод:
— Фақирам ва аз хоки Ҳинд мерасам.
Ҷомӣ боз пурсид:
— Аз каломи Ҷамолӣ чизе ба хотир дорӣ?
Гуфт:
— Ope, — ва ин байтро хонд:

Моро зи хоки кӯят пироҳанест бар тан,
Он ҳам зи оби дида сад чок то ба доман.

Ҷомӣ гуфт:
— Maгap худат Ҷамолӣ нестӣ?
Гуфт:
— Бале, ҳастам.
Ҳар ду аз ҷо бархоста, оғӯш кушода, вохӯрӣ карданд. Ҷомӣ баъди фурсате ҳангоми сӯҳбат аз Ҷамолӣ пурсид:
— Аз муаммоҳои Амир Хусрав чизе дар хотир  дорӣ?
Ҷамолӣ гуфт:
— Муаммоҳои Амир Хусрав ба ду навъанд: Яке қавлӣ ва дигаре феълӣ.
Ҷомӣ гуфт:
— Қавлӣ зиёд шунидаем, аммо феълӣ чӣ гуна бошад?
Ҷамолӣ рост бархост, баъд қоматро хам кард, баъд рӯи риши худро афшонд ва гуфт:
— Ин феълӣ аст.
Ҷомӣ каме фикр карда гуфт:
— Ин муаммо шояд ба номи Идрис бошад, зеро ки рост шудан ҳарфи алиф, хам шудан ҳарфи долро ба хотир меорад ва афшондани болои риш ба он далолат мекунад, ки аз ин калима гардҳо, яъне, нуқтаҳои болои он бояд афшонда шаванд, ки ҳосили он Идрис мешавад.
Ҷамолӣ гуфт:
— Ҳақ асту рост, фақир ба камоли фаросати ҷаноби Шумо қоил шудам, дуруст гуфтаанд, ки шунидан кай бувад монанди дидан.

(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод «Абдураҳмони Ҷомӣ»)