“Сабкшиносӣ”

 Маликушшуаро Баҳор

Асли хутути дунё аз куҷост?
(Аз ҷилди аввал саҳ 57-59)
То аввали қарни нуздаҳум аҳли таҳқиқро гумон чунин буд, ки аслу решаи хутут аз се хат бархостааст. Ва оне се: Хати чинӣ, Хати ҳиндӣ ва Хати сомӣ аст ва мўътақид буданд, ки хати қадими мисрӣ ва хати техӣ аз асли дигар аст, ки аз забонҳои қадимо маҳфуз мондааст. Вале баъдҳо ба ин ақида гаравиданд, ки тамоми хутут аз рўи хати финиқӣ (канъониён) гирифта ва сохта шуда ва танҳо хати мисрӣ ва чинӣ боқимондаи хатҳои нигории қадимист.
Ақидаи дигар низ пайдо шуд, ки гуфтанд хати финиқӣ аз хати мисрӣ, ки ба тадриҷ аз суратнигорӣ ва нақшӣ хориҷ шуда буд, истихроҷ ва сурати алифбоӣ бад он дода шуд бо ин ин шакл, ки бисту ду аломат аз хати мисрӣ, ки ҳар як махраҷи ҳарфе буд, гирифта, алифбое, ки баъд танаи соири хутут гардид, аз он тартиб доданд.
Ақидаи дигарениз ҳаст, ки гўянд хати финиқӣ ва хати ибрӣ аз хати дигар, ки намунаи он дар ҷазираи Крит пайдо шудааст, гирифта шуд.
Ақидаи дигар мегўянд, ки хати финиқӣ маъхуз аз хати мехӣ аст, ки онро ислоҳ карда ва ба сурати алифбоӣ даровардаанд ва ҳар кас дар ақидаи худ мутавассил ба қароин ва шабохати ҳуруф ва ҳар ҷиҳати дигар мешавад ва он чи мусаллам аст.
Он аст, ки хати финиқӣ қадимтарин ва саҳлтарин хутути алифбои дунёи қадим буда, хати ибрӣ ва сурёнӣ ва кабатӣ ва арабӣ ва мусаннада ва оромӣ ва паҳлавӣ ва юнонӣ ва лотину соискрит ва суғдӣ ва уйғурӣ ва ҳабашӣ ва соири хутути мавҷуди дунё ғайр аз чинӣ аз он хат орият ва тақлид шудааст ва ин ки он хат аз чи хате гирифта шуда ва оё асли он аз хати техӣ ё хати мисри аст, тардид нест.

1. Эрониён хатро аз куҷо омўхтанд?
Мардуми эронӣ, ки ба фармудаи Зартушт аз сарзамин — берун карда ва барои пайдо кардани чарогоҳ ва (хўриш) ба сўи Хоразм ва Эрон раҳсипор шудаанд. Ғолибон мардуми биёбон(и) ва чўпонону барзигар беш набуданд ва аз худ хат ва адабиёту фарҳанг ва одоби шаҳрнишинӣ надоштанд.
Ин маънӣ аз ҳолати ориёнҳои сакоӣ ва тахорӣ ва сармат ваалон ки баъдҳо аз Машриқи Осиё вориди Эрон шуда ва барои ба даст кардани чарогоҳ ва хўриш бо бародарони Эронии худ, ки пештар аз онон вориди Эрон ё Ҳинд шуда буданд ба задухўрдҳои хунин пардохтанд, маълум мешавад ва мебинем, ки он қавле на хате доштанду на дороӣ китобӣ ва шариъате буданд, ва ба ҷиз парастиши қуввои табии ва ситорагон, кеше надоштанд ва аз ин рў дорои тарбияти шаҳрнишинӣ, ки хат саромади он аст, набуданд.
Дигар мебинем, ки хутути пазируфта шуда ин ақвом низ хутути миллали сонӣ аст, яъне ҳамон хате, ки соири бародарони ориёоӣ мо чун ҳинду юнону руму фаронс ва русу ҷармон ва соир шохаҳои нажодсафед онро тақлид карданд.
Дар асотир ва номаҳои бостонӣ Эрон низ ин маънӣ сабт аст, ки хат аз тарафи девон ба подшоҳони бостони Эрон монанди таҳмуркаси зинованд омўхта шуд ва ин сухан дар “Шоҳнома” ёд шудааст он ҷо, ки гўяд:

Чу Таҳмурае огаҳ ки шуд аз Карашон,
Барошуфату бишкаст бозорашон.

[1] Калопрут: “Китоби маншои хутут”, 1834 (Клапрут Ҳейнриг-Ҷўшю с 1783-1835)

Кашедандашон хаставу баста хор,
Ба ҷон хостанд он замон зинҳор.
Ки моро макуш то яке навҳунар,
Биёмўзӣ аз мокт ояд ба бар.
Набиштан ба Хусрав биёмўхтанд,
Дилашро ба дониш барафрўхтанд.
Набиштан яке на, ки наздики сӣ,
Чӣ рўмӣ, чӣ тозиву чӣ порсӣ,
Чӣ суғдӣ, чӣ чиниву чӣ паҳлавӣ.
Нигоридани он куҷо бишнавӣ.

Аз ин рубоёти Фирдавсӣ, ки аз рўи ривояти бостонии Эрон гирифта шудааст низ ба хубӣ бармеояд, ки ориёнҳои онрўз, ки дар Эрон истиқрор ёфтаанд, худ дорои тамаддун ва хат намуда ва ин мабоди ваусулро аз раъоё ва зирдастони мағлуби худ омўхтаанд ва он зердастон мардуми қадими Эрон будаанд, ки баъдҳо аз онон ба “дев” таъбир шудааст ва ё асирҳои ҷангӣ аз нажодҳои ҳамсоя ва ё атбоъи милали муҷовар, ки мағлуби эрониён мешуданд.
Билҷумла он чӣ аз манобеъи саҳеҳ ва қароини равшак ва собит ва шоҳиди ҳиссӣ ба даст меояд он аст, ки дар оғози ин гуфтор бадои шифат рафт – ва медонем, ки эрониён (мод(и)ҳо) дар тўли муддате, ки суғи бандат ва раият милали муқтадири сомӣ (ошур)-ро ба гардан доштанд бо хати ашурӣ, ки хати мехӣ аст, ошно шуданд ва сипас ки гардан аз қайди зиллату бандагии онон бартофтанд ва давлати мустақил аз худ барқарор сохтанд, хати мехиро такмил карданд, ва аз ин рў мебинем, ки дар ба ду ташкили давлати ҳахоманишӣ ин хат монанди хати миллӣ мавриди истеъмоли подшоҳони бузург чун Куруш, Дориюш, Хашиёршоҳ, Артахшатра ва ғайра аст, ва дар сангҳо ва мўҳрҳо ва фулизот ва гилпораҳо ва дигар катибаҳо ва навиштаҳо онро ба кор бурдаанд. Ва сипас низ хабардорем, ки хати дигаре, ки он ҳам аз хутути мардуми сомӣ аст, мавриди истеъмоли эрониён қарор гирифта ба хати паҳлавӣ машҳур гардид.
Инак, мехоҳем тарз кайфияти хутути мехӣ ва паҳлавӣ ва авестоиро якон-якон равшан созем бинобар ин нахуст андаке дар бунёди созмони хат поён карда пас он гоҳ ворид мавзўъ мешавем.
2. Хутути Эрон пеш аз Ислом.

Ақидаи уламон имрўз дар боби хат
(Аз ҷилди аввал саҳ. 93-95)

[1] Чинӣ дар ин ҷой ва дар ғолиби “Шоҳнома” на мурод мамлакати Чин аст, ки мо имрўз онро мешиносем ва онро Хито ва Хутан ва Аҳочим ҳам мегуфтаанд, балки мурод аз Чин дар торихи қадими мо марзҳои кошғар ва ҳудуди Тибет аст ва мурод аз Чинӣ мардуме аст, ки дар он навоҳӣ сокин будаанд, мисли тоторҳо ва соир туркони Олтойӣ ва инҷо билошак аз хати чинӣ мақсуд хати “уйғурӣ” аст, ки аз хати оромӣ сохта шудааст ва баъд тасрифоте дар он ба амал омад, ки онро аз боло ба поён навиштанд, дар ҳақиқат, ибтидо мардуми Эронӣ сокини он тарафи Қайҳун монанди суғд ва тахорҳо ва саккоҳори “турк” ва мардуми ҳамҷавори онон, яъне мардуми зардпўсти олтойиро чинӣ мехондаанд ва рафта-рафта ин мардум, яъне чиниҳо ҷои ирокиёни шарқиро гирифта ва саккоҳо ва тахорҳоро ба дохили ҳудуди Эрон кўч доданд ва ин ҳол дар аҳди сосониён рўй дод, бинобар ин калимаи “турк” ба нажоди зардпўсти олтойи итлоъ шуд ва ҳанўз ҳам ин ном бар он гурўҳ атлоъ мешавад ва қабл аз ин ононро чинӣ меномиданд.

[1] “Шоҳнома” ҷ. 1, с. 22
Донишмандони имрўзӣ аз ховаршиносон ва уламон муҳаққиқа машриқ бар онанд, ки хати исломӣ аз хати набатӣ тоза гирифта шудааст, ки дар шабоҳи ҷазираи Тури Сино мулташу будааст.
Қадимтарин санаде, ки ба даст омадааст, катибаи маъруф ба “Нақши Намора” аст, ки таърихи он 328 баъд аз милод аст, дувумин санад, катибаи маъруф ба “Нақши Забад” аст, мутааллиқ ба 115 баъд аз милод ва санади севум катибаи “Нақши Ҳарон” аст, ки таърихаш 568 баъд аз Масеҳ мебошад.
Лизо муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки хати исломӣ дар солҳои миёнаи ду санаи аввалӣ, яъне байни 328 ва 511 ба вуҷуд омада ва он қарни IV ё V баъд аз милод аст.
Билҷумла гўянд, ки хати исломӣ аз шабеҳи ҷазираи Турисино нашоот карда ва дар боди амри фарқи байни он хат ва хати набатӣ набудааст. Ва дар саҳрои Сурия, дар минтақаи давлати Бани Ғассон байни туҷҷор мутабодил гардида ва тағйироте ёфта ва ба василаи туҷҷор ба марокази туҷҷорӣ ва фикрӣ Хиҷоз мунтақил шуда ва мунташу гардидааст. Ва баъид ҳам нест, ки дар ин тағйирот мардуми Ҳира ва утобои давлати Оли Манзар, ки бо Мака ва Мадина равобити тиҷоратӣ доштаанд низ соҳим бошанд.
Баъзе мўътақиданд, ки аъроб хати набатиро аз “Ҳаврон” дар аснои мусофирати худ ба Шом ва ба василаи туҷҷор омўхтаанд. Ақидае Ҳам зида шуд, ки гўяд арабон ва набатиён ҳар ду хатро аз Яман ахз кардаанд ва ин ақида ҳанўз пайравӣ наёфтааст. Ва ақидаи нахустин саҳеҳ аст, ки хати арабӣ аз хати набатӣ ва хати набатӣ аз хати оромӣ маъхўз аст ва яманиҳо ҳам мустақимаи хати маснадро аз оромиён гирифтаанд.
Хате, ки дар қадимтарин асноди арабӣ дида мешавад, монанди нақши забад ва нақши Ҳарон ва санги қабри Абдулраҳмон бинни Ҷабр мураххаи 31 ҳиҷрӣ, ки дар Миср кашф шудааст. Мабзаъи ду хати исломӣ Куфӣ ва насх насх аст. Ва аз тарафи дигар ҳам ба хилофи ақидаи маъруф, ки гўянд хати сулс ва насхро Ибни Муқаллаъ аз хати куфӣ истихноз кардааст. Иттилоъ дорем, ки хати насх аз хутути қадими исломӣ аст ва ин хат ва хати куфӣ ҳар ду дар як арз қарор доранд.
Чунин ба назар мерасад, ки ибтидо хате байни насх ва куфӣ чунонки дар катибаҳои номбурда дидем аз хати набати ахз шудааст, сипас ин ду хат ба илали мухталиф ва ба сабаби муошират бо мардуми Куфа, ки ба ҷои Ҳира сохта шуд ва ғайр ҳам аз он хати қадимӣ ҷудо гардид ва дар ҳар кадом аз тарафи хушнависон ва куттоб (котибон) тафаннунҳое ба кор рафт ва ислоҳоте шуд, то бад ин сурат даромад ва чунонки бибояд бо ин ду хат низ басанда нагардид, балки ақлом ва шеваҳои дигаре ҳам пайдост.
Чизе ки аз осори исломӣ ба даст меояд, он аст, ки хати куфӣ зудтар машқ шуда ва ислоҳ гардида ва дар он устодоне пайдо шудаанд – ва ин хат ба воситаи ин ки ҳуруфаш беҳтар аз ҳуруфи насх (ки он рўзҳо то дере ҳар ду бе нуқта ва аъроб навишта мешуданд ) буд. Яъне ҳуруфи муташобиҳо камтар дошт. Хоси навиштани Қуръон ва катибаҳо ва кутуби илмӣ қарор гирифт, ҳамчунон ки настуриён ва сурёниён хати сурёнӣ ва сатри наҷимро ва ибриён хати мураббаъро махсуси кутуби муқаддаси динӣ ва китобҳои илмӣ қарор дода буданд – ва хати насх барои мукотиботи хусусӣ ва рафъи ҳавоиҷи (ҳоҷатҳои) оддӣ ба кор мерафтааст.
Дар ин солҳои охир номае аз тарафи ҳазрати Расули Салоллоҳу алия гировар шуд, ба хати насхи қадим ва ғайра зебо, ки баъзе ҳуруфи куфӣ ҳам дар он аст ва ба хати асли исломӣ шабеҳ аст ва муҳри мудаввар (Муҳаммад расулуллоҳ) пойи он хўрдааст.

[1] Аввал касе, ки зеру забар ихтироъ кард Абу Ало Суд муосири Алӣ бинни Абутолиб буд, ки нуқтаҳое барои нишон додани ҳаракат вазъ кард. Он ҳам дар хати куфӣ ва дар Қуръонҳо, вале нуқта вуҷуд надошт то дар авохири Банни Уния нуқта ҳам ихтироъ гардид.
Боз Ибни Аландим гўяд: “Дар хазонаи Маъмун номае буд аз Абдулмутолиб бинни Ҳошим, ки бар пўст навишта шуда буд ва гўяд хати мазкур монанди хати занон буд, яъне бад таҳрир шуда буд ва номаи ҳазрати Расул, ки мо болотар бад-он ишора кардем низ аз ин қабил будааст ва санги қабри Абдулраҳмон бинни Ҷабр ҳам, ки дар Миср аср, ҳамчунин баду каҷмаҷу кўдакона ва ибтидоӣ аст ”

Сабкҳои гуногуни насри дарӣ
(аз ҷилди 2. Муқаддима с. 13-15; с. 54-61)

Бидон, ки забони ширини порсӣ, ки имрўз бад-он сухан мегўем, яке аз чанд лаҳза ё шоҳаи қадимӣ аст, ки дар Эронзамин аз Байнаннаҳрайн ва канори Арвандрўд (Даҷла) то Кошъар ва марзи Тибот ва Панҷоб ва Ҳинд ва Қафқоз бад-он сухан мегуфтаанд.
Ин кишвари фарах, ки онро Эроншаҳр (яъне кишвари Эрон) меномиданд, ҷойгоҳи падарони ориёии мо будааст ва ин мардум чун аз сарзамини аслии худ (ки номи он ба забони Зартушти пайғамбар “Айрйонавайҷа” бурда шудааст) навбат ба навбат ва даста ба даста ба тадриҷ вориди ин сарзамин шудаанд, дорои лаҳзаҳои гуногун будаанд – ва мисли имрўз, ки мардуми ҳар рустое ба лаҳзае сухан мегўянд, он рўзгор низ ҳар гурўҳ ва аширае ба забони ориёӣ, аммо ба лаҳзаи махсуси худ гап мезаданд. Ва машҳуртарини он забонҳо ё лаҳзаҳо ҳамонҳое ҳастанд, ки осори бостонии форсиро бо онҳо навиштаанд ва он се шоха ё забон аст:
1- Авастоӣ ё занд – ки китоби Зардушт бо он забон навишта шудааст ва бо забони сансикрит хешии наздике дорад.
2- Форсии қадим – ки катибаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ бо он забон бар сангҳо канда шудааст.
3- Паҳлавӣ — ки забони давраи подшоҳони ашконӣ ва шаҳаншоҳони сосонӣ будааст ва он низ ба ду қисмат тақсим шудааст: яке паҳлавии шимолӣ ва шарқӣ ва дигар паҳлавии ҷанубӣ ва ҷануби ғарбӣ .
Сивои ин лаҳҷаҳо боз ҳам шохаҳо ва лаҳҷаҳои дигар аз қабили суғдӣ ва сакзӣ ва хоразмӣ ва табарӣ ва ҳиротӣ ва озарӣ ва форсӣ ва курдӣ ғайра будааст, ки аз мавзўи баҳси мо берун аст. Ва забоне, ки баъд аз ислом кутуби назму насри форсӣ бад-он забон навишта шуд ва ҳанўз ҳам мо ба ҳамон забон сухан мегўем ва онро забони форсӣ меномем, маъруф ба забони дарӣ аст ва ҳанўз яқин надорем, ки ин забон ҷузъи кадом як аз шохаҳо ё лаҳҷаҳои қадим будааст.
Баъзе гуфтаанд, ки асли забони дарӣ ҳамон забони форсии қадим аст, ки ба он ишора кардем. Баъзе мегўянд забони дарӣ боқимондаи лаҳҷаи “суғдӣ” аст, ки дар Самарқанд ва моварои Ҷайҳун аз қадим бад-он забон сухан мегуфтаанд ва осори Монии маъруф (Монӣ Номаш Курпаку писари Фотик, ки дар 215 ё 216 милодӣ мутаваллид шуд ва дар аҳди Шопури аввал даъвон Нубувват кард ва дар санаи 277 кушта шуд), ки аз Турфон (Турфон шаҳре будааст, дар Туркистони Чин, ки маркази монавиёни шарқӣ буда ва баъд аз ҳуҷуми муғул вайрон шуда ва батадриҷ рег рўи онро пўшонидааст) кашф шудааст, намунаи кўҳнаи он аст ва гурўҳе аз қавме Ибни Муқаффаъ мегўянд, ки забони дарӣ, яъне “забони пойтахт” ва ин забон фасеҳтарин лаҳҷаҳои мутадовили асри Сосониён буд ва луғоти шарқӣ, хоса Балҳ дар он зиёд будааст. Ва ваҷҳи тасмия он аст, ки пойтахтро ба забони паҳлавӣ “дар” мегуфтаанд.

[1] “Алфеҳраст” с. 7-8

[1] Руҷўъ шавад ба китоби “Таърихаллуғот ал сония” таълифи доктор Волфтасан, табъи Қоҳира с. 203, ки дар зайли нақши мазбур менависад: “Ақдам асари Исломӣ кашфи Алӣ Алон”

[1] Паҳлавии шимолӣ ва шарқиро ховаршиносон паҳлавии калдонӣ низ хондаанд. Ин лаҳҷа, ки аз ҳайси луғот андаке бо паҳлавии ҷанубӣ ихтилоф шудааст, дар кишвари Хуросони ғарбӣ (Парсва) ва Озарбойҷон ва Ҷибол (модӣ) дар асри ашконӣ мутадовия буда ва паҳлавии ҷанубӣ, ки кутуби паҳлавии мавҷуд бад-он лаҳҷа аст, дар асл хоси кишвари Форс буда ва баъд аз ғалабаи Сосониён дар мамлакати Эрон шуюъ ба ҳам расонид.
Чун баъд аз ислом мардуми Бухоро ва Самарқанд китобҳои назму насрро ба забони дарӣ навиштаанд ва шуарои Хуросон ҳам бад-он забон шеър гуфтаанд ва ба тадриҷ ин забон аз Хуросон ба соири Эрон сироят кардааст, метавонем ақидаи ахирро бо ду ақидаи қабл аз он яке шумурда ва муқин шавем, ки забони дарӣ ҳамон забони мардуми Балх ва Бухоро аст ва дар воқеъ забони суғдӣ ва забони аҳолии Балх ва Бухоро ва Хуросон ва забони Монӣ ҳама якест ва он асли забони дарӣ аст.
Дар замони Сосониён кутуби адабӣ ва ахлоқӣ ва диниро ба забони паҳлавии ҷанубӣ менавиштаанд ва ин забон то қарни панҷум ва шашум ҳам дар Эрон назди мўбадон ва донишмандони эронӣ ривоҷ дошта ва китобҳое бо он забон навишта мешудааст ва катибаҳо ва сиккаҳое низ ба забони паҳлавӣ навишта мешуда ва роиҷ будааст. Аммо чун эрониёни мусалмон хати исломиро интихоб карданд ва забони дариро баргузиданд, рафта-рафта хат ва забони паҳлавӣ дар Эрон мансух гардид ва хати исломӣ, ки кўфӣ ва насх ва сулс ва ғайра бошад, ҷои онро гирифт ва лаҳҷаи дарӣ бар лаҳҷаи паҳлавӣ ғалаба кард (- баъд аз ислом ҳар лаҳҷаи маҳаллиро сивои лаҳҷаҳои машриқии Эрон паҳлавӣ ва ашъоре, ки бо он забон гуфта мешуд паҳлавиёт меномиданд -) ва аз машриқи Эрон ба мағриб ва шимол ва ҷануби кишвар сироят намуд.
Забони дарӣ мисли ҳама забонҳо дастхуши татаввур (дигар гаштан) шуд ва аз оғози нашр то имрўз ба чанд сабку шева мутабаддил гардид ва аз лаҳҷаҳои дигари Эрон ҳам луғот ва истилоҳҳое ба худ гирифт ва аз ин пас ҳам дар ин сайри татаввур гардиши худро давом хоҳад дод.

Табақабандии насри дарӣ
Насри форсии дарӣ баъд аз ислом аз лиҳози сабк ва шеваи иншо ба таври куллӣ ба шаш табақа мунқасим мешавад ва акнун феҳрасти онро зикр мекунем:
1. Давраи Сомонӣ
2. Давраи ғазнавӣ ва салҷукӣ
3. Давраи салҷукии дуввум ва хоразмшоҳиён
4. Давраи сабки ироқӣ ва насри санъатӣ
5. Давраи бозгашти адабӣ
6. Давраи соданависӣ
Акнун хулосаи ихтисосоти ҳар давра ва намунаи кутуби ҳар асре зикр мешавад:
1. Дар давраи Сомонӣ насри форсӣ сода ва мўҷаз ва бе санъат ва мурсил буда ва луғоти форсӣ бар луғоти арабӣ мечарбидааст ва намунаи комили он “Таърихи Балъамӣ” ва “Ҳудудулолам” аст.
2. Дар давраи Ғазнавӣ ва салҷуқии аввал насри арабӣ дар насри форсӣ асар карда, ҷумлаҳо тўлонӣ шуд ва луғоти арабӣ рў ба зиёдӣ гузошт. Намунаи он “Таърихи Байҳақӣ” ва “Калила ва Димна” аст.
3. Дар давраи салҷукии дуввум ва хоразмиён мувзина ва саҷъ ва такаллуфот ва саноеъи бадеия дар Наср зиёд шудааст. Намунаи он “Мақомоти Ҳамидӣ” ва “Марзбоннома” аст.
4. Дар давраи санъатӣ такаллуфоти бадеӣ зиёдтар гардид ва луғоти арабии мушкил ва истилоҳоти илмӣ низ афзунӣ гирифт ва насрро мушкил ва фаҳми онро душвор сохт. Намуна Насри “Лубобул-албоб” ва “Ҷомеъулҳикоёт”-и Авфӣ ва “Таърихи Яминӣ” тарҷумаи Ҷурфодиқонӣ ва “Ҷаҳонкушо”-и Ҷувайнӣ ва “Таърихи вассоф” таълифи Адиб Абдуллоҳ аст.
5. Дар давраи бозгашти адабӣ тақлид аз Насри зебои “Гулистон”-и Саъдӣ ва Насри Хоразмӣ ва Насри “Таърихи Байҳақӣ” ривоҷ гирифт ва намунаи он “Муншаот”-и Қоиммақом ва “Нишот” ва “Носихуттаворих”-и Сипеҳр ва муаллифоти Ҳидоят ва “Номаи донишварон” аст.
6. Дар давраи соданависӣ Насри сода ва фасеҳ ривоҷ гирифт ва намунаи он рисолаҳои Малкум … ва соири кутуби ин давра аст, ки мақолоти ҷароиди муҳими форсӣ аз он ҷумла аст…

Мухтасоти сабки давраи сомонӣ
Равиши масоиле, ки баъд аз мухтасоти ин сабк (сабки насри давраи аввал) зикр шавад, ба қарори зайл аст:
1. Эҷод ва ихтисор: Ва ин ҳамон шевае аст, ки дар насри паҳлавӣ низ дида мешавад – Ба ҳадде, ки агар як калима аз иборат ҳазф шавад мўҷиби фасоди ҷумла ва ихлоли матлаб хоҳад буд ва нависандагони қадими араб низ ин шеваро риоят мекарданд…
2. Исҳоб: Ва мутаваҷҷеҳ набудан ба саҷъ ва мувозана ва чунон ки ишора шуд ҷуз дар хутбаҳои китоб, дигар дар ҳеҷ маврид ба саҷъ ва мувозана …, ки аз хоси насри фаннӣ аст, бар намехўрем. Ва иттифоқан дар кутуби қадими тозӣ, яъне кутубе, ки то авохири қарни саввуми ҳиҷрӣ таълиф гардида, низ аз саҷъ ва такаллуфоти дигар худдорӣ мешудааст. Нависандагони форсӣ дар ин шева низ муқаллиди нависандагони паҳлавӣ ва араб будаанд.
3. Такрор: Хоҳ такрори як лафз, хоҳ такрори як ҷумла ва хоҳ такрори як феъл дар ҷумлаҳои мутаотифа айб шуморида намешуд – ба хилофи адвори баъд, ки мисли ин аст, ки такрорро навъе аз аҷзи нависанда мешумурданд ва то мумкин буд як луғат ё як маъниро айнан дар ҷумлаҳо такрор намекарданд ва онро гоҳ ба табдили лафз ва гоҳ бо овардани маҷоз ва гоҳ ба ҳазф аз рўи қарина ҷуброн мекарданд. Ва пайдо шудани феълҳои муайян: “шуд” ва “намуд” ва “гашт” ва “гардид” ва “омад” ва “афтод” ва ғайра ба маъниҳои маҷозӣ барои гурез аз такрор будааст. Ин қоида, яъне такрор дар насри қадими форсӣ аз аҳди “Авасто” то аҳди Сосониён ва насри адабиёти паҳлавӣ ба хубӣ машҳуд аст ва нависандагони дарӣ ба суннати қадим амал мекардаанд.
Беҳтарин намунаи такрор, чӣ такрори феъл ва чӣ такрори ҷумла, дар “Қасидаи шиквоия”-и Рўдакӣ аст:
Маро бисуду фурў рехт, ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло бал, чароғи тобон буд…
4. Кўтоҳии ҷумлаҳо: Дигар аз мухтасоти ин давра кўтоҳ будани ҷумлаҳост ва ин хосияти лозимаи “эҷоз” аст ва дар насри паҳлавӣ ҳам ин қоида марсум буд…
5. Камии луғати тозӣ: Дар насри ин давра луғати тозӣ хеле кам ба кор гирифта шудааст.
6. Истеъмоли қайди зарф: Мутлақан дар ин давра ба ҷои “дар” калимаи “андар”, ки дар паҳлавӣ ҳам бад-ин тариқ мутадовил будааст, ба кор меравад ва дар истеъмоли ин қайд гоҳе ифрат мешавад… ва “андарун” ҳам баъд аз асомии монанд дар маъмул будааст. Фирдавсӣ гўяд:

Ба базм андарун офтоби вафост,
Ба разм андарун тезчанг аждаҳост…

7. Овардани афъол бо пешовандҳои қадим: Монанди “фаро-фароз-боз-фурў-бар-андар-ҳаме-ав-ҳо-а” ва ғайра ва сиғаҳои иншоии ҷамъ ба тариқи хос, ки баъдҳо аз байн меравад, мисли “кардамонӣ” ба ҷои “мекардем” дар ҷумлаҳои шартӣ ва истеъмоли феълҳои мураккаб ба ҷои феълҳои ҷаълӣ, ки баъдҳо пайдо шуд – чунон ки ба ҷои “ҷангидан” ва “рақсидан” ва “талабидан” – “ҳарб кардан” ё “ҷанг кардан” ва “рақс кардан” ва “талаб кардан” ва “фаҳм кардан” меоваранд. Ва истеъмоли феълҳои қиёсии қадим ивази самоӣ, монанди “оваридан” ва “гудозидан” ба ҷои “овардан” ва “гудохтан” ва ғайра. Ҳамчунин феълҳои иншоии шартӣ ва таманноӣ бо “ё”-и маҷҳул ва афъоли нишопурӣ, мисли “кардастӣ” ва “рафтастанд” ё истеъмоли “асту нест” ба сиғаи феъли иншоӣ бо “ё”-и маҷҳул, мисли хамрияи Рўдакӣ:

Биёр он май ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ,
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ…

8. Ба кор доштани луғоти форсии кўҳна: аз исму феъл, кимарбут ба замони эшон будааст, аз қабили “тирсат” мухаффафи “срисат=сесад” ва феъли “нишостан” мутааддии “нишастан”…ва амсоли ин луғатҳо, ки баъдҳо аз миён рафт…
9. Овардани ҷамъҳои арабӣ ба сиғаи форсӣ: монанди “маликон” ва “олимон” ва “коҳинон” ва ғайра ва афзудани ҷамъи форсӣ бар ҷамъҳои арабӣ, монанди “мулукон” ва “аҷоибҳо” ва ғайра.
10. Дар ҷамъ бастани калимоти арабӣ ё форсӣ, агар охири онҳо “алиф” бошад танҳо “алиф ва нун” ҷамъ мерояд ва агар калимоти махтум ба “алиф” ва “ё” бошад, “ё ва алиф ва нун” – мурод ин аст, ки ба хилофи ақидаи мутааххирин калимоти махтум ба “алиф” дар мавқеи ҷамъ бастан ба (ён) ҷамъ баста намешудааст, балки аломати ҷамъ танҳо (он) будааст ва қоидаи хосе ҷуз қоидаи марсум дар миён набудааст. Чунон ки луғоте монанди “бано” ва “фано” ва “тарсо” ва “носазо” ва “доно” ва “коно” ва “бино”, ки баъд аз онҳо ҳарфи “ё” набудааст. Ҳама вақт дар кутуби дастнахўрдаи қадим ба “баноон” ва “фаноон” ва “тарсоон” ва “носазоон” ва “доноон” ва “коноон” ва “биноон” ҷамъ баста мешуда, ба хилофи калимоти “Худой” ва “гадой” ва “бесарупой” ва “сарой” ва ғайраҳо, ки дар асли паҳлавӣ ва дарӣ “ё” ҷузъи калима буда ба “худоён” ва “гадоён” ва “бесарупоён” ва “нағмасароён” ҷамъ мебастанд.
11. Мардумро ғолибон муфрад мешумурданд.
12. Калимаи “низ”-ро ба маънии “дигар” ба кор мебурданд. Мисол аз “Таърихи Сиистон”: “Гуфт: ё ғулом ҳазф динори дигар фаро ў деҳ… Ғулом гуфт: динор низ намонд андар хазина” (с.146).
13. Пешованди “фаро”-ро бар сари асомӣ ва замоир мисли ҳарфи қайди маконӣ меоварданд, монанди “фарораси ў рафт” ва “фарогўши ў сухан гуфт” ва “фаро ў деҳ” ва “Таърихи Сиистон” ва “Таърихи Байҳақӣ” ин пешовандро зиёд истеъмол мекунанд.
Низомӣ гўёд:

Шаҳнаи маст омад дар кўи ман,
Зад лагаде чанд фаро рўи ман…