Ғазали «Аз ёри куҳан намекунӣ ёд»-и Ҷомӣ.

Аз ёри куҳан намекунӣ ёд,
Ин пешаи нав муборакат бод!
Фарёди касе намекунӣ гўш,
Пеши кӣ кунем аз ту фарёд?

Бо давлати бандагет ҳастем,
Аз хоҷагии ду олам озод.
Шояд, ки туро фаришта хонанд,
К-ин лутф надорад одамизод.

Он сўхта ёфт лаззати ишқ,
К-аз васл нишон надиду ҷон дод.
Аз шаккари ҷонфизои Ширин
Парвез наёфт завқи Фарҳод.
Мурғи чамани вафост Ҷомӣ,
Дар доми ғаму бало чӣ афтод?