Ғазали «Боз ҳавои чаманам орзуст»-и Ҷомӣ.

Боз ҳавои чаманам орзуст,
Ҷилваи сарву суманам орзуст.
Накҳати гулро чӣ кунам, эй насим.
Бўе аз он пираҳанам орзуст.

Тавба зи май кардаму омад баҳор,
Соқии тавбашиканам орзуст.
Ман кияму базми ту, лекин зи дур
Дидани он анҷуманам орзуст.
Зистанам бе ту муяссар мабод,
Бе ту агар зистанам орзуст.
Беш магў, Ҷомӣ, аз он лаб сухан,
К-ин суханон з-он даҳанам орзуст.