Ғазали «Он ки бар гул гиреҳ»-и Ҷомӣ.

Он ки бар гул гиреҳ аз ҷаъди суманбўи ту баст,
Риштаи ҷони маро дар шикани мўи ту баст.
Таъна бар тўтии табъам мазан аз камсуханӣ,
Ки бар ў роҳи сухан лаъли сухангўи ту баст.

Лиллаҳулҳамд, ки ҷон мўътакифи ҳазрати туст,
Гарчи тан бори иқомат зи сари кўи ту баст.
Субҳу шаб дида набандам мани ғамдида ба хоб,
Чун кунам, хоби маро наргиси ҷодўи ту баст.

Хонаи сабри ман он рўз барандохт фалак,
Ки бад-ин қоида тоқи хами абрўи ту баст.
Нофа, к-аз хуни ҷигарпарвариши оҳуи Чин,
Дар дилаш хун гиреҳ аз нагҳати гесўи ту баст.
Медиҳад зинати бозори сухан Ҷомиро
Нахли назме, ки ба васфи қади дилҷўи ту баст.