Барномаи WINDOWS’ 98.

Барномаи WINDOWS’ 98 нисбат ба WINDOWS’ 95 воситаҳоеро дар бар мегирад, ки кори компютерро бе истифодаи дастгоҳҳои иловагӣ тезтар мегардонанд. Ба таркиби WINDOWS 98 қатори барномаҳое дохил мегарданд, ки ҳосилнокии кори компютерро баланд мегардонад.

Дар WINDOWS 98 эътимоднокии компютер аз ҳисоби истифодабарии » мастерҳо «, барномаҳои хизматӣ ва захираҳо, ки корҳои зерини мунтазами системаро таъмин менамоянд, зиёд карда мешавад:
1. Тафтиши файлҳои системавӣ имконият медиҳад, ки ҳолати файлҳои нисбатан муҳими таъминкунандаи кори компютер санҷида шаванд. Агар ин файлҳо вайрон шуда бошанд, ё ин ки ба дигар ҷой кучонида шуда бошанд, барномаи тафтишотӣ онҳоро барқарор мекунад.
2. Тафтиши диск баъди кори ғайриқаноатбахши системаи амалиётӣ ба таври автоматонӣ ба кор медарояд. Барномаи тафтишотӣ ҷойҳои вайроншудаи файлҳо ва » папкаҳо» — ро муайян месозад ва ислоҳи ин хатогиҳоро иҷро месозад. Ба ғайри ин истифодабаранда имконият дорад, ки дилхоҳ маврид тафтиши дискро иҷро кунад.
3. Истифодаи Web — узели захираҳои WINDOWS Update раванди навкунии драйверҳо ва файлҳои системавиро бо таъминоти нав ба нави техникӣ атоматонӣ мекунад.
4. Тафтишкунандаи реестр барномаи системавие мебошад, ки хатогиҳоро дар он муайян ва бартараф менамояд.
5. Барномаи гузоришкунанда дар ҳар мавриди барқароркунии системаи амалиётӣ тафтиши реестрро иҷро менамояд.
6. Барномаи архивкунӣ имкониятҳои васеи архивкунӣ ва барқароркунии маълумотҳоро иҷро мекунад, ғайр аз ин дастгирии миқдори зиёди ғункунакҳои дискҳои магнитӣ ва ғайраҳоро ба ҷо меорад.
Барандаи (Проводники) WINDOWS 98 ва Internet Explorer имконият медиҳад, ки захираҳои Web дар як фазо ҷамъ карда шаванд.
WINDOWS 98 истифодабарии Web — ро аз рўи истифодаи ҳамаи имкониятҳои компютер ниҳоят ҳосилнок месозад.