Ғазали «Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд»-и Ҷомӣ.

Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд,
Ростон майл бад-он қомати дилҷӯй кунанд.
Ғамзаҳоро макун ангез паи ғopaти дин,
Кофиронанд, мабодо, ки бад-ин хӯй кунанд,
Чун хати сабзи ту нозук натавонанд навишт,
Хушнависон ба масал гap қалам аз мӯй кунанд.

Чун шавад хок сарам, бар сари кӯяш фиганед,
Бошад, ин коса сафоли саги он кӯй кунанд.
Соликон бе кашиши дӯст ба ҷое нарасанд,
Солҳо гарчӣ дар ин роҳ такопӯй кунанд.
Ман кию қибла? — Чу дар хок барандам, зинҳор,
Ҳар куҷо манзили ӯ, рӯи ман он сӯй кунанд.
Васфи он рӯй чу гул гӯ ба гулистон, Ҷомӣ,
Булбулон чанд ҳадиси гули худрӯй кунанд?