Мавлоно — Ҷaлолуддин Муҳаммади Румӣ

Рўзгор вa осори Мавлоно

  Шашуми рабеъулаввали соли 604 ҳиҷрӣ, баробар бо 30 сентябри соли 1207 милодӣ дар яке аз хонадонҳои мўътабари Балх. хонадони фақеҳи маьруфу машҳури вақт Баҳоуддин Валад тифлаки маъсуме дида ба олами ҳастӣ кушуд, ки бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун симои беназири фарҳангу адаб дар сафи маъруфону маҳбубони тамаддуни ҷаҳон шинохтаву қадр шудааст. Ин сифат ба яке аз бузурпарин орифону шоирони дараҷаи аввали фарҳанги баландовозаи форсу тоҷик Ҷaлолуддин Муҳаммад, ки бо алқоби «Мавлавӣ». «Мавлоно», «Мавлонои Рум», «Ҷaлолуддин Муҳаммади Румӣ», «Мавлоно Ҷaлол бинни Муҳаммад» ва «Мавлавии Румии Балхӣ» шўҳрат дошта, иддае муҳаққиқин дар заминаи дарёфт аз ашъораш тахаллуси шоирии ўро «Хомўш». «Хамўш» ва «Хамуш» донистаанд, мансуб мебошад. Ва имрўз дар олами шеъри адабиёти форсу тоҷик суханвареро пайдо кардан муҳол аст, ки маҳбубияту шўҳрати беназири Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхиро сазовор гардида, дар тўли қарнҳо номаш вирди забонҳо, шеъраш чароғи рўшани маҳфилҳо ва худ ровии беминнати розу ниёзи мардумон шинохта шуда бошад.

Бино ба гуфтаи Деҳхудо гузаштагони Мавлоно Ҷалолуддин аз Вахшонзамини Тоҷикистони имрўза буда, хеле барвақт муқими доимии Балх шудаанд.

Падари Ҷaлсëуддин Баҳоуддин Валад дар атрофу акнофи диёр, байни хоссу ом, бо лақаби «Султону-л-уламо» маьруфият дошта, дар Балх мударрисиву воизӣ мекард ва мавриди эҳтироми Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ қарор дошт. Замони тифлии Ҷaлолуддин падараш аз султони давр Муҳаммад Хоразмшоҳ ранҷише дида. Хуросонро тарк мегўяд ва чанде дар Вахшу Самарқанд бо оилааш зиндагӣ карда, аз он ҷо озими ҳаҷ мешавад. Гўянд, ки вақте дар ҳамин сафар ба шаҳри Нишопур расиданд, Шайх Фаридуддин Аттори Нишоиурии ҳам ба ақлу заковати фитрӣ ва ҳам ба синну сол солор, ба зиёрати Баҳоуддин Валад омад, зеро ба дидори ҳамдигар расидани машойиху орифон ва зиёрати ҳамдигар дар байни эшон он замонҳо фарзу суннат дониста мешуд ва ба ў маснавии «Асрорнома»-и худро ҳадя намуд. Ҷалолуддини хурдсол дар ин мулоқот иаҳлўи падар ҳузур дошт ва чун Шайх Аттор ўро дид, ба Баҳоуддин Валад ишора намуда гуфт: «Зуд бош, ки ин иисари ту оташ дар сўхтагони олам занад». Шарқшиноси олмонӣ Этте дар асари пургунҷойиши худ «Таърихи адабиёти форсӣ» дойир ба ин мулоқот чунин нигошгааст: «Ба соли 609 ҳ, (1212 м.), ки Фаридуддини Аттор аввалин ва охирин бор ҳарифи ояндаи худ. ки мерафт дар шўҳрати шоирӣ бузургтарин ҳамдўши ў гардад, яъне Ҷалолуддинро, ки он вақт писарс панҷсола буд, дар Нишопур зиёрат кард ва гузашта аз ин, ки маснавии «Асрорнома»-ро барои ҳидояти ў ба мақоми ирфонӣ ба ў ҳадя намуд, бо як рўҳи азамати ҷаҳонгир ояндаи ўро пешгӯйӣ кард».

Баҳоуддин Валад ва аҳли хонадонаш баъди сафари ҳаҷ ва зиёрати Каъба муддатс дар Озарбойҷон, чанде дар Шом ва шаҳрҳои Осиёи Сағир иқомат  ихтиёр намуда, бо даъвати Султон Алоуддин Кайқубоди Салҷуқӣ ба пойтахти давлати ў шаҳри Қуния меравад. Дар ин миён Ҷaлолуддин Муҳаммад дар Лоранда ба духтари Шарафуддини Лоло хонадор шуда, бо кўмаки ҳамаҷонибаи падар оилаи мустақили худро бунёд мегузорад.

Дар Қуния  Баҳоуддин Валад чанде ба таьлиму тадрис машғул гардида, соли 628 ҳ. (1231м.) бо олами ҳастӣ падруд мегўяд ва писар  бар маснади тадрису минбари иззи падар менишинад. Ин ҷо ба маврид аст ёдрас шавeм, ки Ҷалолуддин Муҳаммад аз оғози ошноӣ бо ҳарф то даргузашти падар дар зери назорати ў буд ва Баҳоуддин Валад дар тамоми муддати сафарҳояш то муқимӣ шудан дар Қуния, барои таьлиму тарбияи писараш, ки соҳиби зсҳни чобуку гиро ва хотираи доро буд, молу манолро дареғ намедошт. Ҳатто барои Ҷалолуддин дар таълиму тадрис раҳораҳи сафарҳо устодону мударрисони кироя дар хидмат будаанд. Иҳотаи вай бар маорифи асри худ, аз қабили фиқҳ, ҳадис, тафсир, улуми арабия ва адабия, фалсафа ва усули ирфону тасаввуф, таърих, ҳамчунин иттилооти доманадоре бар шеьру адаби форсии тоҷикӣ ва арабй шоҳиди андешаи болои ўянд. Ҳамин аст, ки Ҷaлолуддин Муҳаммад баъди сари падар бар маснади иршоду тадрис нишаста, дар тарбияи тoлибони улуми шариат ҳиммат мегуморад ва дар ин ҷода мақому манзалаги арзишмандеро касб менамояд. ¡ бо он ҳама донишу биниш лаҳзае аз омўзишу андўзиш барканор намеистад ва бо раҳнамоии устодаш — шайхи маъруф Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ соли бЗО ҳ. (1232м.) ба Шому Ҳалаб барои такмили маълумоту камолот мсравад. Шоир шояд ҳамин раҳнамоии устодашро дар назар дорад, ки дар дафтари дувуми «Маснавӣ» мсгўяд:

Пухта гарду аз таҳаййур дур шав,

Рав, чу Бурҳони Муҳаққиқ нур шав.

Ин сафари Мавлоно ҳафт сол тўл кашида будааст.

Зиндагии Ҷалолуддин Муҳаммад пас аз ошноӣ бо Шамсуддин Мухаммад Алӣ бинни Маликзод, маьруфу машҳур ба Шамси Табрезӣ, ки дарвешмашраби шўридае аз шўридагони олам буд, сурати дигаре мегирад. Шамси Табрезӣ соли 642 ҳ. (1243м.) ба Қуния ворид гардида, баъди шонздаҳ моҳи ҳамнишинӣ бо Мавлоно ба қаҳру ғазаби ҷонибдорон ва эътиқодмандони фарзанди барўманди Баҳоуддин Валад тоб оварда натавониста, ба Димишқ паноҳ мебарад.

Таъсири Шамси Табрезӣ бар Мавлоно чунон буд, ки ўро дар як муддати кўтоҳ аз фақеҳе ботамкин ошиқе шўрида сохт. Ин пири мармузу пўшида дили Ҷалолуддин Муҳаммадро бар дарсу баҳсу улуми расмӣ сард мегардонид ва ўро аз маснади тадрис ва минбари вазъ пойин кашида, дар ҳалқаи рақсу самоь мепечонид. Худи суханвар ба ин маънӣ чунин гуфтааст:

Дар даст ҳамеша Мусҳафам буд,

Дар ишқ гирифтаам чағона.

Андар даҳане, ки буд тасбеҳ,

Шеър асту дубайтиву тарона.

Ҷалолуддин Муҳаммад бо ҷудоӣ аз Шамси Табрезӣ бар дарди ҳиҷрон месўхт, вале бо ин ҳама оташи ишқу умедро дар дили худ фурўзон медошт. Аз ин рў ў сар ба шайдойӣ баровард ва бештар ғазалҳои пуршўру сўзноки «Девони Шамс»-ро муҳаққиқин аз дастоварду бозёфтҳои ҳамон рўзҳову лаҳазоти шайдойӣ медонанд. Муддате нагузашта Шамси Табрезӣ ба воситаи номае Мавлоноро хабар мерасонад, ки ў дар Димишқ иқомат дорад. Мавлоно барои ба Қуния баргардонидани Шамс писараш Султон Валадро бо чанд нафар муриду иродатмандони содиқаш ба Димишқ мефиристад ва бар муроди дил мерасад. Вале баробари ба Қуния расидан Шамси Табрезӣ дубора ба чаҳлу таассуби мардуми авом рў ба рў мегардад. Бадгўйиву захми забон чандон мешавад, ки Шамси Табрезӣ ин бор бехабар Қунияро тарк мегўяд ва нопадид мешавад, дигар аз ў хабаре намсмонад. Андўҳ ва беқарории Мавлоно аз фироқи Шамс ин бор шадидтар буд. Ин ҳолатро Султон Валад чунин баён кардааст:

Бонгу афғони ў ба арш расид,

Нолаашро бузургу хурд шунид.

Роҷеъ ба ҳамнишиниву ҳамдамии Мавлоно бо Шамс ва таъсири Шамс ба ў Абдурафеьи Ҳақиқат дар китоби «Торихи ирфон ва орифони эронӣ» чунин хулосае дорад, ки барҳак ба рўзгору осори Мавлоно мувофиқат мекунад: «Мунтаҳо дар сафари аввал Шамс ғами дурии Мавлоноро ба сукуту узлат фаро мехонад, чунонки самоьу рақсу шсъру ғазалро тарк гуфт ва рўй аз ҳамагон дарҳам кашид. Лекин дар сафари дувум дуруст маъкуси он ҳолро дошт. Он бор чун кўҳ ба ҳангоми нузули шаб сарду танҳо ва сангину дижаму хамўш буд ва ин бор чун селоби баҳорӣ хурўшону дамон ва пурғиреву фарёд гардид. Мавлоно, ки хаёл мекард, Шамси Табрсзӣ ин бор низ ба ҷониби Димишқ рафтааст, ду бор дар талаби ў ба Шом рафт, лекин ҳар чӣ бештар ҷуст, нишони ў камтар ёфт ва ба ҳар ҷо, ки мерафт ва ҳар касро, ки медид, суроғи Шамс мегирифт. Ғазалиёти ин давраи зиндагии Мавлоно аз тўфони дарду шайдоии ў ҳикоят мекунад».

Пас аз ғайби ногаҳонӣ ва ҳамешагии Шамси Табрезӣ шўрмояи ҷони Мавлонои Рум дидору ҳамнишинии марде заргару содадил Салоҳуддин Заркўби Қуниявӣ будааст. Ҷaлолуддин Муҳаммад ўро ҳамчун гулобе дарёфта, бўйи гул (бўйи Шамси Табрезӣ — А.М.) аз ў меҷуст.

Салоҳуддини Заркўб дар тўли беш аз даҳ сол Мавлоноро шефтаи худ месозад. Дар «Девони Шамс» беш аз 70 ғазал аз сурудаҳои шўрангези шоир ба номи вай зеварбандиву ҳусни мақтаъ ёфтаанд. Ин марди наҷиб ва ҳамнишини ҳабиб ғайричашмдошти Мавлоно дунёи фониро тарк мегўяд. «Вале рўҳи ноороми Мавлоно ҳамчунон дар ҷустуҷўи мизроби тоза бо оҳанги шўрангезтару сўзандатаре буд ва он бо ҷозибаи Ҳусомуддини Чалабӣ ба ҳосил омад» — менависад Деҳхудо. Ҳусомуддин ибни Ахии Туркӣ аз аҳли футўҳу тақво буд ва пас аз марги Салоҳуддини Заркўб сурудмояи ҷону тавони Мавлонои Рум ва ангезаи пайдоиши асари азиму баландовозаи «Маснавӣ» гардид, ки ин асар баъди эҷод чӣ дар адабиёти форсу тоҷик ва чӣ дар адабиёти ҷахонӣ ягонаву асл ва бемонанд шинохта шудааст. Мусаннифи «Маснавӣ» зиёда аз 15 сол бо Ҳусомуддин ҳамнишасту ҳамдам ва ҳамсўҳбат будааст ва ҳамин асарро, ки аз бузургтарин осори завқу андсшаи башарист, аз ҳосили лаҳзаҳои мондании ин ҳамсӯҳбативу ҳамнишиниҳо донистаанд. Худи Мавлоно дар ҳар дафтари асараш шукргузории он мекунад, ки бо ташвиқу дастгириии ин марди доно ва баҳуш «Маснавӣ»-ро бад-ин пояи баланд хонданибобу писандида офаридааст:

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин тувӣ,

Ки гузашт аз маҳ ба нурат «Маснавӣ».

«Маснавӣ»-ро чун ту мабдаъ будаӣ,

Гар фузун гардад, туяш афзудаӣ.

Бақияи умри Мавлонои Рум дар паҳлўи ёрон, ба хусус Ҳусомуддин. бо сурудани «Маснавӣ» сипарӣ мешавад ва нотамом мондани қисмати охири дафтари шашуми ин асар низ шаҳодат бар ин аст.

Тибқи маълумоти мавҷуд Ҷaлолуддин Муҳаммад ду дафъа издивоҷ намуда будааст. Аввал, таврe ки ишорааш рафт, дар Лоранда духтари Шарафуддин Лолои Самарқандӣ Гавҳархотунро ба ҳамсарӣ медарорад ва аз вай ду фарзанд — Баҳоуддин Муҳаммад, ки минбаъд бо номи Султон Валад шўҳрат пайдо мекунад ва Алоуддин Муҳаммад ба дунё меоянд. Гўё Алоуддин Муҳаммад аз душманони шадиди Шамси Табрезӣ буда, иддае ишораи он доранд, ки маҳз ў Шамсро аз байн бардоштааст.

Ҳамсари дувуми Мавлоно  Сарохотун аз аҳли Қуния будааст. Мавлоно аз ин ҳамсараш ду фарзанд: писаре ба номи Музаффаруддин ва духтаре ба номи Маликахотун доштааст.

Аз байни чаҳор фарзанди Ҷaлолуддини Румӣ касе, ки шўҳрати баланд касб кардаву роҳу равиши ўро пайравиву идома додааст, Султон Валад мебошад, ки дар солҳои ҷавонии Мавлоно ба дунё омада. бо падар робитаи маънавӣ дошт.    Доктор    Муҳаммади    Истеъломӣ менависад, ки «Мавлоно ӯро ба номи иадари худ — Баҳоуддин Муҳаммад номида буд. Бахоуддин пас аз даргузашти Мавлоно ба Султон Валад машҳур шуда ва зоҳиран ин унвонро муридон ба расми ҳурмат барои ў ба кор бурдаанд».

Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ бо ба дунё омадану чанде бо ҳастии худ дар рўйи замин шўру исёни бесобиқа ва нотакроре бар зиндагӣ андохтан, билохира рўзи якшанбеи ианҷуми ҷимодиюссонии соли 672 ҳ., мутобиқ ба 29 декaбри соли 1273 м. бо зиндагӣ барои ҳамешагӣ иадруд гуфт. Рўзи маргаш хурду калони шаҳри Қуния, ҳатто масeҳиёну юнониён бо нолаву зориву шеван ўро ба диёри хомўшон гуселонида будаанд. Ҷисми поки Мавлоно дар мақбараи хонаводагӣ, дар канори падар, ба хок суnoрида мешавад. Баъдтар бар сари турбати ў боргоҳе сохтаанд, ки бо номи «Қуббаи хазро» шўҳрат дорад. Иддае навиштаанд, ки Мавлоно Ҷaлолуддин рўзҳои охири умр ин рубоиро гуфта ва зери лаб замзама мекардааст:

Ҳар дида, ки бар ҷамоли ҷонон нигарад,

Шак нест, ки дар қудрати Яздон нигарад.

Безорам аз он дида, ки дар вақти аҷал,

Аз ёр фурў мондаву дар ҷон нигарад.

Аз эъмори боргоҳи «Қуббаи хазро» то ба имрўз дар канори оромгоҳи Мавлоно «Маснавӣ»-хонону «Қуръон»-хонон ҷамъ меоянд. Муридону дўстдоронаш бештар ба хотири ҷилваҳои инсонӣ, ирфонӣ, шоирӣ, фалсафӣ ва шахсияти ў ба зиёрати оромгоҳаш мешитобанд, аз хоки иокаш ҳиммату мадад меҷўянд. Нолаи фораму ҳамешaгии най боргоҳи «Қуббаи хазро»-ро шўру исёни ноаёнe бахшидааст, ки бо роҳи гўшҳо бар дилҳо асар намуда, Ҳаршунавандаи бинодилро муддате ба олами бекарони Мавлоно мепайвандад.

Мавлоно Ҷaлолуддин Румӣ яке аз пуркортарин адибони форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар ташаккули фарҳанги мо — форсизабонон саҳми бузурге дорад. Нигоштаҳои килки сеҳрангези адиби мутафаккир дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ». «Маҷолиси саъба», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Мактубот»-и ў фароҳам омадаанд. Пойгоҳи ин суханвар дар олами шсъру шоирӣ ончунон баланд ает, ки гурўҳе вайро бузургтарин шоири ҷаҳон, ҷамъе бузургтарин шоири адабиёти форсу тоҷик ва ғайра ба қалам додаанд.

 

Оби раҳмат боядат, рав паст шав
В-онгаҳон хур хамри раҳмат, маст шав.
Раҳмат андар раҳмат омад то ба сар,
Бар яке раҳмат фурў мо-й, эй писар!
Чархро дар зери по ор, эй шуҷоъ!
Бишнав аз фавқи фалак бонги самоъ.
Пунбаи васвос берун кун зи гўш,
То ба гўшат ояд аз гардун хурўш.
Пок кун ду чашмро аз мўю айб,
То бибинӣ боғу сарвистони ғайб.
Дафъ кун аз мағзу аз бинӣ зуком,
То ки риҳуллаҳ дарояд дар машом.
Ҳеч магзор аз табу сафро асар,
То биёбӣ аз ҷаҳон таъми шакар.
Доруи мардӣ куну иннин мапўй,
То бурун оянд сад гун хубрўй.
Кундаи танро зи пойи ҷон бикан,
То кунад ҷавлон ба гирди анҷуман.
Ғулли бухл аз дасту гардан дур кун,
Бахти нав дарёб дар чархи куҳун…
Дар замон шох аз самар собиқтар аст,
Дар ҳунар аз шох ў фоиқтар аст.
Чунки мақсуд аз шаҷар омад самар,
Пас самар аввал бувад в-охир шаҷар…

Ҳар чӣ дар пастист, омад аз уло,
Чашмро сўйи баландӣ нсҳ, ҳило!
Рўшанӣ бахшад назар андар улӣ,
Гарчи аввал хирагӣ орад, бале.
Чашмро дар рушноӣ хўй кун,
Гар на хуффошӣ, назар он сўй кун.
Оқибатбинӣ нишони нури туст,
Шаҳвати холӣ, ҳақиқат гўри туст.
Оқибатбине, ки сад бозӣ бидид,
Мисли он набвад, ки як бозӣ шунид.
3-он яке бозӣ чунон мағрур шуд,
К-аз такаббур з-устодон дур шуд.
Сомиривор он ҳунар дар худ чу дид,
Ў зи Мўсо аз такаббур сар кашид.
Ў зи Мўсо он ҳунар омўхта
В-аз муаллим чашмро бардўхта.
Лоҷарам Мўсо дигар бозӣ намуд,
То ки он бозиву ҷонашро рабуд.
Эй басо дониш, ки андар сар давад,
То шавад сарвар, бад-он худ сар равад.
Сар нахоҳӣ, ки равад, ту пой бош,
Дар паноҳи қутби соҳиброй бош.
Гарчи шоҳӣ, хеш фавқи ў мабин,
Гарчи шаҳдӣ, ҷуз наботи ў мачин.