Интихоби касб.

Масъалаи интихоби касб – машғулияти мураккаб буда энергияи зиёдеро талаб мекунад.
Довталабон бояд на фақат масъалаи дар куҷо хонданро ҳал намоянд, балки инчунин санҷиши муқоисавӣ гузаронанд. Мо ба шумо 5 касберо пешкаш менамоем, ки довталабон бо ин ё он сабаб бештар интихоб мекунанд.
1.Молия ва қарз.Ҳар сол бонкҳои нав пайдо мешаванд. Маълум, ки барои кор дар онҳо мутахассисони нав даркор аст. Вале ҳамааш ҳамин хел саҳл нест. Вобаста ба бӯҳрон ва оқибатҳои баромад аз он, бозори иқтисодии меҳнат хеле зарар дид. Касб аз рӯи тахассуси «Молия ва қарз» боз мӯд гардид.
Ҷиҳатҳои мусбии ин касб:
-талабот ба он;
-обрӯ;
-таҷрибаи бебаҳо барои ташкил намудани тиҷорати шахсӣ
Ҷиҳатҳои манфии ин касб:
-аз ҳад зиёд будани ин мутахассион;
-маоши ками мутахассисоне, ки нав ба кор сар мекунанд;
-кор бо пул сатҳи баланди масъулиятро (ҳатто тоҷазои ҷиноятӣ дар ҳолати хатогӣ) талаб мекунад.
2. Экология. Аз он ки дар рейтинги касбҳо экология ҷои дуюмро мегирад, шояд хонандагони рӯзномаро дар ҳайрат орад. Охир ҳанӯз аз даврони шӯравӣ ин касб аз тарафи молиявӣҷолиби диққат набуд. Ба ин нигоҳ накарда рағбати довталабон ба ин касб зиёд гаштааст. Яке аз сабаби ин дар он аст, ки балли гузариш ба касби «экология» нисбатан камтар аст. Сабаби дигар ин нархи таълим мебошад. Бисёриҳо танҳо барои диплом мехонанд ва мутаносибан он касоне, ки дарҳақиқат хонда бо ҳамин касб кор кардан мехоҳанд,ҳангоми ба кор даромадан ба монеа дучор намешаванд. Сониян проблемаи экология дар тамоми ҷаҳон яке аз проблемаҳои муҳимтарин гашта истодааст.
Ҷиҳатҳои мусбии ин касб:
-тараққиёти ояндадори ин соҳа дар сатҳи ҷаҳонӣ;
-рақобати паст ҳангоми ба кор даромадан;
-нархи пасти таълим;
-балли пасти гузариш.
Ҷиҳатҳои манфии ин касб:
-даромади кам нисбат ба дигар касбҳо;
-кам будани ҷои кори холӣ дар сектори тиҷоратӣ.
3. Маданиятшиносӣ. Муҳити фаъолияте, ки дар онҷо маданиятшинос метавонад кор барад сол аз сол васеъ мегардад. Аз рӯи моҳият, маданиятшиноси имрӯза на фақат корманди осорхона бошад, балки инчунин метавонад дар дигар соҳаҳо низ кор кунад: рӯзноманигорӣ, тиҷорати меҳмонхонавӣ ва туристӣ. Яке аз сабаби маъмул будани ин касб дар ҳамин аст. Довталабонро инчунин конкурси на он қадар калон, балли пасти гузариш ва нархи пасти таълим ба худ ҷалб месозад.
Ҷиҳатҳои мусбии ин касб:
-инкишофи шахсияи ҳаматарафаи гуманитарӣ;
-кор дар соҳаи санъат;
-сатҳи баланди тахассус барои кор дар соҳаҳои гуногун:
-шароити қобили қабули дохилшавӣ.
Ҷиҳатҳои манфии ин касб:
-канда будан аз соҳаи донишҳои техникӣ;
-кам будани донишгоҳҳое, ки аз рӯи тахассуси «Маданиятшинос» маълумот диҳад.
4.Реклама. Яке аз касбҳои маъмул ва қимат дар солҳои охир «Реклама» гардидааст. Ин пеш аз ҳама бо тараққиёти босуръати рекламаҳо, ташаккули базаҳои илмию омӯзгорӣ вобастааст.
Ҳанӯз ҳам мутахассисони варзидаи ин соҳа хеле каманд. Нархи таълим дар ин соҳа гарон аст.
Ҷиҳатҳои мусбии ин касб:
-обрӯ;
-маоши баланд;
-инкишофи минбаъдаи ин соҳа;
-кори эҷодӣ.
Ҷиҳатҳои манфии ин касб:
-набудани реҷаи корӣ;
-кори лоиҳавӣ;
-душвории дохилшавӣ ба чунин муассисаи олӣ
-нархи баланди таълим.
5. Психолгия. Имрӯз бисёр корхонаҳо як вакансияи равоншинос дорад. Дар донишгоҳҳо низ нархи таълим дар чунин тахассус қимат аст. Дар равоншиносон дар соҳаи касбӣ ду роҳи инкишоф вуҷуд дорад: назария ва амалия. Ҳам дар яке ва ҳам дар дигаре кори сердаромадро ёфтан душвор аст. Сабаби душвории ба кор таъмин шудани равоншиносон аввалан дар кам будани талабот ба ин кадр сониян зиёд шудани мутахассисони ин соҳа.
Ҷиҳатҳои мусбии ин касб:
-инкишофи ояндадори равоншиносии назариявӣ ва амалӣ;
-функсияи гуманистӣ.
Ҷиҳатҳои манфии ин касб:
-кам будани талабот ба чунин мутахассисон дар бозори меҳнат;
-рақобати калон;
-балли баланди гузариш ва имтиҳонҳои дохилшавии мураккаб.

Оставьте комментарий