Ғазали «Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад»-и Ҷомӣ.

Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад,
Нурам аз омадани ӯ ба басар1 бозомад.
Аз нами дидаи соҳибназарон сӯи чаман
Лолаву сунбули ӯ тозаву тар бозомад.

Он ҷигаргӯша, ки чун ашк бирафт аз назарам,
Хун шуд аз ғaм ҷигарам, то ба назар бозомад.
Бандам аз ҷон камари бандагии ӯ, ки ба лутф
Баҳри хунрезии ман баста камар бозомад.
Мулки дунё ҳама бигрифт аз он зулфи дароз,
Дар паноҳи алами фатҳу зафар бозомад.
Шуд чу парвона дил, аз сабру хирад сохта пар,
Сӯи он шамъ, вале сӯхта пар бозомад.
Ҷомӣ афтод ба зиндони ғам аз шавқи лабаш,
Тӯтӣ, оре, ба қафас баҳри шакар бозомад.

————————
1. Басар — чашм.