«Тўҳфа аҳли Бухоро»

Мирзо Сироҷиддин ҳарчанд дар шеър забардаст ва адиби пурмаҳсул буд,
аммо шўҳрати ў дар адабиёти аввали асри бист ҳамчун нависанда интишор ёфт.
Ғайр аз мақолаҳои публисистӣ асари калони ў «Тўҳафи аҳли Бухоро»
аз ҷиҳати мазмуну мундариҷава шакли сиёсӣ аз намунаи беҳтарини насри
адабии ибтидои асри XX ба шумор меравад.

«Тўҳфа аҳли Бухоро»

Чунон ки аз номи асар маълум аст, муаллиф онро махсусан барои мардуми Бухоро ҳамчун армуғоне аз сафару саёҳатҳои худ навиштааст. Аз ин сабаб асар зоҳиран ба сафарнома ва саёҳатномаҳо монанд аст, ки аз ин пеш ҳам дар адабиёти форсу тоҷик бисёр таълиф шуда буданд. Чунончи, муаллиф шаҳру мамлакатҳоеро, ки ба он ҷо сафар кардааст, ба тартиби таърихи ба он ҷо рафтанаш дар китобаш тасвир намудааст. Аз тарафи дигар, вай пеш аз он, ки дар бораи ҷоҳои ҷолиби диққати ҳар шаҳр сухан ронад, аввала маълумоти мухтасари таърихию ҷуғрофиро дарҷ мекунад. Чунончи, дар бораи шаҳри Париж менависад:

«Ин шаҳр доруссурури (ҷои фараҳбахши) шаҳрҳои Фаран-гистон аст… Давлати ҷумҳурии Фаранса дорои чиҳилу ду миллион нуфуси ботарбият ва аҳли илму санъат аст. Иддаи нуфуси пойтахти он, ки Порис аст, қариб ба чаҳор миллион мешавад. Ин миллати ботарбият имтиҳони тараққихоҳӣ ва ватанпарварии худро ба тамоми аҳолии рубъи маскун (рўи замин) нишон дода ва номи некўовозаи худро ба умуми миллати олам эълом кардаанд».

Баъд аз чунин муқаддимаҳо муаллиф ба тасвири муфассали тамошоҷоҳо, кўчаҳо ва махсусан корхонаҳои саноатии ҳар шаҳр мегузарад. Вай на танҳо ин ҷоҳоро муфассал тасвир мекунад, балки дар ҳар маврид оид ба масъалаҳои тиҷорату иқтисод, ҳаёти маданию сиёсӣ ва масъалаҳои дигар фикру мулоҳизаҳои худро мегўяд.
Мақсади асосии Мирзо Сироҷиддин аз таълифи ин асар он буд, ки дар торикистони асримиёнагии Бухоро нури маърифату тараққиёти тамаддунро паҳн намояд, мардуми дар ғафлатмондаро барои ҳуқуқи инсонии худ, барои равнақи мамлакату миллат бедор намояд.
Аз замони ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна қариб панҷоҳ сол гузашта бошад ҳам, тартиби феодалии патриархалӣ дар аморати Бухоро ҳамчунон пойдору мустаҳкам буд. Дар натиҷаи ривоҷи савдою тиҷорат ва робитаҳои иқтисодию сиёсии байни Россияву Бухоро ба пешрафти илмию техникӣ ва иқтисоду маданият эҳтиёҷоти ҷамъият, махсусан талаботи буржуазияи маҳаллӣ пурзўр шуда бошад ҳам, реаксияи динию феодалӣ дар роҳи паҳн шудани илму маърифат ва бедории шуури миллию синфии мардум монеаи калоне буд.
Дар чунин шароит Мирзо Сироҷиддин зарур донистааст, ки ба воситаи ин асараш мардумро аз пешрафтҳои Бузурги иқтисодию маданӣ, тараққиёти сиёсиву иҷтимоии давлатҳои бузурги ҷаҳон хабардор кунад ва ба воситаи ин дар байни аҳолӣ ғояҳои маърифатпарварӣ, равшанфикрӣ, афкори пешқадами илмию техникиро низ паҳн намояд. Бинобар ин ў тасвир ва тавсифоти худро аз шаҳрҳои Осиёи Миёна, ки дар он ҷо баъди ба Россия ҳамроҳ шудан пешрафтҳои калони иқтисодию маданӣ дида мешуд, сар мекунад. Ӯ амир ва атрофиёни ӯ, намояндагони реаксияи динию феодалии аморатро бевосита танқид намекунад, аммо вақте ки ў волиёни пештараи хонигарии Хўқандро барои дар ҷаҳолату пасмондагӣ нигоҳ доштани мамлакату раият сахт мазаммат менамояд, тири танқиди ў ба ҳадафи асосӣ — ба амирони Бухоро мерасад ва хонанда мақсади аслии нависандаро ба хубӣ пай мебарад. Дар ин бобат фикру ў дар бораи гузаштаву аҳволи онрўзаи шаҳри Хўқанд хеле ҷолиби диққат аст:

«(Дар Фарғона) ҳарсола чандин сад ҳазор пуд пунба ва чандин сад ҳазор пуд пиллаву абрешим ба амал меояд ва ҳамасола ҳам дар тазоюд (зиёдшавӣ) аст. Моли заръӣ (зироат) ҳам миллионҳо дар миллион ҳарсола ба фурўш мерасад. Ва он ҳама тараққиро баъд аз омадан ва тасарруф кардани рус намуд. Собиқ (пештар) агарчи ҳамин обу хок буда, ҳеҷ як аз ҳуккоми (ҳокимони) онҳо дар фикри ободии ин мулк набудаанд. Илму иттилоъ (огоҳӣ) ҳам надоштанд. Ҷуз зулм кардан ба раоё (мардум) ва машғул будан ба лаҳву лаъб (базму тараб) дигар фикру хаёле абадан дар хусуси ободии фалоҳат ё тиҷорат нанамудаанд. Ва осоре, ки гузоштанд, ҳамон ду-се адад мадраса ва як арк бо чандин ҳазор доғи дили мазлум. Айб ба худашон нест, вале айб ба ҷаҳолаташон хоҳад буд. Худашон ҳам натавонистанд нафъе бубаранд ва фуқароро ҳам гадову фақир на-муданд».
Ин суханон айнан ба аҳволи онрўзаи аморати Бухоро дахл доштанд. Мирзо Сироҷиддин дар ин ҷо боз як фикри хеле муҳиме баён мекунад, ки айб ба худи онҳо, яъне ба одамон набуд, балки ба ҷаҳолати онҳо буд.
Мирзо Сироҷиддин моҳияти сиёсати мустамликадории Россияи подшоҳиро намефаҳмид, вале ў барои Осиёи Миёна роли равнақдиҳанда доштани Россияро нағз мефаҳмид. Албатта, ин ҳанўз фаҳмидани роли революсионии Россия набуд, аммо муаллиф дар пешрафти иқтисодию маданӣ роли калон доштани Россияро дар ҳама ҷои китобаш махсусан таъкид намудааст. Бинобар ин Мирзо Сироҷҷидин дар шароити сулҳу дўстӣ ҳамзистӣ кардани Россия ва Бухорои амириро боиси пешрафти корҳои дохилии онҳо медонист. Муаллиф дар ҷавоби шахсе, ки дар Истамбул аз муносибати байни Россияву Бухоро суол мекунад, айнан ба ҳамин маънӣ ҷавоб медиҳад:
«Он вақт пурсиданд, ки мардуми Бухоро аз давлати рус розианд ё на? Гуфтам: «Розӣ будани тарафайн шарт аст, ҳар гоҳ давлати рус аз мо мардуми Бухоро розӣ бошанд, албатта мо ҳам розӣ хоҳем буд. Аз ин ҳарфи банда бисёр хурсанд шуда, хеле истеҳсон намуданд».
Мирзо Сироҷиддин дар ҳар шаҳр, ки мерафт (махсусан аз шаҳрҳои Аврупо), ба дараҷаи саводнокӣ ва маданияти халқ аҳамияти калон медод. Баъд аз тасвири илму маърифат ва маданияти ҳар шаҳр вай ба масъалаи дараҷаи тараққиёти саноати шаҳрҳо низ диққати махсусе додааст. Ӯ пешрафти иқти-содии мамлакатро дар шароити тараққиёти илмию техникӣ дар равнақи корхонаҳои саноатӣ мебинад. Аз ин хусус тасвири корхонаҳои саноатии Лондон, Марсел аз ҷиҳати тафсилоташ ҷолиби диққат аст.
Мирзо Сироҷиддин дар шаҳри Берлин мактабҳои гуногуни ибтидоию олиро тамошо мекунад. Ў менависад, ки дар тамоми мамлакат дар соҳаҳои гуногуни саноату иқтисод ва ҳунарҳои ҳархела мактабу донишгоҳҳои махсусе ҳастанд. Шароити мувофиқи маданияти нав муҳайёшудаи мактабҳои ибтидоиро чунин тасвир мекунад:
«Вақте ки аз дари бузург дохил мешавад шахс, ибтидо як маҳута (майдонча) аст, ки ҷилави (пеши) он боғчаву дарахтзор аст. Оби ҷорӣ ҳам дорад. Ақиби он як боғи бузурге дорад, ки ҳама қисми (навъи) дарахту гул нишонидаанд. Чандин раставу хиёбон ҳам кашидаанд. Устулу нимкатҳо дар растаҳои боғ гузоштаанд. Фаввораи об дар васати гулкориҳо нишон додаанд… Иморати мактаб ҳам сеошён мебошад… Замини фарли мактаб бо тахтаи чўби ҷавз (чормағз) равғанзада мусаффо ва мусайқал (сайқалзада) бувад». Муаллиф ин тартибу озодагии мактабҳои Берлинро тавсиф намуда, аҳволи тоқатфарсои мактабҳои кўҳнаи Бухороро ба хотир оварда менависад:

«Банда вақте ки ин вазъро мушоҳида намудам, фавран ба хотирам мактабҳои худамо ва рўи бўрёпора нишастан ва тахтаҳои касиф (чиркин) ва муаллимони бесаводи худамо, ки мисли мириғазаб ба атфол (тифлон) муомала мекунанд, расида беихтиёр ашки ҳасрату рашк аз дида рехта гуфтам: «Туфу, бар ту эй чархи гардон, туфу, ки мо илмро хор кардем, хор шудем».
Муаллиф дар ин асараш на танҳо ақибмондагии илмию маданӣ, балки шароити ниҳоят бад ва пасмондагии феодалии Бухороро сахт танқид мекунад. Ҳатто шароити зиндагии табақаи дороро, ки аз мардуми бечора ба дараҷот беҳтар зиндагӣ мекарданд, аз ҷиҳати покизагию маданият хеле паст мешуморад.
Вай аз он дар ҳаяҷон мешавад, ки дар сурате, ки аз Бухоро қариб тамоми сарватҳои моддӣ ҳосил мешавад, дар худи он ҷо ҳеҷ саноате нест ва молҳои ба эҳтиёҷоти мардум заруриро ҳама аз хориҷ меоранд. Муаллиф менависад:

«Бубинед, ки илму сарват кори миллати Ӯрӯпоро ба кучо расонида, беамалию танбалӣ кори мо, аҳолии Осиёро, ба чӣ поя пастӣ кашонида. Зиндагии онон ба чӣ вусъат гузарон, мо мардум ба чӣ машакқату хорӣ!.. Қаҳвахонаҳои сарибозории онон аз иморати аъёнии мо ҳазор дараҷа беҳтару поктар. Эй вой, бар мо, вой бар мо!»
Мирзо Сирочиддин баробари он ки ба сохти иҷтимоии давлатии аморат ҳисси нафрат бедор менамояд, бо роҳҳои гуногун ба муқобили ин ҷамъият чораҳои қатъӣ дидан ва бар зидди решаҳои салтанати зулму ситам хурўҷ намуданро низ талқин ва тарғиб намудааст. Дар ин хусус тасвири сафари ў ба Эрон хеле ҷолиби диққат аст. Маълум аст, ки дар ин давр дар Эрон низ ҳокимияти подшоҳонаи қочорӣ барқарор буд ва ин ҳокимият бо тамоми системаи иҷтимоию давлатии худ ба муқобили илму маърифат ва тараққиёти маданият мебаромад, пояи зулму ситамро торафт болотар ва маҳкамтар менамуд. Дар солҳои 1905—1907 дар Эрон ба муқобили ҳокимияти мутлақи шоҳ ҳаракати озодихоҳии машрутхоҳӣ, ки асосан ба маҳдуд намудани ҳуқуқи шоҳ равона карда шуда буд, хеле дар авҷ буд. Мирзо Сироҷиддин чунин воқеаҳои муҳимми сиёсиро дар асараш тасвир намуда, ба воситаи ин дар фикри мардуми Бухоро нисбат ба ҳокимияти мутлақи амир низ як ҷунбише ба вуҷуд оварданӣ мешавад. Ў нишон медиҳад, ки тамоми табақаҳои халқи Эрон ба муҳофизати ҳаракати машрутахоҳӣ бархоста, ҳатто дар ин роҳ аз бартараф намудани шоҳ низ даст намекашидаанд:
«Аз тамоми вилоят телеграф омад, ки мо ҳама молан ва ҷонан дар ҳимояти машрута ҳозир буда, абадан намегузорем, ки маҷлиси шўрои миллӣ барҳам хўрад ва шоҳро ҳам агар мухолифи ин асос аст, ба самти (сифати) шоҳӣ намешиносем».
Асари «Тўҳафи аҳли Бухоро» дар адабиёти ҷараёни нави ибтидои асри XX як воқеаи хеле муҳимме буд, ки дар он фикрҳои пешқадами зидди аморат, ақидаҳои маърифатпарварӣ ва тараққихоҳона хеле равшан ва барҷаста ифода ёфта буд.
Аз чиҳати сабку услуб ин асар дар равияи жанри адабии публисистикаи бадеӣ иншо гардидааст. Дар ин бобат фаъолияти Мирзо Сироҷиддин ҳамчун нависандае, ки бо мақолаҳои бадеию сиёсӣ дар рўзномаю маҷаллаҳо баромад мекард, аҳамияти хеле калоне дошт. Таъсир ва бурроии забон, ҳаяҷону ҳиссиёти бузурги публисистии ўро тасвирҳои реалистонаи бадеӣ низ хеле хуб тасдиқ ва тақвият менамоянд.
«Тўҳафи аҳли Бухоро» аз ҷиҳати забон ҳам назар ба намунаи насри адабиёти пешина ва нисбат ба бисёр асарҳои адабиёти анъанавии он давр қадами ҷиддие ба пеш буд. Аз порчаҳое, ки дар боло оварда шудаанд, ба хубӣ дидан мумкин аст, ки муаллиф ҳам дар тасвирҳои бадеӣ ва ҳам дар баёноти публисистии худ забонро то чи андоза осон ва содда кардааст. Мирзо Сироҷиддин ғайр аз он, ки бисёр калимаву ибораҳои наве дар адабиёт вазъ намудааст, дар кор фармудани калимаҳои русӣ, ки ба забон дохил шудани онҳо аз тақозои замон буд, хеле маҳорат ва ҷасорати навоварӣ нишон додааст. Вай на танҳо калимаҳои русӣ, балки бисёр истилоҳоти интернасионалиро дар мавридҳои муносиб кор фармуда тавонистааст.
Бинобар ин асар дар инкишофи забони адабии тоҷик дар шароити нави таърихии ибтидои асри XX мавқеъ ва аҳамияти хосае дорад.

Оставьте комментарий