Воситаҳои барномавии зиддивирусӣ

Вирус (барномаи вирусӣ) – пайдарпаии хурди кодҳои барномавие мебошанд, ки хусусиятҳои зерин доранд:

1. Имконияти сохтани нусхаи худ ва ҷорӣ намудани он дар дохили дигар барномаҳо.
2. Таъминоти пинҳонӣ то мавриди муайянкунии мавҷудияти он.
3. Амалиётҳои беиҷозати истифодабарандаро иҷро кардани ин барнома.
4. Мавҷудияти натиҷаҳои манфӣ баъд аз фаъолияти онҳо.

Ин қайд намудагиҳоро хосиятҳои пурраи вирусҳо номидан мумкин нест, чунки баъзе вирусҳо тамоман дигар хусусиятҳоро дошта метавонанд.
Пайдоиши вирусҳо сабабҳои зерин дорад:

1. Сабабҳои тавсифи техникӣ дошта.
2. Сабаби мубориза ба зидди рақибон (конкурентҳо) дар бозор.
3. Сабабҳои тавсифи иҷтимоӣ ва психологӣ дошта.

Дар шароити имрўза шумораи вирусҳои навишташуда ба даҳҳо ҳазор адад мерасад. Дар байни онҳо 40-50-тои фаъоли онро ёфтан мумкин аст, ки ниҳоят паҳн гаштаанд. Вирусҳоро ба гурўҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:
— вирусҳои боршаванда;
— вирусҳои файлӣ;
— макровирусҳо;
— вирусҳои шабакавӣ.

Барои мубориза бар зидди вирусҳо барномаҳое истифода мегарданд, ки онҳоро антивирусҳо меноманд. Антивирусҳо на танҳо вирусҳоро маълум менамоянд, балки онҳоро бо пуррагӣ нест менамоянду ахбори гумшударо барқарор месозанд.
Дар байни барномаҳои зиддивирусии паҳнгашта инҳоро қайд намудан мумкин аст:
— антивируси Касперский — AntiViral Toolkit Pro (AVP) ;
— McAfee Virғs Scan;
— Panda Antivirғs;
— F-Secғre Anti-Virғs;
— Sopshop Anti-Virғs;
— Norton Anti-Virғs.
Албатта, ҳоло антивирусе ёфт нагаштааст, ки бо пуррагӣ вирусҳоро нест гардонад, чунки ҳар рўз қариб даҳҳо вирусҳои нав сохта шуда истодаанд. Бинобар ҳамин, аз антивирусҳои навтарин истифода бурдан дуруст аст.