Ғазали «То диламро по дар он кў баста шуд»-и Ҷомӣ.

То диламро по дар он кў баста шуд,
Роҳи рафторам зи ҳар сў баста шуд.
Ноқаи азми ҷаҳонпаймойро
Бар сари он кўй зону баста шуд.

Он миён омад чу мўям бар хаёл,
Риштаи ҷонам бар он мў баста шуд.
Шишаи дилро ба фикри қоматаш,
Дар дарун сад нахли дилҷў баста шуд.
Чашми ман н-омад ба ҳам шабҳо, магар
Навки мижгонам ба абрў баста шуд.
Аз сухан Ҷомӣ чӣ лофад ин забон,
Пеши он лаъли сухангў баста шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *