Ғазали «Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад»-и Ҷомӣ.

Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад,
Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад.
Ҳар кӣ мегӯяд ҳадиси салсабил,
3-он лаби нӯшин киноят мекунад.
Аз рақибон мекунад паҳлӯ тиҳӣ,
Ҷониби моро риоят мекунад.

Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо,
Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад.
Дур аз он лаб ҷон яке нолон най аст,
«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»1,
3-он лаби ҳамчун шакар монда ҷудо,
«Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».2
Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат захми теғ,
Ғамзае ӯро кифоят мекунад!

——————
1-2 Ин байт матлаи «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Румист, ки Абдураҳмони Ҷомӣ онро тақсим намуда, ба тариби тазмин дар ду байт дохил наму¬да аст.