Ғазали «Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст»-и Ҷомӣ.

Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст,
Гар ба сурат ғоиб аст, аммо ба маънӣ ҳозир аст.
Ошиқ андар зоҳиру ботин набинад ғайри дўст,
Пеши аҳли ботин ин маънӣ, ки гуфтам, зоҳир аст.

Дар ҳузури дўст ҳар ҷониб назар кардан хатост,
Як замон ҳозир нишин, эй дил, ки ҷонон нозир аст.
Хотирам хуш нест ҳаргиз ҷуз ба зери бори ишқ,
Пеши ошиқ ҳар чӣ ҷуз ишқ аст, бори хотир аст.
Он парирухро ба афсуни сухан тасхир кард,
3-он сабаб гўянд: шоир нест, Ҷомӣ соҳир аст.