Ғазали «Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад»-и Ҷомӣ.

Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад,
Саҳрову шаҳр бар дили мо танг мекунад.
Эй номабар, ба маҷлиси ӯ номи ман мабар,
К-аз гуфтугӯи номи манаш нанг мекунад.
Шарҳи камоли шавқ ҳамин бас, ки чашми ман
Унвони ин саҳифа ба хун ранг мекунад.

Ошиқ фишонда ҷон ба раҳи каъбаи мурод,
Зоҳид нишаста пурсиши фарсанг мекунад.
Сад чанг мекашем ба уммеди як сафо,
Чун мебарем номи сафо, ҷанг мекунад.
Нашнидаӣ ба самъи қабул, арчӣ мӯҳтасиб
Манъи самои бонги наю чанг мекунад.
Ҷомӣ кунад ба сахтдилӣ ёрро итоб,
Ҷоми тунук муҷодала1 бо санг мекунад.

——————
1. Муҷодала—низоъу ситеза.