Симои Зулайхо.

Зулайхо низ образи мусбат ва намунавист, ки қиёс надорад. Ў ҳанўз Юсуфро(а) дар хоб дида ошиқ мешавад ва аз пайи ана ҳамин орзуяш ҳастии худро ба гарав мегузорад. Вайро ғайри хоҳиш ба Азизи Миср хонадор мекунанд, вале ў устувориро якумрӣ нигоҳ медорад. Албатта, аз рўи хоби дидааш Азизи Мисрро Юсуф (а) мепиндораду розӣ мешавад. Чун мебинад, ки ў нест, оммаро аз назар гузаронида (аҳли Мисрро) Юсуфро (а) пайдо карда наметавонад. Ў Азизи Мисрро аз он ҷиҳат эҳтиром мекунад, ки орзўяш танҳо ба воситаи ў метавонист амалӣ шавад:

Даромад мурғи бахшоиш ба парвоз,
Сурўши ғайб додаш ногаҳ овоз.
Азизи Миср мақсуди дилат нест,
Вале мақсуд бе ў ҳосилат нест.
Аз ў хоҳӣ ҷамоли дўст дидан
В-аз ў хоҳӣ ба мақсудат расидан.

Вакте ки Зулайхо барои харидории ғулом меравад, ба нохост ғуломро дида, шахси дар хоб дидаашро мешиносад ва нерўи ишқ ўро аз ёд мерабояд:

Баромад аз дилаш бехост фарёд,
Зи фарёде, ки зад бехуд бифтод.

Сонӣ, ў худро хушбахттарини ҷаҳон мешуморид, зеро мақсудашро пайдо кард. Юсуф (а) худро ғуломи хонадон дониста одоби исломии ғуломиро бо тамоми ҷузъиёт нигоҳ медорад ва риоя мекунад. Онҳо аз нигоҳи дин низ наздик буда наметавонистанд, зеро Юсуф (а) рисолати нубувватӣ дорад, вале Зулайхо бутпараст аст ва дар ин ҷо дар интиҳои достон Зулайхо бутро шикаст ва мушкилаш кушода шуд. Ба қавли ҳазрати Ҷомӣ хақиақти ислом маҳз ин аст, ки заволнопазир дониста мешавад. Зулайхо духтари фаъол аст ва барои мақсади худ бо тамоми ҳастиаш мубориза мебарад. Ў дар ин роҳ аз воситаҳои «…дар зарурат раво бувад…»-ро истифода карда, ҳатто боиси бисёр кулфатҳову мусибатҳо, ранҷу азобҳо, печидагиҳои зиндагии Юсуф (а) шуд, вале дар охир пушаймон мешавад ва худро дар ҳузури омма гуннаҳкор дониста ба ҳимояи Юсуф (а) мехезад.