Ғазали «Сароям ба хаёлаш ғазале»-и Ҷомӣ.

На ғизоле, ки сароям ба хаёлаш ғазале,
Ё занам аз рухи хуршедмисолаш масале.
На кариме, ки кунам фикри мадеҳаш, чу фитад,
З-офати даҳр дар аркони маишат халале.

На фасеҳе, ки ба бурҳони суханҳои латиф,
Бошадам қуввати баҳсею маҷоли ҷадале.
Тай шуд асбоби сухан, соқии гулчеҳра куҷост?
Ки маи лаъл бувад, он чи надорад бадале.
Май хуру рӯи накӯ бин, ки малоик накунанд
Сабт дар номаи аъмоли ту беҳ з-ин амале.
Ҷайби хос аст, ки ганҷи гуҳари ихлос аст,
Нест ин дурри самин дар бағали ҳар дағале.
Ҷомӣ, аз ишқ магӯ нукта ба зоҳид, ки бувад
Ҳар маҳалро сухане, ҳар суханеро маҳале.