Ғазали «Оташ андар хирмани мо зад»-и Ҷомӣ.

Оташ андар хирмани мо зад рухат в-ин равшан аст,
Холи мушкини ту бар рух донае з-ин хирман аст.
Он рухи нозук чу об аз дида рафт, аммо ҳанўз,
Нақши холаш чун сиёҳӣ монда дар чашми ман аст.

Ту маро чашмиву то бар бому равзан омадӣ,
Чашми ман гаҳ бар канори бому гаҳ бар равзан аст.
Шаб ниҳонӣ рух ба поят судаам, инак нишон —
Қатраҳои хуни ашки ман туро дар доман аст.
Дил асири дому ҷон мурғи ҳарими боми туст,
Доғи ҳирмону ғами ҳиҷрон саросар бар тан аст.
Бе рухат гуфтам: накў пур мекунам доман за ашк,
Гуфт: «Ҷомӣ, кори некў кардан аз пур кардан аст!»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *